Робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия соли 1972 бо бародаршаҳр эълон шудани Душанбе ва Клагенфурт оғоз шуда, соли 1989 дар он ҷо чойхонаи миллии тоҷикӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Австрия густариш ёфта, мазмуну мундариҷаи навро касб кард. Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Австрияро, ки 22 — 24 май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, метавон идомаи мантиқии ин анъанаи дӯстии қариб 50 — солаи ду кишвар номид.
Он дар толори Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон бо баромади сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Герхард Сайллер оғоз гардид.
Сипас, муовини раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Мушаррафа Шарипова аз таърихи муносибатҳои тарафайн ва ҳамкорӣ сухан гуфт. Рӯзи дувум дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ намоиши мусаввараҳои рассоми машҳури австриягӣ Густав Климт барпо гардида, дӯстдорони зиёди санъати тасвириро ҷамъ овард.
24 май дар толори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон чорабинии хотимавӣ — консерти мусиқии классикӣ барпо гардид, ки дар он тарбиятгирандагони Мактаб — интернати махсуси мусиқии ба номи Миратулло Атоеви шаҳри Душанбе ва Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи А. Бобоқулов асарҳои Мотсарт, Брамс, Шуберт, Глюк ва ғайраро иҷро намуданд.
М. АБДУЛЛОЕВ,
Суратгир З. Дахте