Дар шуъбаи алоқаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маъракаи обунашавӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ, барои соли 2014, ба таври намунавӣ ба роҳ монда шудааст. Кормандони ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳою нуқтаҳои гуногуни тиҷоратӣ ва ашхоси дорои касбу кори гуногун ба рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар обуна шуда, нақшаи дурнаморо ба 70 фисад расониданд.
- Мо аз фаъолияту муносибати масъулони рӯзномаи «Садои мардум», дар самти ҳамкориҳои дуҷониба, розию қаноатмандем, зеро ин ягона рӯзномае маҳсуб меёбад, ки дар пардохти ҳаққи хизмат ба муштариён ҳамасола бидуни ҳама гуна мушкилию монеасозиҳо амал мекунад,- иброз намуд, зимни суҳбат сардори шуъбаи алоқаи ноҳия Рустам Ҳалимов.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»