Дар шаҳри Ваҳдат рӯзи қабули шаҳрвандон одатан аз субҳ то нисфирӯзӣ ва баъзан то бегоҳӣ идома меёбад. Чанде пеш шоҳиди қабули раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода шудем. Ӯ то оғоз аз масъулин иҷрои супоришҳоро оид ба муроҷиати шаҳрвандон, ки як ҳафта пеш дода буд, талаб кард. Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Ислом Ҳайдарзода муроҷиаткунандагонро аз қайд гузаронид. Дар навбати аввал шаҳрвандони дорои имконияташон маҳдуд ва пиронсолон қабул карда шуданд.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода баробари ворид шудан ба толоре, ки барои қабул омода шуда буд, аввал арзи панҷ нафар маъюбе, ки тавассути аробача омада буданд, гӯш кард. Сипас, бо пиронсолон суҳбат карда, ба масъулон супориш дод, ки бетаъхир мушкилоти онҳоро ҳал намоянд. Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр оид ба ҳаллу фасли муроҷиати шаҳрвандон ахборот пешниҳод кард.
Он рӯзи қабул арзу шикоят ва пешниҳоди 164 нафар шунида, наздик ба 40 фоизи онҳо қонеъ гардонида шуданд. Аз ҷумла, доир ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 95 нафар, кумаки молиявӣ — 50, ташкили хоҷагии деҳқонӣ — 3, кумак барои масолеҳи сохтмонӣ ва қабули иншооти сохташуда 6 нафар ва ғайра. Таъкид гардид, ки айни ҳол 13300 нафар дар шаҳр ба замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷ доранд.
Теъдоде аз шаҳрвандон доир ба масъалаи ободонӣ – боз ҳам ободу зебо гардонидани кӯчаву маҳаллаҳо ва беҳтар намудани талаботи санитарӣ – эпидемиологии бозорҳо, нуқтаҳои савдои маҳсулоти ғизоӣ ва гирду атрофи он, беҳгардонии ҳолати соҳили дарёи Кофарниҳон, ки аз маркази шаҳр убур мекунад, ибрози назар карданд. Оид ба ҳар як масъалаи баёнгашта ва ҳалли саривақтии онҳо мутасаддиён вазифадор шуданд.
Дар фарҷом Раҳмоналӣ Амирзода зикр кард, ки яке аз самтҳои асосии фаъолият эътибори ҷиддӣ додан ба муроҷиати шаҳрвандон мебошад, ки ин нуктаро Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд.
- Беэътиноӣ нисбат ба муроҷиати шаҳрвандон, вайрон намудани муҳлати иҷрои талабу дархости онҳо, риоя накардани Дастурамали муроҷиатҳои шаҳрвандон ҳоло ҳам ба мушоҳида мерасанд. Биноан, масъаларо зери назорат гирифта, барои бартарафсозии он ва камбудиҳои ҷойдошта чораҳои саривақтӣ меандешем, — гуфт Раҳмоналӣ Амирзода.
Бино ба маълумотҳои мавҷуда, дар панҷ моҳи соли равон, дар рӯзҳои қабул 1645 сокини шаҳр муроҷиат карданд, ки аз он 602 муроҷиат иҷро шуда, 83 муроҷиат таҳти назорат қарор дошта, 960 муроҷиат ба мақомоти дахлдор фиристода шудааст.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»