Имрӯзҳо яке аз сербаҳстарин мавзӯи шабакаҳои иҷтимоӣ, телевизиону радио ва рӯзномаҳои ҷумҳурӣ баландшавии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, алалхусус гӯшт аст. Аксар сокинон дар қиматшавии гӯшт қассобу гӯштфурӯшонро айбдор карда, онҳоро ба риояи инсофу имон даъват менамоянд. Қассобҳо аз он шикоят мекунанд, ки чорворо қимат мехаранду илова ба зиёдшавии иҷорапулии бозор нозироти андоз аз онҳо насби «Мошинаи назоратӣ – хазинавӣ»- ро талаб дорад. Савдогарони чорво қимат будани кунҷораро баҳона карда, нархи чорвои харидаашонро баланд бардоштаанд.
ФУРСАТТАЛАБИИ САВДОГАРОН
Агар рӯзномаҳои чанд соли охирро варақ занем, хоҳем дид, ки дар арафаи моҳи Рамазону идҳои саиди Фитру Қурбон силсилаи мақолаҳо доир ба баландшавии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чоп шудааст. Бисёриҳо хотираю мушоҳидаашонро аз кишварҳои мусулмонӣ бобати дар моҳи Рамазон ва арафаи идҳо арзон намудани маҳсулоти озуқа навишта, фурӯшандаҳоро ба ибрат гирифтан даъват кардаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоташон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз як ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (с) чунин иқтибос оварданд: «Ҳар кӣ дар коре аз нархгузории рӯзгори мусулмонон, яъне боло бурдани нархи молҳо бар онҳо дахолат кунад, пас дониста бошад, ки Худованд ӯро рӯзи қиёмат дар оташи сӯзон қарор медиҳад». Касоне, ки имони мустаҳкам доранд, аз ин ҳушдор панд гирифта, ҳеҷ гоҳ майли қиматфурӯшӣ намекунанд.
Агар ба таърих назар андозем, дар гузашта низ фурсатталабию манфиатхоҳии савдогарон ҷой доштааст. Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар «Ҷомеъ- ул — ҳикоёт» нақл кардааст, ки ҷамоате аз қассобони шаҳри Самарқанд ба подшоҳи давр — Тамғоҷхон чунин арз намуданд: «Мо гӯсфанд харида, забҳ мекунем ва мефурӯшем, вале моро даромади зиёд ба даст намеояд. Агар подшоҳ иҷозат фармоянд, ки мо нархи гӯштро гаронтар кунем, ҳазор динор ба хазина (буҷет) пардохт хоҳем кард». Подшоҳ фармуд, ки «зарро ба хазина пардохт намуда, ба он нархе, ки мехоҳед, гӯштро фурӯшед». Вақте қассобон зарро ба хазина супурданд, нархи гӯштро баланд карданд. Он гоҳ подшоҳ фармон баровард, ки «Ҳар касе аз қассобон гӯшт харад, муҷозот карда мешавад». Баъди нашри фармони шоҳ ҳеҷ кас аз қассобхона гӯшт нахарид. Мардум дар маҳаллаҳо дастаҷамъона чорво харида, гӯшти онро бо нархи арзон байни худ тақсим мекарданд. Вақте қассобон бо нархи баланд гӯшт фурӯхта натавонистанд, назди подшоҳ намоянда фиристода, хоҳиш карданд, ки бо пардохти маблағи муайян ба хазина ба онҳо иҷозат дода шавад, то гӯштро бо нархи қаблӣ фурӯшанд. Тамғоҷхон чун майл ба арзонфурӯшӣ кардани қассобонро дид, гуфт: «Хуб намешуд, агар мо манфиати раият (халқ)-ро ба ҳазор динор мефурӯхтем».
Усули зикршуда шояд дар деҳоти кишвар манфиат диҳад. Зеро чорворо соҳибаш забҳ мекунаду маблағи интиқол, ҳаққи бозори чорвофурӯшӣ, даромади ҳаннот (савдогар), иҷорапулии бозори гӯштфурӯшӣ, даромади қассоб сарфа мешавад. Дар ин сурат нархи ҳар кило гӯшти хушсифат аз 40 сомонӣ арзонтар меафтад.
