Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарони як қатор кишварҳо дар доираи ҳамоиши панҷуми МҲТБО

№70 (4020) 18.06.2019

14 июн дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории Тоҷикис­тону Афғонистон дар сатҳи дуҷониба ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳайси кишвари бародар ва ҳаммарз ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

- Мо бар онем, ки таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми кишвари ба мо дӯсту ҳамҷавори Афғонистон, қабл аз ҳама, дар доираи манфиатҳои милливу давлатии он сурат гирад, — изҳор доштанд Сарвари давлат.

Ҷонибҳо, инчунин рушди бахши тиҷорат, сармоягузории мутақобила, истифодаи васеи имкониятҳои транзитии Афғонистон, ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, инфрасохтор, соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳунар, тандурустӣ, иттилоотро баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ метавонад барои расидан ба ҳадафҳои судманди ду кишвар нақши муҳим бозад.

Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, ҳамкорӣ дар бахши амният дар марзи давлатии ду кишвар, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ҳамчун омили муҳими таъмини амну субот дар минтақа мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

14 июн дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим — Жомарт Токаевро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қосим-Жомарт Токаевро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ табрику таҳният гуфта, изҳори итминон карданд, ки бо талошҳои муштарак дар оянда низ рушду таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ идома меёбад.

Ҷонибҳо рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, обӣ-энергетикӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва дигар соҳаҳои барои кишварҳо судоварро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин, ҳамкории муштарак дар самти мубориза бо терроризми байналхалқӣ, экстремизм, радикализми динӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистони ҳамсоя мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории кишварҳо дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз қабили СММ, СААД, САҲА, ИДМ, СҲШ ва Машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар Осиё изҳори қаноатмандӣ карданд.

14 июн дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ маҷмӯи васеи муносиботи дӯстию бародарӣ, ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот изҳори хушнудӣ карда, меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфтанд.

Ҷонибҳо дар бораи мавқеи ягонаву устувори давлатҳо ва мардуми ду кишвар барои идомаи рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ андешаронӣ карда, таъкид карданд, ки бо истифода аз боварию эътимоди байниҳамдигарӣ барои ноил гардидан ба татбиқи тавофуқоти пешин талош хоҳанд кард.

Дар мулоқот рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши мол ва дигар ҷанбаҳои ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ гардид.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ҳалли мушкилоти сиёсии Афғонистон, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо, аз қабили терроризм, экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъовар ва дигар зуҳуроти хатарбор дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.

14 июн дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот карданд.

Дар он муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар баррасӣ шуд.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишвар барои рушди муносибатҳои байнидавлатӣ муҳим аст. «Итминон дорам, ки вохӯрии навбатӣ низ ба ин раванд такони ҷиддӣ хоҳад бахшид», — изҳор доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо аз натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия, татбиқи санадҳои қаблан имзошуда, ҳамкории ниҳодҳои ду кишвар баҳри густариши муносибатҳои гуногунҷанба ва тавофуқоти дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ бадастомада, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

Шоми 14 июн дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедовро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон изҳорӣ қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот муҳимтарин мавзӯъҳои марбут ба ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷонро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, нақлиёту инфрасохтори нақлиётӣ, гидроэнергетика, кишоварзӣ, алоқа, илму маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.

15 июн дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Хун Сенро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот дурнамои ҳамкории Тоҷикис­тону Камбоҷа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, таъкид карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолгардонии муносибатҳои судманд бо Шоҳигарии Камбоҷа манфиатдор мебошад.

Сарвазири Камбоҷа ба Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос кард.

Ҷонибҳо барои таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Камбоҷа, густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, саноати сабук, истеҳсолу коркарди пӯсту пашм, бунёди корхонаҳои муштараки нассоҷиву дӯзандагӣ оид ба истеҳсоли либосу пойафзол дар Тоҷикистонро зарур шумурданд.

Пешниҳод гардид, ки барои рушди робитаҳои иқтисодии ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ таъсис дода шавад.

Ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоти маҳсулоти тайёри нассоҷӣ, фаъолгардонии мубодилаи молии байни ду кишвар тавассути баргузории бизнес — форумҳо ва таъсиси Шӯрои соҳибкорони ду кишвар низ мувофиқи мақсад дониста шуд.

Дар мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва дигар бахшҳо барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ гардид.

15 июн дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Ҷумҳурии Ветнам хонум Данг Тхи Нгок Тхинро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду таъмиқи ҳамкорӣ бо Ветнам манфиатдор аст.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ба таҳкими робитаҳои сиёсӣ, таҳия ва татбиқи созишномаҳои ҳамкорӣ, таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ, табодули таҷриба дар масъалаҳои андозию гумрукӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

15 июн дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, таъкид карданд, ки Давлати Қатар ҳамчун яке аз марказҳои иқтисодиву молиявӣ ва сиёсии олам дар низоми равобити байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҷойгоҳи муҳим мебошад.

Ҷонибҳо аз фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ, Форуми соҳибкорони тоҷики қатар изҳори қаноатмандӣ карданд.

Инчунин, ба густариши муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, техникӣ ва сармоягузорӣ, бонкдорӣ, фарҳангӣ ва маорифу тандурустӣ, сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Рушди робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гид­роэнергетика, саноати кӯҳӣ, коркарди меваю сабзавот, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, аз мавзӯъҳои муҳими мулоқот буд, ки ҷонибҳо барои татбиқи онҳо изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Дар рафти мулоқоти самимӣ, ҳамчунин, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо ва дигар мавзӯъҳои мубрам баррасӣ шуд.

15 июн дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот карданд.

Дар мулоқот вазъи муносибатҳои ҳасанаи тарафайн дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва шарикии дарозмуддат ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, иброз доштанд, ки натиҷаҳои мулоқот барои таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуд.

Дар мулоқот ба татбиқи санадҳои қаблан имзошуда, фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, фаъолияти дафтари Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ТИКА) дар Тоҷикис­тон, баргузории бизнес — форуми Тоҷикистону Туркия, ки метавонанд ба рушди ҳамкории байни сармоягузорон ва соҳибкорони ду кишвар мусоидат намоянд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.

Ҷонибҳо оид ба таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёту боркашонӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, маориф, илм ва фарҳанг табодули андеша карда, ҳавасмандии худро барои амалӣ кардани онҳо иброз доштанд.

Ҳамчунин, таъмини амну субот дар кишварҳои ҷангзадаи минтақа ва ҷаҳон, ҳалли қазияи Афғонистон, муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм баррасӣ шуд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.

15 июн дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ мулоқот карданд.

Дар он доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории бисёрсоҳаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯ сурат гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки баргузории ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баҳри тавсеаи ҳамкории кишварҳои минтақа дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҷонибҳо ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, густариши робитаҳо дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, илму техника, фарҳанг ва соҳаҳои инфрасохторию коммуникатсионӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, доир ба авзои кунунию минбаъдаи Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

www.president.tj