Чаро регламенти техникии «маҳсулоти тамоку» ба қонун мувофиқ нест?

№80 (4030) 04.07.2019

Филиали ширкати «Ист Рай Трейдинг» дар шаҳри Хуҷанд солона иқтидори истеҳсоли то 600 миллион дона сигорро дорад. Он 115 коргар дошта, соли гузашта 31,5 миллион сомонӣ андоз супорид.

СигаретРоҳбари он Аҳмадҷон Идрисов иброз дошт, ки пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» дар таҳрири нав (2 январи соли 2018) корро ба меъёрҳои он мувофиқ карданд.

Борпечҳои истеъмолии маҳсулоти тамокуро бо маълумоти огоҳкунанда, аз қабили расм ва навиштаҷот доир ба зарари тамоку ҷой доданд. Ин амал ба раванди истеҳсолот халал ворид намуд, зеро фурӯши маҳсулот ба маротиб кам шуда, айни замон 30-40 дарсади иқтидори корхона фаъол мешаваду халос. Ҳамсуҳбатам сабаби инро дар иҷро накардани меъёри қонунгузорӣ аз ҷониби воридкунандагони сигор медонад. Ба гуфти ӯ, то ҳанӯз сигорҳои воридотӣ бидуни маълумоти огоҳкунандаи муайянкардаи қонунгузории кишвар ба фурӯш бароварда мешавад. Аз ин сабаб истеъмолкунандагон аз харидории сигорҳои истеҳсоли ватанӣ, ки дар борпечаш расм ва маълумоти огоҳкунанда доир ба зарари тамоку дорад, камтар харидорӣ менамоянд.

Моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» «Танзими фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку» ном дошта, тарғиби зарари маҳсулоти тамоку ба ҳаёт ва саломатии инсон муқаррароти меҳварии он аст. Банди яки он, меъёри моддаҳои зараровар ба саломатӣ, аз ҷумла, қатрон ва никотинро ба танзим дароварда, банди 3 мушаххасан намудҳои маълумоти огоҳкунанда (матн ва акс), масоҳат ва забони маълумоти огоҳкунандаро муайян намудааст.

Дар баробари ин регламенти техникии «Маҳсулоти тамоку» амал мекунад, ки он низ чунин меъёрҳоро ба танзим медарорад. Фарқ дар он аст, ки меъёрҳо дар регламенти амалкунанда то ҳанӯз ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» мутобиқ нестанд. Доир ба ин масъала ба Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем. Тавре сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии Агентии мазкур Суҳроб Ашӯрзода изҳор дошт, дар самти мутобиқгардонии санадҳои зерқонунӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» корҳо рафта истодааст. Бино ба гуфти ӯ, яке аз масъалаҳое, ки бояд дар регламенти техникии «Маҳсулоти тамоку» тағйир дода шавад, истифодаи маълумоти огоҳкунанда доир ба зарари маҳсулоти тамоку дар шакл ва ҳаҷми нав мебошад. Дар қонун пешбинӣ шудааст, ки маълумоти огоҳкунанда ва иловагӣ дар борҷомаҳои тамоку бояд на камтар аз 75 дарсади масоҳати умумии борҷомаро ташкил диҳад. Дар регламенти техникии амалкунанда ин меъёр 50 дарсад муайян шудааст.

Номбурда аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бинобар аз ҷониби масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия нашудани расм ва ангораҳо, танҳо навиштаҷоти «кашидани тамоку ба саломатӣ зарар дорад» дар борҷома мавҷуд буду халос. Моҳи январи соли 2018, вақте қонун дар таҳрири нав қабул ва меъёрҳо муқаррар шуданд, зарурати мутобиқ кардани регламенти техникии амалкунанда ба он ба вуҷуд омад.

Моҳи сентябри соли 2018 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аксҳо ва ангораҳои зарари тамоку ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, моҳи ноябри ҳамон сол ба қайди давлатӣ гирифта шуд.

Вақте сабаби то ҳол иҷро нашудани меъёри зикр­шударо пурсидам, Суҳроб Ашӯрзода изҳор дошт, ки воридкунандагони сигор банди 31 регламенти техникии амалкунандаро, ки ба истеҳсолкунанда ё воридкунанда барои сабти навиштаҷот, расм ё тасвири аккосии огоҳкунанда оид ба зарари истеъмоли маснуоти тамоку дар борҷома на зиёда аз 12 моҳ аз санаи тасдиқи он муҳлат медиҳад, риоя карда истодаанд. Бо вуҷуди муайян шудани чунин муҳлат 23 апрели соли 2019 воридкунандагони маҳсулоти тамокуро ба Агентии «Тоҷикстандарт» даъват ва огоҳ намудаанд, ки тиҷораташонро ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мутобиқ гардонанд.

Аммо дар лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017, №58 пешниҳод шудааст, ки банди зикршудаи регламенти техникии мавриди назар хориҷ карда шавад.

Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, лоиҳаи қарор бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, танҳо аз ҷониби Вазорати адлия дастгирӣ наёфт. Масъулини вазорат дар хулоса навиштаанд, ки хориҷ кардани банди 31 ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири танзимкунанда дорад.

 НОС ЧӢ ХУБӢ ДОРАД, КИ БА ТАНЗИМ НАМЕДАРОЯД?

Мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку» муҳиму саривақтӣ буда, ҳангоми таҳияи он тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ низ ба назар гирифта шудааст. Ба касе пӯшида нест, ки татбиқи ҳамаҷонибаи он ҳанӯз ҳам дуруст ба роҳ монда нашуда, тартиби истеҳсол, фурӯш ва истифодаи сигарет то андозае ба танзим даромада бошад ҳам, вале дар масъалаи нос пешравӣ ба назар намерасад. Дар банди 2 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи маҳсулоти тамоку» омадааст, ки «Борпечи истеъмолии маҳсулоти тамоку, аз ҷумла, чилим ва носи дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшуда, аз хориҷа воридшуда ва ё дар асоси талаботи регламенти техникӣ барои савдои озод пешбинигардида, бояд оид ба зарари истифодаи маҳсулоти тамоку маълумоти огоҳкунандаи асосӣ ва иловагӣ дошта бошад».

Аммо ҳанӯз ҳам нос дар халтачаҳои селофанӣ ба фурӯш бароварда мешавад, ки ҳеҷ гуна маълумот дар он мавҷуд нест. Суҳроб Ашӯрзода гуфт, ки ҷиҳати татбиқи қонун дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки дар баробари дигар вазорату идораҳо, намояндаи Агентии «Тоҷикстандарт» — сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ низ узви он мебошад.

Бино ба андешаи ӯ, азбаски нос ягон технологияи истеҳсол надошта, дар шароити ғайрисанитарӣ истеҳсол мешавад, дар ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва санадҳои меъёрии байналмилалӣ низ ягон стандарт ва ГОСТ нисбат ба он мавҷуд нест. Дар сурати аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар шудани меъёрҳои санитарӣ дар робита ба нос, «Тоҷикстандарт» дар асоси он стандарт қабул менамояд.

Ҳарчанд ки дар масъалаи миқдори истифодаи нос омори расмӣ вуҷуд надорад, аммо тахмин кардан мумкин, ки ҳар рӯз садҳо килограмм ба фурӯш бароварда мешавад. Тавре иттилоъ гирифтем, истеҳсолкунандагони нос ҳам соҳибкори инфиродӣ эътироф шуда, тавассути патент фаъолият менамоянд. Айни замон дар кишвар 155 субъекти соҳибкорӣ ба истеҳсол, воридот ва хариду фурӯши маҳсулоти тамоку машғуланд, ки 135 субъекти он нос истеҳсол мекунанд.

Ин рақамҳо моро водор месозанд, ки ҳангоми татбиқи қонун танҳо ба танзим даровардани истеҳсол, воридот ва хариду фурӯши сигарет иктифо накарда, дар масъалаи нос низ чораҷӯйӣ намоем. Зеро дар қиёс ба сигарет, воқеан, нос дар шароитҳои ғайрисанитарӣ ва бидуни технологияи муайян истеҳсол мешавад.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»