Дар арафаи таҷлили ҷашни бошукӯҳи 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар радифи даҳҳо пешқадамони ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар, нозири пешбари филиали Корхони воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар шаҳри Истаравшан Файзулло Шаропов ба Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид.
-Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғурта», ки соли 2014 аз қабулаш 20 сол пур мешавад, имконият ба вуҷуд омад, ки дар кори соҳаи суғурта низ тағйироту пешравиҳои ҷиддӣ ба амал оянд, -гуфт дар суҳбат сардори КВД «Тоҷикисуғурта» дар шаҳри Истаравшан Султонхӯҷа Ҳомидов.
Вобаста ба пешрафти ҷомеа ва дигаргуниҳои технологияи замон ва омӯхтани таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ оид ба ташкилу ривоҷи корҳои суғуртавӣ соҳаи мо дар радифи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ба дастовардҳои назаррас соҳиб шуд.
Филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар шаҳри Истаравшан тарзи корбариро дар байни аҳолӣ давра ба давра такмилу инкишоф дода, дар давоми ҳашт моҳи соли равон ҳаҷми маблағҳои воридотии суғуртавиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ва солҳои пешин ба дараҷаҳо афзун намуд ва нақшаи пешбинишударо барзиёд иҷро кард. Маҷмуи умумии маблағҳои дар ин давра воридшуда 811600 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле зиёд мебошад, — гуфт номбурда ва илова кард:
-Албатта, чунин натиҷаҳои назаррас осон ба даст намеояд ва ин самараи заҳмати босамару зиёди кормандони соҳа аст. Яке аз чунин афроди кордону масъулиятшиноси корхонаи мо Файзулло Шаропов мебошад.
Вақте дафтарчаи меҳнатии Файзулло Шариповро варақ мезанед, ба хулоса меоед, ки соҳиби он дар ҳар куҷое кор кардааст, аз паси вазифаву мансаб надавида, вазифаю масъулияти худро ҳалол ва сари вақт бо сифати баланд иҷро намудааст.
Файзулло Шаропов пас аз хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №16-уми шаҳри Истаравшан ба риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1977 онро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм карда, то ин дам дар шуъбаи омор, «ДСМ-18», «Иттиҳодияи истеҳсолии қолинбофӣ», Институти илмию тадқиқотии иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ, заводи консервбарории шаҳри Ӯротеппа (ҳозира Истаравшан) ва маркази шуғли аҳолӣ кор кардааст. Ӯ дар ҳар куҷое кор кардааст, байни кормандони ҷомеаи меҳнатӣ ҳамчун шахси заҳматқарин обрую нуфуз пайдо кардааст.
-Файзулло Шаропов дар корхонаи мо аз оғози соли 1996 инҷониб ифои вазифа карда, аз 38-сола собиқаи кориаш зиёда аз 17-солашро дар пешрафту ташаккули кори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта»-и шаҳри Истаравшан сарфи заҳмати бенуқсон кардааст,-мегӯяд сардори ин коргоҳ Султонхӯҷа Ҳомидов. — Фаъолияти меҳнатии номбурда танҳо бо иҷрои вазифаҳои штатӣ маҳдуд нашуда, ӯ дар иҷрои корҳои ҷамъиятӣ низ хеле фаъол мебошад. Беҳуда нест, ки аъзои иттифоқхои касабаи коргоҳ бори чорум аст, ки ӯро раиси бахши корхонавии иттифоқҳои касаба интихоб менамоянд. Мавсуф ин масъулияти хешро низ аз сидқ ба ҷой оварда, нисбати кормандон ғамхории зиёд зоҳир менамояд, дар кори дастгирии коргарон, корҳои ҷамъиятӣ, ободу зебо намудани идора ва атрофи он, кабудизоркунӣ ва дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои ҷамъиятӣ саҳми босазо дорад. Ба масъалаи тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани дониши тахассусии кормандон саъю кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ медиҳад. Маҳз дар давраи фаъолияти меҳнатии Файзулло Шаропов коргоҳ хеле пешрав шуда, нақшаву супоришҳо барзиёд иҷро мешаванд.
Файзулло Шаропов ҳамчун иқтисодчии варзида баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғурта», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳди зиёд карда, дар ривоҷу равнақи иқтисодиёти шаҳри Истаравшан ва вилояти Суғд саҳми сазовори худро мегузорад. Ӯ иштирокчии фаъоли чандин семинару чорабиниҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ буда, таҷрибаи тӯли солҳои зиёд андӯхтаашро сарфи пешрафти иқтисодиёти хоҷагии халқ менамояд. Ӯ ҳамчун иқтисодчии варзида ният дорад, ки минбаъд ҳам хубтару беҳтар меҳнат карда, ба дастовардҳои тоза ноил шавад. Мо, ҳамкорон, ин марди асили корро барои ноил шуданаш ба Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими дил шодбош гуфта, барояш тани сиҳату хотири ҷамъ ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно мекунем,-мегӯяд Султонхӯҷа Ҳомидов.
Худи Файзулло Шаропов дар суҳбат бо мо чунин гуфт:
- Ин мукофоти олии Ватанро ки бо назардошти хизмати ночизу холисона ба ман сазовор донистаанд, ҳамчун бунак (аванс) қабул мекунам, яъне худро дар назди Ватану миллат ва давлатамон ҳоло қарздор ҳисоб карда, дар оянда ҳам то ҷон дар рамақ дорам, баҳри пешрафти ҷомеа, ободии диёр ва беҳдошти зиндагии мардум хизмат менамоям. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва вилояти Суғд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан ба Сарвари оқилу роҳбари доноямон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ мекунам. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин фармудаанд: «Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон, ҳадафи дуюми мо маҳсуб мешавад».
Мо -аҳли зиё ва маърифати кишвар худро дар иҷрои ҳамин мақсадҳои наҷиб вазифадор мешуморем ва дар сафи пеши ҷомеа баҳри расидан ба ин ҳадафу мақсадҳо, кору пайкор мекунем,-мегӯяд Файзулло Шаропов.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»