ФАРҲАНГИ ҒИЗОХӮРИРО ТАҒЙИР ДИҲЕМ
Дар «Тазкиратул авлиё»- и Фаридуддини Аттор омадааст, ки боре муридонаш Боязиди Бастомиро гуфтанд:
- Нархи гӯшт дар бозор гарон шудааст.
- Мо арзон мекунем, — гуфтааст Боязид.
- Чӣ хел? — пурсидаанд муридон.
- Намехарем ва намехӯрем, — ҷавоб додааст Боязид.
Ҷавоби шайх принсипи нархгузории бозорро ба ёд меорад: «Бардорад, зам кун, набардорад, кам кун». Албатта, ба ҳар маҳсулот, ки талабот зиёд шуд, нархи он боло меравад. Дар ин сурат роҳҳои алтернативӣ бояд ҷуст.
Чанд сол пеш бо як табиби эронӣ, ки дар Бемористони «Ибни Сино»- и пойтахт беморонро ҷарроҳӣ мекард, мусоҳиб шудам. Ӯ яке аз омилҳои ба вуҷуд омадани санги гурдаро дар истеъмоли зиёди гӯшти сурх, алалхусус гӯшти гов маънидод кард. Истеъмоли гӯшт барои солимии ҷисм зарур, вале дар он меъёрро риоя намудан лозим аст. Яке аз дарозумртарин мардуми ҷаҳон — сокинони водии Хунзаи Покистон гӯштро танҳо дар арафаи иди Қурбон ва маъракаҳо истеъмол менамоянд. Ғизои асосии сокинони ин водӣ мош, наск, нахӯд, лӯбиё, мушунг, марҷумак, орди сабӯсдор, тухм, зардолу ва дигар меваҳо мебошад. Хунзагиҳо ягона мардумеанд, ки дар миёни онҳо гирифторони бемории саратон, қариб ки вуҷуд надорад. Аксарияти онҳо аз 80 – 90 сол зиёд умр мебинанд.
Ё ин ки дар Ҳиндустон қариб 700 миллион пайрави дини ҳиндуия тибқи эътиқоди динӣ умрбод гӯшти гов намехӯранд. Ин кишвар аз ҷиҳати истеҳсоли шир дар ҷаҳон ҷои аввалро мегирад. Забҳи гов танҳо дар минтақаҳои мусулмоннишин ва буддоинишину насрониён маъмул аст. Аксар сокинони Ҳиндустони аҳолиаш аз як миллиард нафар зиёдро вегетарианҳо, яъне истеъмолкунандагони ғизои набототӣ ташкил медиҳад.
Тавре мебинем, бо вуҷуди гӯшт нахӯрдани аксар сокинонаш Ҳиндустон бо ғаллаи худӣ ва лӯбиёгиҳо таъмин буда, дар соҳаи тандурустӣ ба дастовардҳои бузург ноил шудааст. Ҳар сол миллионҳо нафар аз хориҷа, минҷумла аз Тоҷикистон, барои муолиҷа ба Ҳиндустон мераванд. Номгӯи хӯрокҳои бегӯшти Ҳиндустон хеле бою рангин буда, машҳури ҷаҳон гаштааст. Пас, чаро мо низ фарҳанги ғизохӯриро тағйир надиҳем? Агар гӯшт набошад тухм, лӯбиёгиҳо ва сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза дар кишвар фаровон аст. Бо пули як кило гӯшт як қуттӣ тухм, як килоӣ лӯбиё, наск ва нахӯд гирифта, ба ҷои як бор 7-10 маротиба хӯрок пухтан мумкин аст. Бо айби дуруст хӯрок тайёр ё шояд муаррифӣ карда натавонистан кӯдакон «Ролтон»- и хушку зарарнокро мехӯранду шӯрбои нахӯду лӯбиё ва наскдорро не. Кадбонуҳо бошанд, лаблабуву шалғаму карамро, қариб ки истифода намебаранд.
Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки тавассути радиою телевизион мутахассисон дар бораи манфиати нони сабӯсдор, лӯбиёгиҳо, тухм, лаблабу, шалғам, карам маълумот дода, тарзи пухтани ғизоҳои бегӯштро ба аҳолӣ тарғиб кунанд. Дар кишварҳои Аврупою Амрико, ки фарбеҳшавии аҳолӣ авҷ гирифтааст, аксари сокинон рӯ ба ғизои вегетерианӣ (набототӣ) овардаанд. Мо бошем, ба хотири дар назди меҳмон аз хӯроки бегӯшт дар ҳиҷолат намондан ба ҳар қимате, ки бошад, гӯшт харида, сипас, нисбат ба қассобон носазо мегӯем.
САРИ ЗУЛФИ ТУ НАБОШАД, САРИ ЗУЛФИ ДИГАРЕ
Агар бисёр бе гӯшт хӯрок пухта натавонем, шарт нест, ки ба 45 — 50 сомонӣ як кило гӯшти устухону равғандор бихарем. Ба пули як кило гӯшт қариб се кило гӯшти мурғ харидан мумкин аст. Ба гуфти табибон, гӯшти мурғ нисбат ба гӯшти гову гӯсфанд осонҳазму муфидтар мебошад. Аз ин рӯ, табибон ба бисёр беморон шӯрбои бо гӯшти мурғ пухташударо тавсия медиҳанд. Барои беморони диабети қанд бошад, гӯшти заргӯш беҳтар аст.
Инчунин, дар мамлакат мурғпарварӣ, заргӯшпарварӣ, парвариши мурғобию ғоз ва мурғи марҷонро вусъат бояд дод. Ба гуфти сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев, саршумори бузу гӯсфанд сол то сол дар мамлакат афзуда, мушкилоти бо ғизо таъмин намудани чорворо ба миён овардааст. Аз рӯи маълумоти оморӣ, то оғози соли равон теъдоди чорвои калон дар ҷумҳурӣ 2 миллиону 338 549 сар ва чорвои хурд 5 миллиону 661 ҳазор сарро ташкил медод. Чарогоҳҳои мамлакат бошанд, 3,8 миллион гектарро ташкил медиҳанд, ки он мувофиқи нишондоди илмӣ барои нигоҳ доштани миқдори зикршуда басанда нест.
- Тадқиқоти олимон нишон дод, ки сол то сол дар чарогоҳҳои мамлакат зиёдшавии миқдори алафҳои бадбӯю заҳрнок афзуда, паст гаштани маҳсулнокии чарогоҳҳо ба назар мерасад. Аз ин рӯ, дар мамлакат зарурати таҳияи дурнамои ба танзим дароварандаи саршумори чорвои хурд, ба роҳ мондани чарогоҳгардонкунӣ, афзун намудани майдонҳои кишти зироатҳои хӯроки чорво ба манфиати ҳифзи табиат ва чарогоҳҳо пеш омадааст, — мегӯяд Қурбоналӣ Партоев. Ӯ пешниҳод дорад, ки бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи истеъмолии аҳолӣ бояд дар мамлакат истеҳсоли гӯшти парандаю моҳӣ ва тухм афзун карда шавад, то ки ҷойи гӯшти гов ва бузу гӯсфандро иваз карда тавонад. Бо ин роҳ, инчунин хатари аз байн рафтани алафзорҳо, гиёҳҳои шифобахш, гуногунии биологии экосистемаҳо пешгирӣ мешавад.
Ин нуктаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон низ таъкид карда, ба мақомоти масъул супориш доданд, ки ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо ва истифодаи самараноки онҳо кишти навъҳои серғизои хӯроки чорво, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замини фонди давлатии ҷангал, сари вақт ҷамъоварӣ кардани алафи табиӣ ва захира намудани хӯроки дурушти чорво барои на кам аз ду сол ҳамкориро бо хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолӣ ба роҳ монанд.
Бо дарназардошти омилҳои зикршуда умед, аст, ки нархи гӯшт дар бозорҳои мамлакат ба эътидол даромада, сокинон бо сарчашмаи бойи сафедаю витаминҳо таъмин мешаванд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»