Ё чаро ягона муассисаи таълимӣ — тиббии водии Зарафшон бино надорад?
Як шиносам гуфт, ки мехоҳад дар коллеҷҳои тиббии шаҳри Душанбе ё Хуҷанд таҳсил карда, мутахассис шавад. Тавсия додам, ки дар шаҳри Панҷакент низ коллеҷи тиббӣ амал мекунад ва ӯ метавонад орзуяшро дар он ҷо амалӣ созад. Ба пешниҳодам розӣ шуд ва хоҳиш намуд, ки доир ба шарту шароит ва тарзи қабули довталабон ба он барояш маълумот дастрас намоям.
Суроғаи коллеҷро пурсон шудам. Гуфтанд, ки он дар дохили бинои Раёсати омори шаҳри Панҷакент ҷойгир аст. Андешидам, ки чӣ гуна муассисаи таълимии касбӣ метавонад дар дохили бинои дигар идора ҷойгир бошад?
Аз суҳбат бо директори он Муҳаббат Собирова маълум шуд, ки дарвоқеъ, коллеҷ дар бинои зикршуда иҷоранишин асту синфхонаҳои ба талабот ҷавобгӯ, хобгоҳ, ошхона ва толори варзишӣ надорад.
Номбурда қайд намуд, ки Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент» аз соли 1992 фаъолият дошта, дар таъмини муассисаҳои тандурустии шаҳру деҳоти водии Зарафшон бо мутахассисони миёнаи тиб саҳмгузор аст. Дар муддати 27 сол таълимгоҳ зиёда аз 4000 мутахассисро аз рӯи ихтисосҳои «Кори ҳамширагӣ», «Кори момодоягӣ», «Техники дандон», «Лаборант» тайёр намудааст.
Ҳоло дар коллеҷ зиёда аз 900 донишҷӯ бо ихтисосҳои «Кори хамширагӣ» ва «Кори момодоягӣ» ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо 74 нафар омӯзгор таълим медиҳанд, ки қисми бештарашон соҳиби таҳсилоти олӣ, собиқаи зиёди корӣ ва се нафар дорои унвони илмӣ мебошанд.
Донишҷӯёни коллеҷ борҳо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Соли 2018 муассиса ба даҳгонаи беҳтарин коллеҷҳои ҷумҳурӣ ворид гардид.
Бино ба итттилои Муҳаббат Собирова аз соли 1995 муассисаи таълимӣ дар бинои мазкур иҷора мешинад ва тибқи шартномаи сетарафа аз 5-уми майи соли 2012 таҳти №187, ки бо шуъбаи амволи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, Раёсати омори Панҷакент ва Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббӣ ба имзо расидааст, таълимгоҳ то соли 2017 дар бино ҳуқуқи иҷора нишастанро дошт. Пас аз ба анҷом расидани муҳлат маъмурияти Раёсати омори шаҳр ду синфхонаро бозпас гирифт.
Маълум гардид, ки бинои таълимии Коллеҷи тиббӣ дар заминаи боғчаи бачагонаи «Агротехснаб» ташкил шуда будааст ва шаш синфхона доштааст. Мутаассифона, бо қарори Суди иқтисодии вилояти Суғд ин бино аз мувозинаи Коллеҷи тиббӣ гирифта, ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент баргардонида шудааст.
Бинои таълимие, ки дар саҳни таваллудхона ҷойгир аст, дар мувозинаи Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент қарор дорад ва Коллеҷи тиббӣ онро дар асоси шартномаи тарафайн бо беморхона истифода мебарад. Айни замон хавфи вайрон кардани ин синфхонаҳо вуҷуд дорад.
Аз соли 2016 қабул ба Коллеҷи тиббӣ тавассути Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда мешаваду алҳол дар муассиса донишомӯзон аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Данғара, Восеъ, Ишкошим, Рашт, Лахш, Турсунзода, Файзобод, Истиқлол, Айнӣ, Деваштич, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истаравшан, Шаҳристон, Дӯстӣ, Хуросон, Ҷайҳун таҳсил мекунанд. Бо кушода шудани сарҳади байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон довталабон аз вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ муроҷиат карда истодаанд.
- Чанд маротиба ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, вилояти Суғд ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби расмӣ ирсол намудем ва аз онҳо хостори чораҷӯйӣ шудем. Мутаассифона, то ба ҳол ҷавобе нест, — гуфт директори коллеҷ.
Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ занг задем ва масъулини шуъбаи банақшагирии он зикр карданд, ки аз мушкил хабар доранд ва вобаста ба мактуби директори Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб оид ба бекор кардани ҳаққи иҷора фиристодаанд. Вобаста ба сохтмони бинои нав айни ҳол ҳеҷ нақша вуҷуд надорад. Агар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти шаҳри Панҷакент замин ҷудо кунад, вазорат омода аст дар сохтмони он саҳмгузор бошад.
Ин дар ҳолест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се сол пеш дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуда буданд, ки муассисаҳои таълимие, ки дар биноҳо иҷорашинанд, дар давоми ду — се соли оянда бо биноҳои худӣ таъмин карда шаванд.
Дар шаҳри Панҷакент бахшида ба ду ҷашни бузург — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразм ободкориҳо бомаром идома доранд. Тибқи нақша, то баргузории ҷашнҳо бунёди 405 иншооти гуногун ба назар гирифта шудааст, аммо, бо вуҷуди огоҳ будани масъулин, эъмори бино барои коллеҷ ба нақша ворид нашудааст! Чаро? Суолест, ки посухашро аз масъулин интизорем.
Ҷамшеди САБОҲИДДИН,
«Садои мардум»