21 июни соли 2019 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ва нақши он дар рушди ҳунарҳои мардумӣ» семинар-машварат доир шуд. Дар он мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Қудратулло Баҳромзода баромад кард.
Номбурда, минҷумла иброз намуд, ки қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба низом ва идоракунии таҳсилоти калонсолон, ташкили раванди таълим, таъминоти илмию методӣ ва кадрӣ, инчунин фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолонро танзим менамояд.
Таҳсилоти калонсолон бо мақсади мусоидат ба инкишофи шахсияти инсон, такмили муттасили салоҳияти касбӣ, таҳкими неруи эҷодӣ, қонеъгардонии талаботи калонсолон ба малака, маҳорат ва такомули шахсӣ ташкил карда мешавад.
Вазифаҳои асосии он, пеш аз ҳама, имконияти интихоб ва қонеъ гардонидани талаботи калонсолон ба таҳсилот, таъмини сифати хизматрасонии таълимӣ ва фароҳам овардани шароит барои инкишофи шахс ва иштироки калонсолон дар раванди таҳсил, инчунин қонеъ гардондани талаботи калонсолон дар интихоб ва омӯзиши касб, маҳорат, такмили ихтисос, иваз намудани касб ва ба даст овардани салоҳияти касбӣ иборат мебошанд.
Зикр шуд, ки принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар ин соҳа, пеш аз ҳама, эътирофи ҳуқуқ ба таҳсилот, ихтиёрӣ гирифтани таҳсилот ва мусоидат барои идома додани таҳсилот ба шахсоне, ки ба ҳифзи иҷтимоии махсус эҳтиё доранд, мебошад.
Дар анҷом Қудратулло Баҳромзода ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои қаноатбахш дод.
Т. ФАРРУХПАЙ, «Садои мардум».
Суратгир Неъматулло Алиев