Чанде пеш бо даъвати Шӯрои Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус сафари ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби аъзои Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии камина, ки ба он Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ва Гулнора Бобоева, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот шомил буданд, ба вуқӯъ пайваст.
Дар фурудгоҳи шаҳри Минск моро А. В. Тсетсоха — роҳбари Гурӯҳи кории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод пешвоз гирифтанд. Ҳамон рӯз аз «Академияи давлатии алоқаи Ҷумҳурии Беларус», ки дар он, баробари намояндагони миллатҳои гуногун, донишҷӯёни тоҷик низ таҳсил менамоянд, дидан намудем. Дар он ҷо шоми дӯстии Тоҷикистону Беларус бо иштироки донишҷӯёни тоҷику беларус баргузор гардид. Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар зиёда аз 700 донишҷӯ аз ҷумҳурӣ таҳсил доранд, ки дар муқоиса ба соли 2011, ки 52 нафарро ташкил менамуд, 14 маротиба зиёд аст.
«Академияи давлатии алоқаи Ҷумҳурии Беларус» бо панҷ муассисаи таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ дошта, роҳбари он — А. О. Зеневич, доктори илмҳои техникӣ, ба Тоҷикистону тоҷикистониён муҳаббати беандоза дорад. Боиси ифтихор аст, ки вакили Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Назирӣ узви ҳайати илмиву таҳририи маҷаллаи илмии ин муассисаи таълимӣ мебошад.
Рӯзи дигари сафар вохӯрӣ ва мулоқоти ҳайат бо муовини раиси Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Б. К. Пирштук ва Гурӯҳи кории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар онҳо перомуни муносибатҳои дутарафа ва бисёрҷонибаи парламентҳо, масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиву гуманитарӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, аз сатҳи онҳо изҳори қаноатмандӣ шуд. Таъкид гардид, ки ҳамкории кишварҳо аз муносибатҳои самимӣ, дӯстонаи роҳбарони давлатҳо — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Григоревич Лукашенко сарчашма мегиранд.
Нимаи дувуми ҳамон рӯз дар Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус вохӯрии гурӯҳ бо роҳбарони сохторҳо оид ба таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва корҳои тарбиявӣ, таҳти роҳбарии муовини вазир Р. С. Сидоренка, баргузор гашт. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус дар самти таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти олии касбӣ шартномаҳои ҳамкории самаранокро амалӣ менамоянд. Дар ин раванд ба таҳкими муносибатҳо ва бастани шартномаҳои ҳамкорӣ ҳавасмандӣ зоҳир гардид. Бояд гуфт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус ҳамкории зич дошта, соли 2013 аз ҷониби мутахассисони вазорат экспертизаи байналмилалии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» гузаронида шуд. Дар таҳияи лоиҳаи «Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ аз таҷрибаи ин кишвар васеъ истифода шуда, аъзои гурӯҳи корӣ вобаста ба ин масъала дар Ҷумҳурии Беларус таҷриба омӯхтанд.
Ҳайат аз мактаби миёнаи рақами 35-и шаҳри Минск, ки номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, тоҷикписар Домулло Азизовро дорад, дидан намуд.
Баҳри арҷгузорӣ ба дӯстии халқҳои тоҷику беларус кӯчае, ки дар он мактаби ба номи Д. Азизов ҷойгир аст, низ ба номи ӯ гузошта шудааст. Ҳангоме ки аз ин кӯча гузар менамоед ва ба бинои мактаб ворид мегардеду бо гӯшаи Тоҷикистон ва Домулло Азизов шинос мешавед, ҳисси ифтихор аз Ватан, ки онро фарзандони азизу дилбанд ва қаҳрамон номдор кардаанд, боло мегирад.
Вобаста ба вусъати ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм, ҳайат дар филиали Коллеҷи давлатии автомеханикии Минск ба номи академик М. С. Висотский, Донишгоҳи давлатии Полотск бо омӯзгорон мулоқоту вохӯриҳо гузаронид.
Бахши дигари сафар аз шиносоӣ ба фаъолияти кишоварзон ва саноатчиёни беларусӣ дар хоҷагиву корхонаҳои ноҳияи Полотск ва мулоқот бо раиси кумитаи иҷроияи ин ноҳия иборат буд. Шиносоӣ бо маҷмааҳои миллӣ – ёдгории Беларус «Хатин», «Майдони шуҳрати сарбозӣ» ва мавзеъҳое, ки майдонҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон буданд, моро муътақид намуд, ки дар ин кишвари дӯст ба роҳи пуршарафи тайкардаи мардуми шӯравӣ ва таърихи пуршараф таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Дар маҷмӯъ, сафари гурӯҳи парламентӣ бори дигар нишон дод, ки ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Беларус заминаҳои таърихӣ дошта, дар соҳаҳои гуманитариву иҷтимоӣ, саноату истеҳсолот, кишоварзиву савдо ҳамкориро дар заминаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳадафу суди мутақобила ба роҳ монда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардидаанд.
Нурулло ОҚИЛЗОДА, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус