Ёд дорам, вақте ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба миён омад, буданд ашхосе, ки зарурати қабули онро нодида мегирифтанд ва ошкору пинҳон эътироз мекарданд.
Аммо оқилон аз қабули қонуни муҳими миллӣ изҳори хурсандӣ карданд ва лаб ба таҳсини Пешвои миллат кушоданд, зеро маҳз қабули қонун тавонист пеши роҳи исрофкориро гирад, мардумро ба роҳи рост ҳидоят намояд ва зиндагии шоистаро барои онҳо фароҳам созад. Инчунин, барои нафароне, ки дорову сарватманданд, шароит фароҳам овард, ки дар бунёди корхонаҳо, сохтмони роҳу беморхонаҳо, қироатхонаву китобхонаҳо, мактабу муассисаҳои тиббӣ саҳм гузоранд.
Чун комиссияҳои назоратӣ оид ба рафти иҷрои қонун таъсис ёфтанд, боз он гурӯҳҳо садо баланд карданд ва гуфтанд, ки беҳуда воҳиди кории зиёд ташкил шуд ва аз буҷа маблағ барои моҳонаи онҳо масраф мегардад. Вале гузашти айём собит сохт, ки он хӯрдагирон дар ин маврид низ ба иштибоҳ роҳ доданд. Мардум низ Пешвои миллатро дастгирӣ намуданд ва бурд карданд. Зеро медонистанд, ки рисолати давлатдорӣ насиби ҳар кас намегардад. Худованд онеро ба мансаб менишонад, ки аз дигарон бартару дурбин аст.
Низомулмулк, яке аз донишмандони пешин, ки дар давлатдории Салҷуқиён мақоми хоса дошт, дар асари машҳури хеш «Сиёсатнома» навиштааст: «Эзид субҳонаҳу ва таъоло дар ҳар асреву рӯзгоре якеро аз миёни халқ баргузинад ва ӯро ба ҳунарҳои подшоҳона ва сиратҳои сутуда ороста гардонад ва масолеҳи ҷаҳони ороми бандагонро бад-ӯ бозбандад ва дари фасоду ошӯб бар ӯ баста гардонад ва имзову ҳашмати ӯ дар қулуби уюни халоиқ бигустаронад, то мардумон дар сояи адлу паноҳи риояти ӯ рӯзгор мегузаронанд ва эмин мебошанд ва бақои давлати ӯ ҳамехоҳанд.
… ба қудрати Эзидӣ мусоадат кунад давлатеву иқболе ва аз Ҳақтаъоло донишеву ақле ёбад, ки бад-он дониш зердастонро ҳар як бар андозаи хеш бидорад ва ҳар якеро ба қадри мартабаеву маҳале ниҳад…».
Қисми зиёде аз мардум шоҳиди фоҷиаи бузурги авохири асри гузашта буданд ва бо чашми сар диданд, ки чӣ гуна миллати тоҷик, ба қавли пирони рӯзгордида ,«азоби гӯр кашид». Худованд шафқат кард ва баъди муҳлате муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз миёни мардуми ранҷкашида ба сари қудрат овард.
Ба шарофати ин абармард дар андак муддат кашмакашҳои бемаънӣ хотима ёфтанд ва сулҳу оромӣ ҳокими вақт шуд. Зиндагии мардум рӯ ба беҳӣ овард, дар кишвар ободониву созандагӣ рушд ёфт. Ҳамаи ин дастовард гувоҳи онанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарваре мебошанд, ки бо донишу истеъдоди Худодода метавонанд барои мардум зиндагии шоистаро таъмин намоянд. Аммо ҳар фарде, ки дар мамлакат сукунат дорад, муваззаф аст ба амру фармони Пешвои миллат ва қавонини фаъоли кишвар содиқонаву самимона итоат намояд. Танҳо дар он сурат метавонем то ба қуллаи мурод расем ва дар кишвари пешрафтаву обод осудаву саодатманд зиндагӣ кунем.
Мутаассифона, ҳанӯз афроде пайдо мешаванд, ки афъоли ношоиста доранд, дидаву дониста даст ба қонуншиканӣ мезананд. Танҳо дар ду моҳи соли равон Суди ноҳияи Рашт панҷ сокини ноҳия — Шарипов С. (соли таваллудаш 1983), Мирзоев Маҳмадраҳим Авғонович (соли таваллудаш 1966), Насриддинов Ҷамшед Мирҳамддинович (соли таваллудаш 1981), Фозилов Неъматҷон Исматович (соли таваллудаш 1971), Қурбонова Шарафнисо (соли таваллудаш 1976)- ро бо моддаи 481 қисми яки Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ҳар кадомро ба андозаи 5500 сомонӣ ҷарима бастааст. Ин нафарон талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон» — ро риоя накардаанд. Аксари онҳо ашхосе мебошанд, ки ҷои кор надоранд ва маълум нест, ки маблағи ҷаримаро аз кадом ҳисоб пардохт мекунанд.
Далелҳои боло, аз як тараф, гувоҳи суст будани кори масъулини бахши кор бо дин ва танзими анъана ва ҷашну маросим бошад, аз тарафи дигар, ба он далолат менамоянд, ки бархе аз шаҳрвандон то ҳанӯз ба муҳтавои қонуни мазкур ва аз ҳама муҳим, ба ниятҳои неку ғамхориҳои оқилонаву падаронаи Пешвои миллат сарфаҳм нарафтаанд.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки аҳли ҷомеа, дар баробари масъулини бахшҳои марбута, дар ин самт фаъол бошанд. Танҳо якҷо метавонем ҳама гуна мушкилу норасоиро паси сар намоем.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»