Ихтиёриён

№81 (4031) 06.07.2019

Соли 1929 ҳаждаҳ нафар ихтиёрӣ дар деҳаи Нимичи Ғарм (ҳоло Рашт) бо дастаи босмачиёни Фузайл Махсум рӯ ба рӯ омада, ҷангиданд ва қаҳрамонона ҳалок шуданд.

Матлаби зер бахшида ба 90-солагии ин ҳодисаи мудҳиш пешкаш мегардад.

Муборак Тиллохоҷаев, ки бо супориши Нусратулло Махсум бегоҳирӯзӣ аз Душанбе ба Ғарм омад, дар дафтари корӣ ғарқи андеша буд.

- Иҷозат, — дарро кушода муроҷиат кард сардори ОГПУ Сакович.

- Марҳамат.

- Рӯйхати ихтиёриёнро барои шинос шудан овардам.

- Онҳо киҳоянд?

- Кормандони молия, бонк, собиқ аскарони сурх ва муаллимон.

- Бо муҳимоти ҷангӣ таъмин шудаанд?

- Фақат пулемёт намерасад, рафиқ Тиллохоҷаев. Ақаллан як пулемёт мешуд…

- Дигар илоҷ нест. Касе дар Ғарм бароямон пулемёт намесозад. Бо силоҳи мавҷуда то омадани мадад бояд ба босмачиён имконият надиҳем, ки ба Ғарм дароянд. Боварӣ дорам, ки аскарони сурх ба зудӣ мерасанд. Рафиқ Нусратулло Махсум оид ба ин масъала масъулиятро ба зимма гирифтааст. Ҳатто мехост ба Ғарм омада, амалиётро роҳбарӣ кунад, вале аз боло рухсат надоданд.

- Ихтиёриён дар ҳақиқат бо рӯҳияи баланд ба майдони набард мераванд, — ба суҳбат ҳамроҳ шуд Кравчук, ки нав ба дафтари кории Тиллохоҷаев даромада буд.

- Кай ба роҳ мебароянд?

- Фармони шуморо мунтазирем, — ҷавоб дод Кравчук.

- Ба наздашон меравем. Пеш аз сафар бо онҳо суҳбат кардан даркор.

Ихтиёриён, ки дар назди асп­ҳо ҷунбуҷул доштанд, баробари пайдо шудани роҳбарони вилоят шитобон саф ороста, бо як овоз салом гуфтанд.

Тиллохоҷаев ба онҳо наздиктар омад ва ба ҳар нафар даст дода, ҳолу аҳвол пурсид. Ҳамин ки чашмаш ба муаллим Яҳёхон Олимӣ афтод, рангаш тағйир хӯрд.

- Шумо наравед-чӣ? — бо овози паст гуфт ӯ. — Синну сол. Майдони ҷанг…

- Шуморо нафаҳмида истодаам. Ин гапҳоро нагӯед. Синну сол рафта бошад ҳам, дилам ҷавон. Қуввати бозувонам кам нашудааст.

- Ба ҳар ҳол…

- Маро меранҷонед, агар ба зӯри бозуи ман бовар надошта бошед, ана майдон, — шӯхӣ кард Олимӣ. Бигзор аз ҳама бақувват ба майдон барояд, зӯрозмоӣ кунем…

Баробари паҳн шудани шуои офтоб дастаи ихтиёриён ба роҳ баромад. Гашти рӯз ба деҳаи Нимичи боло расиданд. Тарафи масҷид роҳ пеш гирифтанд. Дар ҳавлии он панҷ — шаш марди синну соли гуногун, ки дар бар либосҳои озода доштанд, одамон равуо мекарданд. Чанд дег дар саҳни масҷид меҷӯшид. Ғозибой, ки навакак аз назди Фузайл ба масҷид омада буд, меҳмонони нохондаро дида, даступо гум кард, вале зуд худро ба даст гирифт.

- Биёед, меҳмонони азиз, биёед, -бо тамаллуқ гуфт ӯ. — Кадом шамол шуморо ба ин тараф овард?

- Тӯй будагист? — гуфт Олимӣ.

- Бале, як марди деҳқон писарашро оиладор кардан мехоҳад.

- Меҳмони зиёд даъват намудааст деҳқони гуфтагиат.

