Ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи ба номи Ҷ. Расулов 300 иншоот ба истифода дода мешавад. Дар ин бора раиси ноҳия Комил Салимзода иттилоъ дод.
Танҳо соли гузашта дар ноҳия 92 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, соли равон бунёди 70 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Чанде пеш раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳия бо рафти корҳои сохтмонӣ дар чанд иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла, кӯдакистони хусусӣ, корхонаи коркарди пахтаи «Органик-ян» ва майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд.
Бино ба иттилои масъулин, кӯдакистони нав аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ сохта мешавад. Он аз ду ошёна иборат буда, 200 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта хоҳанд шуд.
Дар корхонаи коркарди пахтаи «Органик-ян» 100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуда, дар марҳилаи аввал имкони коркарди 5 ҳазор тонна пахта фароҳам мешавад.
М. Мақсудов, «Садои мардум»