19 июни соли ҷорӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ бо роҳбари тозатаъини Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Валериу Кивер ва Роберт Хойер — сардори Раёсати ченаки инсонии дафтари зикршуда мулоқот намуд.
Хайринисо Юсуфӣ ташрифи меҳмонони олимақомро омили таҳрикбахши тақвияти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо арзёбӣ карда, Валериу Киверро ба муносибати интихоб шудан ба ин мақом табрик гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки ҳамшарикии Тоҷикистону САҲА беш аз пеш таҳкиму густариш хоҳад ёфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкорӣ дар доираи муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва иҷтимоиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколама ва сатҳи баланд робитаҳои Тоҷикистону Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, дар ҳама самт мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар ин замина равобити байнипарлумонӣ низ ба марҳилаи сифатан нав ворид мегардад.
Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳар ду ҷониб, ҳамчунин, ҳавасмандии худро ба густариши бештари ҳамкорӣ таъкид намуданд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмии комил баргузор шуд.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон