Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

№147 (3132) 21.11.2013

Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор эҳтиромона  маълум менамояд, ки мақолаи «Чаро касе ӯро ёд накард?», ки дар шумораи  № 102 аз 12 августи соли 2013 дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп шудааст, мавриди баррасии ҳаматарафа  қарор дода шуд.

Дар рӯзи маросими дафни Аминов Хайрулло  дар баробари раиси Ҷамоати деҳоти «Деҳқонариқ» ва кормандони масъули  дастгоҳи раиси ҷамоати деҳоти мазкур собиқадорони меҳнат, фаъолони ноҳия, ки ӯро мешинохтанд, инчунин намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия З. Намозов иштирок доштанд.

Ҳол он ки З. Намозов бо фарзандони марҳум  Аминов Файзулло ва Аминов Маҳмадулло  вохӯрӣ намуда, аз номи раиси ноҳия ва кулли  коркунони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия изҳори ҳамдардию  тасаллият баён кардааст. Муаллифи мақола дар он рӯз ғарқи ғаму андӯҳ  ба иштирокчиёни маърака аҳамият надодааст.

Ҳангоми дар қайди ҳаёт будани Х.Аминов аз тарафи мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти  давлатии  ноҳия дар арафаи  иду ҷашнҳои таърихӣ ба ӯ ҳамчун собиқадори меҳнат кӯмакҳои  моддӣ расонида мешуд.

Бо мақсади  гиромидошти доимии шахсиятҳои номдор, ки дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия  хизматҳои босазо  кардаанд,  ба масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дастуру супоришҳои зарурӣ дода шуд.

Қ. КАРИМОВ, раиси ноҳияи Фархор  

***

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат пешниҳоди Талабшо Саидовро, ки таҳти унвони «Ордени Восеъ таъсис дода шавад» дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 24 августи соли 2013 таҳти №106 чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар ҳақиқат зиндагиномаи Восеъ дар таърихи тоҷикон ҳамчун тимсоли ҷасорат, қаҳрамонӣ ва ватанпарастӣ сабт гардидааст. Хислатҳои далериву нотарсӣ ва озодипарастиву адолатпарварии ӯ, ки дар адабиёти шифоҳии халқ ва хаттии даврони шӯравӣ дар асоси  фактҳои таърихӣ таҷассуми худро ёфтаанд, дар тарбияи руҳии наслҳои гуногуни Тоҷикистон нақши муҳим бозидаанд. Таклифҳои дар рӯзнома чопгардидаи муаллиф, махсусан дар даврае, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол мебошад, дар таблиғ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, озодипарастӣ, ифтихори миллӣ, дар пайравӣ ба гузаштагони ғаюру  тавонмарди худ зиндагӣ кардан воситаи муассире хоҳад буд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат пешниҳоди мазкурро лоиқи дастгирӣ медонад ва дар ҳолати амалӣ гардонидани он ҳиссаи сазовори худро мегузорад.

Анвари ВАЙСИДИН, раиси шаҳри Ваҳдат