Ходими давлатӣ Сафар Сафаров хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, инчунин, Донишкадаи политехникӣ ва Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд буд. Зимни дар вазифаҳои роҳбарии шаҳру ноҳияи Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), Темурмалик, раиси Кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Украина, муовини якуми Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон кор кардан ба халқу Ватан содиқонаву пурсамар хизмат кард.
Ҳамкорони собиқ ӯро чун олим, роҳбари донову ташаббускор ва дорои масъулияти баланд, рафиқи меҳрубону ғамхор, нисбат ба худу ҳамкорон серталаб, баҳогузорӣ менамоянд. Ба ёд меоранд, ки барои Сафар Сафаров зуҳуроти маҳалгароӣ ва хешутаборӣ бегона буд. Ин хислатро тибқи вазифаи хидматӣ, ҳангоми таълиму тарбия ва интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, поквиҷдонона ва пайваста мадди назар дошт. Ҳамин аст, ки дар мамлакат ва хориҷи он шогирдонаш дар вазифаву мансабҳои гуногуну пурмасъулияти давлативу ҷамъиятӣ хизмати халқу давлатро ба ҷо меоранд.
Солҳои барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар мамлакат Сафар Сафаров яке аз ҳамсафони содиқи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандонаи дохиливу хориҷии Ҷаноби Олӣ саҳми арзанда гузошт. Ӯ нисбат ба Пешвои миллат чунин ақида дошт: «Муборизаю ҷонфидоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири наҷоти миллату давлат ба гунае буд, ки метавон гуфт, ки ӯ аз худ гузашт, то мо ба ҳам омадем».
Сафар Сафаров ҳамчун муҳандис, иқтисодчӣ, олим ва сиёсатмадор солҳои 1991-2000 дар раванди ташаккули институтҳои сохтори давлатӣ, аз ҷумла, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошт. Хирадмандиву дипломатияи сатҳи баланди ӯ солҳои 2001-2007, ки вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россияро ба зимма дошт, бармало мушоҳида гардид.
Моҳи декабри соли 2009 Сафар Сафаров муовини якуми Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон интихоб гардида, то декабри соли 2014 дар ин вазифа кор кард. Ин марҳилаи фаъолияти ӯро ҳамчун давраи амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати эҳёи сохтори ташкилӣ, таблиғотӣ ва молиявии ҳизб дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳо, инчунин баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар арсаи байналмилалӣ номидан мумкин аст. Ҳамчунин, қишри муайяни кормандони касбии ҳизб, ки мактаби ибратомӯзи вайро гузаштанд, барои хизмат ба миллат омода гардиданд.
Эҳсоси баланди масъулиятшиносиву дониш ва малакаи кории С. Сафаров ба он мусоидат карданд, ки ташкилотҳои ҳизбӣ бо ташаббусҳои созанда аксияҳои ҳизбӣ, рӯзҳои ҳизб ва чорабиниҳои дигари фарҳангиву сиёсӣ баргузор намуда, дар маъракаҳои муҳими сиёсии кишвар мавқеи устувор нисбат ба дастгирӣ ва ҳимояи сиёсати Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир намоянд. Мавқеи устувори ҳизбро дар ҷомеа Сафар Ғайюрович ба шарофату бузургии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт медод ва дар китобашон «Ҳизби зодаи Истиқлолият» дар ин бора навиштааст: «Маҳбубияте, ки Сарвари ҳизби мо дар миёни омма доранд, ҳамчунин эътимоду боварии халқ ба сиёсати хирадмандонаи ӯ сарвати бузурге мебошад, ки ба воситаи он ғоя ва ҳадафҳои ҳизбро муваффақона амалӣ мегардонем».
Ӯ мегуфт: «Халқ неруи бузург аст. Мисли дарё, ки чизи нодаркорро ба соҳил мепартояд, сараро аз носара ҷудо мекунад. Шахсоне ҳастанд, ки андаке дар кӯчаи сиёсатмадорӣ гом бардошта ё вазифаеро соҳиб гашта, худро нисбат ба дигарон дар зинаҳои боло эҳсос мекунанд. Одам чӣ қадар дар мансабу вазифа боло равад, ҳамон дараҷа бояд одию хоксор бошад».
Қаҳрамони мо хушбину зебоипараст буд ва дар дил орзуи оромиву осудагии халқро мепарварид. Дар ин бора зимни суҳбат бо ҳафтаномаи «Миллат» моҳи июли соли 2010 чунин ибрози ақида карда буд: Мехоҳам мардум боназокат бошанд. Расму анъанаҳои хубамонро муаррифӣ карда тавонем. Ахлоқу одоби ҳамида дошта бошем. Рӯзгору зиндагии мардумро ободу осуда дидан мехоҳам».
Ҳамин тариқ, хислатҳои неку одамгарӣ, хоксорӣ, дараҷаи баланди кордонӣ ва лаёқати роҳбарӣ дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ, инчунин масъулияти баланд дар таълиму тарбияи кадрҳо номгӯйи нотамоми сифатҳои С. Сафаров мебошанд, ки ӯро дар дилу хотири наздикон, дӯстону ҳамкорон абадӣ ҷой додаанд. Ҷойи ӯ дар пойгоҳи шахсиятҳои содиқу вафодори Ватан холиву ёдаш дар дилҳост.
Аҳмадҷон АЛИЗОДА,
мушовири ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон