Чанде пеш дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон якчанд иншооти иҷтимоиву тиббӣ бо иштироки директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, муовини раиси вилояти Хатлон Умед Зоирзода ва раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темурзода мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Дар деҳаи Бӯстон-1, ҷамоати деҳоти ба номи Г. Юсуфова маркази саломатӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки ба сеюним ҳазор аҳолии ҷамоат хизмат расонида, аз 7 ҳуҷра, аз ҷумла қабулгоҳ, ҳуҷраҳои иммунизатсия, хатна, доругузаронӣ, утоқи табиби оилавӣ ва таҳлилгоҳу ташхисгоҳ иборат мебошад. Дар он ҳафт пизишки болаёқат ба ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, он дар доираи амалисозии лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ бунёд гардид.
Илова бар ин, дар деҳаи Даҳанаи деҳоти «Даҳана» чойхонаи миллӣ, ҳаммом, кошонаи ҳусн ва чанд нуқтаи хизматрасонии нақлиёт ба истифода дода шуд.
Дар деҳаҳои Зафарободи деҳоти «Ситораи сурх» ва «Бӯстон-2», деҳоти ба номи Г. Юсуфова мағозаҳои замонавӣ ва нуқтаи шустушӯи нақлиёт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гардиданд.
Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»