- Бори аввал писар тӯй мекунад мардак. Дар дил ҳавасу ормон дорад. Мехоҳад дороиашро сарф карда, орзую ҳавасашро шиканад. Хуб кардед, ки шумо омадед. Ҳузури шумо шукӯҳу шаҳомати тӯйи ҳамдеҳаи моро афзун мегардонад, — афзуд Ғозибой.

- Як сари қадам ба масҷид дароем, — ба Гутовский рӯй овард Олимӣ. Бинем, ки дар ин тарафҳо мардум чӣ гуна дастархонро оро медиҳанд.

Ҳар ду вориди масҷид шуданд. Дастархон хуб ороста буд. Олимӣ ба тарафи Гутовский маънидорона нигарист.

- Ҳамааш маълум, — бо овози паст гуфт ӯ.

- Шумо пай бурдед, ки дар саҳни масҷид ягон шахси камбағал набуд.

- Аз ин ҷо дуртар мерафтем, -андешамандона гуфт Олимӣ. — Бо мардуми дилпур машварат мекардем. Бояд Шарифро нодида намеомадем. Ба андешаи ман, вай вазъиятро омӯхта, ҳоло дар даромадгоҳи деҳ мунтазири мост.

- Рафтем, — ба сӯи баромадгоҳ баргашта гуфт Гутовский.

- Меҳмонҳо, — базӯр табассум карда гуфт Ғозибой, — куҷо меравед? Як пиёла чой ҳамроҳи мо нӯшед, баъд меравед.

- Ташаккур, корамон бисёр зарур. Бояд то бегоҳ ба Ҳоит расем, — гуфт Олимӣ..

- Ин зиёфат насиби шумо буду…

- Хӯранда ёфт мешавад. Ба соҳибаш насиб кунад. Масҷид бояд ҷои тоату ибодат бошад, фаромӯш накунед.

Сурхҳо аз деҳа берун шуданд. Аз роҳи Нимичи поён саворае бошитоб тарафашон меомад. Як лаҳза мунтазир шуданд, Шариф буд.

- Рафиқ сардор, — ба Гутовский рӯй овард Шариф Азиз. — Дар деҳа босмачиҳоро дидам…

Шариф Азиз кӯтоҳакак дар бораи воқеаи ба вай рухдода ҳикоя кард. — Аз роҳи дигар омадед, вагарна дар поёни деҳаи Нимич шуморо пайдо мекардам. Маслиҳат ин хел набуд.

- Чанд нафар? — аз маҳмадо­ноии Шариф хушаш наомада, пурсид Гутовский.

- Фақат ду нафарро дидам. Қувваи асосии Фузайл, ба фикрам, дар деҳаи Нимичи болост.

- Ягон ҷои мувофиқ ёфта, шинак гирифтан даркор. Ҳамон ҷо маслиҳат мекунем, — гуфт Аркадий Баришев.

Даста аз нав ба роҳ даромад. Торафт ба доманаи ағбаи Турпӣ наздик мешуданд.

Дар доманаи ағба марде саргарми шудгори замин буд. Парво надошт, ки дар гирду атроф чӣ воқеа рух дода истодааст. Ихтиёриён дар марзи боғ қарор гирифтанд. Ҳиммат аспашро ба шохи дарахте баста, пештар рафт ва он мардро садо кард. Мард барзаговҳоро боз­дошт ва испорро ба замин сахттар зер карду тарафи Ҳиммат қадам партофт.

- Ассалому алайкум.

- Воалайкум ассалом. Монда набошед, амак.

- Раҳмат додар. Як илоҷ карда то бегоҳ заминамро шудгор кардан мехоҳам. Баҳор мисли аспи бидав. Зуд мегузарад.

- Дар деҳа чӣ гапҳои нав?

- Мо мардуми деҳқон сари субҳ аз деҳа мебароем, нимаи шаб ба хона бармегардем. Хонаи ман аз масҷиди деҳа хеле дур аст. Бисёр вақт ба намози ҷамоат ҳам рафта наметавонам. Аз ин рӯ, муллоимом баъзан байни мардум маро хиҷолат медиҳад.

- Дар бораи Фузайл ягон гап нашунидед?

- Шунидам. Ҳар хел овоза аст. Мегӯянд, ки дар Ҳоит бедодгарӣ кардааст. Ин тарафҳо ҳам меояд.

- Дар деҳаи шумо тарафдоронаш ҳастанд?

- Дар ин бора чизе намедонам.

- Мабодо дурӯғ гӯӣ?

- Ба арвоҳи ҳафт пуштам қасам мехӯрам, ки аз ин кор дарак надорам.

