Бо дарназардошти талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои банди 11 Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2018, №513 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 декабри соли 2017, шашуми апрели соли гузашта таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир шуд.
Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа, ки 22 июни соли равон таҳти раёсати Фарҳод Раҳимӣ баргузор шуд, ба амалишавии тавсияҳои муҳокимаи парламентии зикршуда рабт дошт. Дар он аъзои кумита, масъулини Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Мирзомуддин Камолзода ширкат варзиданд.
Фарҳод Раҳимӣ, минҷумла гуфт, ки бо баргузории муҳокимаи парламентӣ ба ҳадафи асосӣ, ки аз дарки камбудиҳои ҷойдошта ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда иборат буд, расидем. Дар заминаи амалигардонии тавсияҳои чорабинӣ дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ ва чораандешӣ ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда дар сатҳҳои гуногун ибтикори зиёд амалӣ шуд.
Баҳри беҳбудии фаъолияти соҳаи тандурустӣ ва пешгирии роҳҳои мубталошавии шаҳрвандон ба бемориҳои сироятӣ, пурзӯр намудани ҷавобгарии табибон, кормандони бахши хизматрасонӣ, хусусан, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо, инчунин, пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсоне, ки ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) машғуланд, дар қонунгузории дахлдор тағйиру иловаҳои дахлдор ворид шуд.
Аз ҷумла, ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муқаррароте ворид карда шуданд, ки ҷавобгарӣ барои қасдан мубталои вируси норасоии масунияти одам гардонидани шахси дигарро пурзӯр ва масъалаҳои вобаста ба солимии инсон танзими ҳуқуқӣ ёфтаанд.
Бино ба гуфти Фарҳод Раҳимӣ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.
Илова бар ин, дар доираи татбиқи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгӯи навъҳои фаъолияти алоҳидаи касбӣ ва корҳои вобаста ба манбаи хатари зиёд, ки ҷиҳати машғул шудан ба онҳо барои шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ маҳдудият муқаррар мегардад», «Дар бораи тасдиқи Тартиби кори нуқтаҳои санитарию карантинӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Тартиби расонидани кумаки тиббӣ ба шаҳрвандоне, ки таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд», «Дар бораи тасдиқи Рӯйхати нишондодҳои иҷтимоӣ барои қатъи ҳомиладорӣ», «Дар бораи Тартиби ба занҳо расонидани кумаки тиббӣ дар давраи ҳомиладорӣ, ҳангоми таваллуд ва баъди он дар ташкилотҳои низоми давлатии тандурустӣ», «Дар бораи Тартиби бо дорувории ройгон таъмин намудани шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта» ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби гирифтан, тайёр кардан ва пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон» қариб ба марҳилаи ниҳоӣ расиданд.
Ҳамчунин, дар Форуми VI байнипарламентии «Россия – Тоҷикистон неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ки 24 — 26 октябри соли 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, бо табобати зиддиретровирусии ройгон дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон фаро гирифтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи муҳоҷирати меҳнатии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон бо ВНМО сироят ёфтаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сарфи назар аз комёбиҳо ва корҳои дар ин самт амалишуда, ҳанӯз ҳам баъзе аз камбудиҳо мавҷуданд ва баҳри бартарафсозии онҳо андешидани чораҳои лозимӣ зарур аст.
- Дар маҷмӯъ, муҳокимаи парламентӣ оид ба «Вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» такмили қонунгузорӣ ва рафъи камбудиҳо мусоидат кард, — гуфт дар фарҷом Фарҳод Раҳимӣ.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»