Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ободонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда истодаанд.
Масалан, вакили халқ аз ҳавзаи интихоботии «Майдончаи комсомолӣ, № 3» Азиззода Ғайрат Муллоаҳмад ба он ноил шуд, ки дар деҳаи Азизобод ба тариқи ҳашар як муассисаи томактабӣ барои 160 кӯдак сохта, ба истифода дода шавад. Вакил аз ҳавзаи интихоботии «Сомониён, №8» Ниёз Султонов дар бунёду азнавсозии Маркази ташхисиву табобатии «Сино» саҳм гузошт.
Вакил аз ҳавзаи интихоботии «Файзи Султон, № 10» Фахриддин Зокиров, ки муҳандис асту сохтмончиёни ширкаташ дар бунёди қасри фарҳангу варзишгоҳи ноҳия барои 1000 ҷойи нишаст саҳм гузоштаанд, яке аз кӯчаҳои марказии шаҳраки Бӯстонро ба масофаи 3 км аз ҳисоби худ мумфарш кард.
Ноҳияи Мастчоҳ ба шарофати дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол ободу сарсабз мешавад. Дастгирии доимии Пешвои муаззами миллат ҷавонмардони ғаюри ноҳияро ба илҳом овардааст ва онҳо ба бунёди иншооти иҷтимоӣ камари ҳиммат бастанд. Барои мисол, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Дӯстӣ, №21» Раҳим Шарифов дар маркази ноҳия тӯйхонаи замонавӣ сохт, ки он чанде пеш бо дуои неки Пешвои миллат ба фаъолият пардохт.
Вакил аз ҳавзаи интихоботии «Юсуф Вафо, №14» Абдурасул Ҳикматов, ки соҳиби ҶДММ «Амир Шукур» мебошад, тобистони соли гузашта филиали корхонаашро дар деҳоти «Мастчоҳ» таъсис дод. Ба ин васила, 20 нафар соҳиби ҷойи кор гардид.
Ниёз Ниёзов — вакил аз ҳавзаи интихоботии «Деҳқонобод, № 32» бо таъсиси коргоҳи истеҳсоли хишт дар шаҳраки «Обшорон» 30 ҷойи корӣ муҳайё кард.
ҲАСАНЗОДА Фарҳоди Ғайбулло, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