- Ин мардака ман мешиносам, — гуфт Шариф Азиз. — Деҳқони номдор. Исмаш Комил аст. Соҳиби замини бисёру ҷуфтҳои барзагов. То ҳол нашунидаам, ки касе ӯро дурӯғгӯю номард гуфта бошад.

- Замини бисёр, ки дошта бошад, тарафдори Фузайл будагист, — бо шубҳа ба Комил нигариста гуфт Сайфулло Раҷабӣ.

- Одами нағз менамоӣ, акаи Комил, -ба суҳбат ҳамроҳ шуд Абдуҷаббор. — Аз роҳи дур омадаем, гурусна шудем. Агар чои гарм медоштӣ, як пиёла мегирифтем.

- Чой ёфт мешавад, додар. Мо аз омадани меҳмон ҳамеша шодем. Замину барзагов аз падару бобо мерос мондааст. Моли касеро ба зӯрӣ соҳиб нашудаем, — афзуд ӯ.

Баъд ба тарафи замине, ки ҷуфт меронд, рӯй гардонд ва фарёд кард:

- Обид!

Ин лаҳза фидоиён диданд, ки пеши роҳи барзаговҳо як бачаи 10-12-сола химчае дар даст нишаста буд. Бо шунидани овози падар ӯ аз ҷо баланд шуд. Комил тарафи вай ишорае кард. Писарбача палосеро аз марзи замин гирифту тарафи меҳмонҳо омад. Комил палосро таги дарахте гус­турда, баъд ҳамроҳи писарбача тарафи деҳа роҳ пеш гирифт. Ба ҳавлии аввалин даромад. Ҳамаи инро фидоиён аз ҷои нишаст мушоҳида мекарданд. Лаҳзае пас Комил дар даст як табақи калони чӯбин пур аз ҷурғот ва дастархон бо се гирдача баргашт.

Меҳмонон атрофи дастархон давра гирифтанд. Комил нонҳои овардаашро шикаста, ба пеши меҳмонон гузошт. Дар ин байн писарбача дар ду чойники калон чой овард. Ихтиёриён аз халтаҳои сафарӣ қанд ва дигар навъи хӯрданиро бароварда, бошитоб ба хӯрдан сар карданд.

- Ба Нимичи поён равем, — ба Гутовский нигариста гуфт Шариф Азиз. — ҳамон ҷо вазъиятро аниқ мекунем. Маҳмадиёру Содиқ ва Султон одамони бовариноканд. Шояд онҳо донанд, ки дар атрофамон чӣ гап аст.

Сурхҳо ба аспҳо наздик рафта, дар тараддуди кушодани банд аз шохи дарахтҳо буданд. Ҳамин лаҳза Комил дид, ки аз хонаҳои поёни деҳа ашхоси туфангдор давида, ба боғ даромаданд.

- Меҳмон, -ба тарафи Олимӣ фарёд зад ӯ. — Ба он тараф нигаред, мардони камондор меоянд.

Тирпарронӣ авҷ гирифт. Дигар фурсати андешаронӣ набуд.

Ба фидоиён аз ду тараф ҳуҷум карданд. Хавфи муҳосира шудан ба миён омад. Гутовский дастаашро ба се гурӯҳ тақсим кард. Ба гурӯҳи аввал худаш, гурӯҳи дувум Олимӣ ва ба гурӯҳи сеюм Баришев фармондеҳӣ мекард.

- Худро эҳтиёт кунед, — амр дод ӯ. — Ягон мавқеи муносиб ёфта, пеши роҳи душманро мебандем. Ҳозир гурӯҳи якум ба ҷанг медарояд, дигарон хазида, то сангдевори боғ меравем. Аз сангдевор, ки гузаштем, тирпаррониро оғоз мекунему ба гурӯҳи аввал имконият медиҳем, ки хазида, ба назди мо биёяд.

Оқибат сурхҳо ба ақибнишинӣ маҷбур шуданд. Илоҷе карда, паси сангдевори боғ гузаштанд. Сарбозони Фузайл аз се ҷониб тир мекушоданд.

Аскарон хати муҳосираро рахна карда, аз деҳа берун шуданд. Дар ин ҷо майдони васеъ буд. Аз он гузаштан пас имконияти ақибравии онҳо беҳтар мешуд. Гутовский ҳамроҳи панҷ фидоӣ мавқеъ гирифта, ба дигарон фармон дод, ки босуръат майдони холиро убур кунанд. Баробари авҷ гирифтани тирпарронӣ боқимондаи даста аз майдон гузашт. Дар он мавзеъ фидоиён талафот надоданд, вале ҳангоми ақибнишинии гурӯҳи охирин Гутовский аз сина тир хӯрду ба замин афтид. Чанд нафар кӯшиш карданд, ӯро аз майдони муҳориба берун баранд, аммо борони тир имкон надод.

- Ба ақиб, рафиқон, — омирона садо баланд кард Баришев. Маълум буд, ки акнун фармондеҳиро ӯ ба зимма гирифта буд.

Ҷанг бошиддат давом мекард. Марги Гутовский ба ҳамсангарон маълум гардид. Фурсати андешаронӣ набуд. Борони тир имконияти нафас рост кардан намедод. Аркадий Баришев баъди аз майдони муҳосира баромадан назди ҳаммаслакон вазифа гузошт, ки то гардиши теппае, ки деҳаи Нимичро аз назарҳо пинҳон мекунад, ақибнишиниро давом диҳанд. Ҳангоми аз паҳлуи гӯрис­тон гузаштан, аз болои кӯҳ шахси номаълуме чанд тир парронд. 8 нафар зинда монда буданд.

Онҳо ноилоҷ ба тарафи соҳили дарёи Сурхоб баргаштанд. Хостанд худро ба дарё партофта, ба он соҳил гузаранд, вале шиновариро надонистани аксарият, аз тарафи дигар серобии дарё ба ин имконият надод. Фидоиён вонамуд карданд, ки ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузаштаанд, ба ақиб хазида, ба гӯристон даромаданд. Васати гӯристон оромгоҳи бузургворе ҷой гирифта буд, ки атрофашро мардуми деҳа девор бардошта буданд. Аскарони сурх ба даруни ҳисор даромаданд. Мавқеъ муносиб афтод, аммо тир кам монда буд. Тирандозӣ ҳам аз ҷониби сурхҳо суст шуд. Дигар умеди халосӣ набуд. Торафт доираи муҳосира танг мегардид. Чанд мергани Фузайл Махсум ба кӯҳи рӯ ба рӯи гӯристон баромада, паси харсанг шинак гирифтанд. Аз он мавзеъ ҷои аскарони захмдору камшумор чун дар кафи даст намоён буд.

- Шариф, — нидо кард Олимӣ, — шумо бояд коре карда, ба Ғарм равед.

- Чӣ хел шуморо танҳо партофта меравам?

- Меравед! Истодани ҳардуямон дар ин ҷо фоида надорад. Агар ба марказ хабарро нарасонем, мумкин аст мусибати калонтар рух диҳад.

- Фардо ман сарамро байни мардум чӣ гуна мебардорам? Номардӣ мешавад…

- Шумо номардӣ не, қаҳрамонӣ мекунед, агар зиндаву саломат ба Ғарм расида, дар бораи фоҷиа хабар диҳед ва бо қувваи зиёд биёеду онҳоро маҳв намоед.

- Муаллим, бояд шумо маро фаҳмед…

- Мефаҳмам, — сухани ӯро бо қаҳр бурид Олимӣ, — ба шумо супориши партиявӣ, бояд равед.

Олимӣ баъд аз розӣ кунондани ӯ коғазеро аз ҷайб баровард ва дар он чунин навишт:

«Ҳоло ман танҳоям. Ҳамнабардонам ҳалок шуданд. Ду рафиқам сахт захм бардоштаанд. Моро аз чаҳор тараф муҳосира намудаанд. Мемирам, вале таслим намешавам. Яҳё Олимӣ».

- Зудтар рав. Торикӣ нафаромада, ба Ғарм мерасӣ. Худро эҳтиёт кун!

Ҳамдигарро охирин бор ба оғӯш кашиданд.

Шариф худро ба даруни буттаҳо зад ва баъди лаҳзае ба соҳили дарё расид. Оби Сурхоб хунук буд, аммо Шариф дар ин бора андеша намекард. Ҳама фикраш ба он банд буд, ки коре карда, супоришро иҷро намояд. Ба муқобили душман қувваи нав гирифта, ба майдони муҳориба баргардад. Бо азоб либоси болоиро кашид. Туфангашро миёни замини регзор таги буттае пинҳон кард ва баъд оҳиста пайкарашро ба канори дарё раҳо намуд…

Диловари МИРЗО, 

«Садои мардум»