13 июни соли 2019 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисенаро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот натиҷаҳои аввалин музокироти сатҳи олӣ миёни ду кишвар, ки соли 2017 сурат гирифта буд ва ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба сарзамини меҳмоннавози Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, таъкид карданд, ки дар доираи сиёсати хориҷии кишвар ба таҳкими равобити дӯстона бо давлатҳои минтақаи рушдёбандаи Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла, Шри — Ланка таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад.
Ҷонибҳо, инчунин, маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, бофандагӣ, дорусозӣ, коркарди пашму пӯст, таъсиси корхонаҳои муштараки соҳаи истихроҷу коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, таҳияи лоиҳаҳои бузурги зерсохтори нақлиёт, рушди соҳаи сайёҳиро баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки барои рушду тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои судовар, аз ҷумла, сиёсат, иқтисоду тиҷорат, ҷоннок кардани фаъолияти Гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка, баргузории бизнес — форумҳо, таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Шри-Ланка, дастрасии Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрӣ, истифодаи долонҳои транзитӣ, мусоидат хоҳад кард.
Ҷонибҳо барои расидан ба ҳадафҳои судманд, таъсиси комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, инчунин имзои созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисодро иқдоми саривақтӣ арзёбӣ карданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, дар доираи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мубориза бо таҳдиду хатарҳо, аз қабили терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, қочоқи маводи мухаддир баррасӣ шуд.
www.president.tj