Тавре иттилоъ дода будем, оғози моҳи равон бориши пуршиддати борон ва омадани сел ба якчанд ҳавлии сокинони деҳоти ба номи Ғ. Ортиқов, «Пӯлодон» ва иншооти иҷтимоии шаҳри Конибодом зарари ҷиддӣ расонид.
Рӯзи ташрифи мо дар ситоди шаҳрии бартарафсозии пайомадҳои офати табиӣ, ки ба он раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода роҳбарӣ мекунад, кор ҷӯш мезад.
- Муҳим он аст, ки талафоти ҷонӣ нест. Офат вайрон кард, мо барқарор мекунем, — гуфт раиси шаҳр.
Бо Зафарбек Давлатзода ба ҷойҳое, ки сел хароб карда буд, рафтем. Зиёда аз 3000 сокин ва 400 аскар ба кумаки офатзадагон омада буданд.
Ҳавлии сокини деҳоти ба номи Ғ. Ортиқов Хосият Ғоибоваро сел пурра шуста буд. Айни ҳол ӯ ва 5 аъзои оилааш дар хайма истиқомат доранд.
- Шукри Худованд зинда мондем. Хайрхоҳон сари вақт ба имдодамон омада, моро наҷот доданд. Ҳамсояамон як хонаи истиқоматиашро пешниҳод кард, раҳмат ба ӯ. Роҳбарони шаҳр гуфтанд, ки ба зудӣ бароямон хонаҳои истиқоматӣ бунёд мекунанд, — гуфт ӯ.
Аз лаҳзаҳои аввали рух додани офат ба роҳбарияти шаҳри Конибодом аз шаҳру навоҳии вилоят занг зада, омодагӣ барои расонидани кумак баён карданд.
- Ба онҳое, ки дар он лаҳзаҳои вазнин моро дастгирӣ карданд, изҳори сипос менамоям, — афзуд раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода.
Офати табиии дар Конибодом рухдода дигар сохторҳоро низ бетараф нагузошт. Дар ҷойи ҳодиса роҳбарияти кумитаи иттифоқҳои касабаи коркунони соҳаи маориф ва гурӯҳи бонувони фаъоли вилоят дар канори зарардидагон буданд. Ибтикори амалишуда ашхоси зарардидаро мутмаин намуд, ки онҳо танҳо нестанд.
М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум»