«Номҳои тоҷикӣ ганҷинае мебошанд, ки тӯли асрҳо сайқал ёфта, ба сарнавишт ва ташаккули таърихии миллат иртибот пайдо кардаанд. Номгузорӣ як рукни муҳими забон ва инъикоскунандаи асолати миллию фарҳангии миллат мебошад». Бо ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шудааст китоби Имомзода Муҳаммадюсуф Сайидалӣ «Пажӯҳише дар номшиносӣ ва номгузорӣ». Он таҳқиқи лингвистию иҷтимоӣ буда, номшиносӣ аз нигоҳи илми забоншиносӣ мавриди пажӯҳиш қарор дода шуда, муҳимтарин мафҳум, истилоҳот ва масоили мубрами номгузорӣ дар замони муосир таҳқиқ ва таҳлил шудааст. Китобро нашриёти «ЭР-граф» аз чоп баровардааст.
Рисола аз шаш фасл иборат буда, мафҳуми ном ва илми номшиносӣ, равандҳои муосири лингвистию иҷтимоӣ дар номгузории тоҷикӣ, имконоти забонии номгузорӣ ва ғайраро дар бар гирифтааст. Ҳамчунин, дурнамои сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳанги номгузориву номивазкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ном ва ҳувияти миллӣ бозгӯйӣ шудааст.
Имомзода Муҳаммадюсуф дар пешгуфтори рисола чунин таъкид кардааст: «Дар замоне ки миллати тоҷик дар партави сиёсати хирадмандона ва эҳёгаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарғибу ташвиқи анъанаву суннатҳо, ҷашну маросим, ҳунару ҳунармандӣ ва дигар унсурҳои муҳими шинохти миллат гомҳои устувор ниҳода, барои худшиносию худогоҳӣ ва муаррифии тамаддун ва арзишҳои таърихию фарҳангии худ корҳои зиёдро ба анҷом мерасонад, ба эҳёи номҳои тоҷикии маҳалҳои аҳолинишини кишвар арҷ гузоштан ба мақсад мувофиқ аст».
Муаллиф барои навиштани рисола заҳмати зиёд кашида, дар баробари омилҳои зикршуда феҳристи номҳои тоҷикиро ба хонандагон пешниҳод кардааст. Ин имкон медиҳад, ки падару модарон барои ном гузоштани фарзандонашон аз китоб истифода баранд.
Муаллиф, дар феҳрист ҳар номро батафсил шарҳ додааст. Масалан:
Анӯша 1. хушҳол, шод, хурсанд, хушбахт, саодатманд.
Кушодадилонро бувад бахт ёр,
Анӯша касе, к-ӯ бувад бурдбор.
2. офарин, марҳабо, зиҳӣ
Нажандию ҳам шодмонӣ зи туст,
Анӯша далере, ки роҳи ту ҷуст.
Хулоса, рисола пурмуҳтаво буда, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
ВОРИС, «Садои мардум»