Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сохтмони даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла, биноҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, беморхонаи марказӣ, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Суди ноҳия ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бомаром идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикршуда ба масъулин супориш дод, ки шумораи кормандонро зиёд намуда, барои дар муҳлатҳои пешбинишуда ба истифода додани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Айни ҳол дар сохтмони иншооти зикршуда 300 сохтмончӣ кор мекунад. То ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, тибқи нақша, боз 110 иншооти муҳими иҷтимоӣ бунёд хоҳад шуд.
Мирзоаъзам Мақсудов,«Садои мардум»