Дар рӯзномаи «Садои мардум», №41 (399) аз 13 апрели соли 2019 мақолаи рӯзноманигор Сайфиддин Суннатӣ бо номи «Чаро парвариши бузургтарин манбаи истеҳсоли сафеда ба роҳ монда намешавад?» ба табъ расидааст, ки он миёни олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамовозии васеъ пайдо намуд.
Мо пешниҳоди мазкурро, ки аз нигоҳи илмӣ хеле дақиқ навишта шудааст, бошавқ мутолиа намуда, ба хулоса омадем, ки он дар шароити кунунии ҷумҳурӣ қобили қабул ва дастгирӣ мебошад. Агар ба саҳифаҳои таърих назар андозем, мебинем, ки санъати компосткунӣ таърихи бою ғанӣ дошта, 4500 сол пеш дар Байнаннаҳрайн, байни дарёҳои Фурот ва Даҷла (Ироқи ҳозира), ба вуҷуд омада, онро тамаддунҳо, аз ҷумла, римиҳо, юнониҳо, мисриён ва тоҷикон дар парвариши зироатҳои кишоварзӣ истифода мебурданд. Муаллиф дар асоси маълумоти гирдоварда ва таҳлили онҳо, хеле хуб дарк намудааст, ки дар замони муосир дар соҳаи кишоварзии мамлакат баҳри гузариш ба системаи зироаткории биологӣ ё органикӣ (узвӣ) истифодаи технологияи пешрафтаи каммасрафу сердаромад, тозанигоҳдорандаи муҳити зист, баландбардорандаи ҳосилхезии хок, таъминсозандаи талаботи инсон ва ҳайвоноти хоҷагии деҳот бо ғизои серсафеда, маҳдудсозандаи маводи кимиёвии арзиши гарондошта (истифодабарии заҳрхимикатҳо, аз қабили гербисидҳо ва пеститсидҳо) ва кам намудани меъёри нуриҳои маъданӣ дар парвариши зироатҳои кишоварзӣ ногузир мебошад. Дар ин замина ба зиёд кардани кирми лойхӯрак бояд диққати ҷиддӣ дода шавад.
Воқеан ҳам, кирми лойхӯракро «дӯсти деҳқон ва сипори замин» меноманд, зеро тибқи маълумоти Чарлз Дарвин, ҳангоми дар як метри мураббаъ мавҷуд будани 7 дона кирми лойхӯрак, ки дар масоҳати як гектар 70 000 донаро ташкил медиҳад, дар як сол дар бадани онҳо аз 13 то 38 тонна хок коркард карда мешавад ва ин гуна хок сохтори хуби агрономиро дошта, аз донаи гандум то донаи нахӯдро ташкил медиҳад. Ҳосилхезии хоки замине, ки дар он кирми лойхӯрак бештар аст, хеле баланд, яъне аз гумус бой буда, шудгор намудан ё гузаронидани дигар амалиёти агротехникии парвариши зироатҳо дар давраҳои нашъунамо бо осонӣ муяссар мегардад, ки ба сарфаи сӯзишворӣ, хӯрдашавии камтари қисмҳои эҳтиётӣ, беҳтар гардидани хосиятҳои физикавӣ, кимиёвӣ, реҷаҳои ҳавоӣ, ҳароратӣ, обӣ, ғизоӣ, фаъолияти микробиологӣ, саросар сабзида баромадани тухмии киштшуда ва тараққиёти хуби решаи растанӣ мусоидат намуда, ҳосили баланди зироатҳои кишоварзиро таъмин сохта метавонад.
Солҳои охир, бинобар кишти якказироатӣ, истифода нашудани киштгардон ва хеле кам истифода бурдани нуриҳои узвӣ (органикӣ), аз ҷумла пору, компост ва нуриҳои сабз (берсим, шабдар, нахӯди тирамоҳӣ, рапс ва ғайраҳо) ҳосилхезии хокҳо паст гардидааст ва кирми лойхӯрак низ ба ҳадди нестӣ расидааст. Барои афзоиши кирми лойхӯрак ғизо ва намӣ лозим аст. Сарчашмаи дигари ғизои кирми лойхӯрак пору, боқимондаҳои набототу ҳайвонот ва партовҳои маишию коммуналӣ, фермаҳои чорводорӣ, фабрикаҳои парандапарварӣ маҳсуб меёбанд. Воқеан, тавре Сайфиддин Суннатӣ зикр намудааст, дар ИМА, Олмон, Япония, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ заминистифодабарандагон ба ҳосилхезии хок диққати аввалиндараҷа дода, парвариши кирми лойхӯракро дар тайёр намудани компостҳо ҳамчун манбаи ҳосилшавии нишондиҳандаи сифатии хок — гумус, нурии аз унсурҳои ғизоӣ бой ва осон дастрасшаванда дар зироатҳои парваришёбандаи кишоварзӣ васеъ истифода мебаранд. Бояд гуфт, ки дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба масъалаи мазкур диққати ҷиддӣ дода мешавад. Аз соли 2009 дар кафедраи агрохимия ва хокшиносии факултети агрономӣ аз тарафи профессор Муртазо Ҳотамов истифодаи кирми лойхӯрак дар тайёр намудани компостҳо ба роҳ монда шуд. Дар асоси тадқиқоти гузаронидаи ӯ, ду намуди вермикомпост – «Биобарг» ва «Биочин» тайёр гардид, ки дар парвариши зироатҳои пахта ва ҷуворимакка мавриди тадқиқ қарор доранд. Айни замон, дар асоси тадқиқоти мазкур ду нафар рисола барои дарёфти дараҷаи илмӣ пешниҳод намудаанд. Олимони донишгоҳ имрӯз хоҳишманди васеъ истифода бурдани нуриҳои узвӣ (органикӣ) дар парвариши зироатҳои кишоварзӣ, тайёр кардани намудҳои гуногуни компостҳо баҳри баланд бардоштани ҳосилхезии хок ва зироатҳои кишоварзӣ, ҳамчунин таъмини амнияти ғизоӣ мебошанд.
Пешниҳоди муаллифи мақола дар шароити камзаминии Тоҷикистон, ба таври интенсивӣ истифодашавии заминҳои кишоварзӣ, гарон будани нархи заҳрхимикатҳо, нуриҳои маъданӣ саривақтӣ ва амалишаванда аст. Агар бо истифода аз технологияи пешрафтаи кишварҳои мутараққӣ кирми лойхӯракро дар биофабрикаҳо ё корхонаҳои истеҳсолӣ парвариш намоем, метавонем аз онҳо ҳам компостҳои хуби дорои захираи бойи унсурҳои ғизоии осондастрас ба растаниҳо, яъне макро ва микроунсурҳоро тайёр кунем ва ҳам аз касаливу ҳашароти зараррасон ва тухмии алафҳои бегона, ки боиси пастшавии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ маҳсуб меёбанд, озод гардем. Фермаҳои чорводорӣ, фабрикаҳои парандапарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарвариро бо маҳсулоти серсафедаи иловашаванда ба хӯрокаҳои асосӣ таъмин карда, ҳосилхезии хок, ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, маҳсулнокии чорво, паранда ва моҳиро баланд бардошта, ифлосшавии манбаъҳои обию хокро аз партовҳои соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва коммуналию саноатӣ пешгирӣ кунем. Барои ин имконияти бунёд намудани фабрикаҳои парвариши кирми лойхӯрак дар назди фермаҳои чорводорӣ, фабрикаҳои парандапарварии шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо мавҷуд аст, танҳо дастгирии молиявӣ зарур аст. Ин иқдом дар сурати амалӣ шудан метавонад, дар ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди боз ҳам бештари иқтисодиёти кишвар, истеҳсоли маҳсулоти тозаи экологӣ ва солимии миллат нақши калон бозад.
А. САЛИМЗОДА,
ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, профессор