19 ноябри соли 2013 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат-семинар дар мавзӯи «Мавҷудияти ҷазои қатл дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори семинар вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони вазорату кумитаҳои кишвар, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Аз рӯйи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов баромад намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки гурӯҳи кории Маҷлиси намояндагон оид ба таҳлил ва омӯзиши афкори ҷомеа нисбат ба ҷазои қатл бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 10 июни соли 2013 дар ҳайати 9 нафар таъсис шуда буд. Сабаби асосии ташкил шудани ин гурӯҳ он нуктаи Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар он чунин омадааст: «Дигар масъалае, ки ҳалли ниҳоиро тақозо мекунад, муайян намудани муносибат ба ҳукми қатл мебошад». Чуноне шумо медонед, аз моҳи июни соли 2004 инҷониб татбиқи ҷазои қатл дар Тоҷикистон боздошта шудааст.
Дар тамаддуни инсонӣ аз ҷониби давлат татбиқ накардани ҷазои қатл, пеш аз ҳама, чун нишони башардӯстӣ, шафқат ва пешравии ҷамъият эътироф карда мешавад.
Аз ин лиҳоз, вақти он расидааст, ки масъалаи мазкур бо дарназардошти афкори ҷомеа мавриди баррасии мақомоти дахлдор қарор дода, аз натиҷаи он ҷиҳати муайян намудани мавқеи давлат нисбат ба ҳукми қатл таклиф пешниҳод карда шавад.
Дар ҳақиқат масъалаи бекор кардани ҷазои қатл диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст. Ҳарчанд ҳуқуқи байналмилалӣ қатъиян манъ намудани ҷазои қатлро пешбинӣ накарда бошад ҳам, дар ҳолатҳои алоҳида оид ба имконияти манъи ҷазои қатл ё маҳдуд намудани имконияти истифодаи татбиқи он ишораҳо мавҷуданд.
Ҳуҷҷати асосии манъкунандаи ҷазои қатл ин Протоколи дуюми иловагии Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ ба шумор меравад, ки давлатҳоро барои бекор намудани ҷазои қатл уҳдадор менамояд.
То соли 1998 барои содир намудани қариб 50 намуди ҷиноят имконияти татбиқи ҷазои қатлро қонунгузорӣ иҷозат медод. Ин рақам бо қабули Кодекси нави ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 15 намуди ҷиноят кам карда шуд. