Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№87 (4037) 20.07.2019

Дар бораи муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Аҳмадзода М. Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Аҳмадзода Музаффар Раҷаб муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 19 июли соли 2019, №1291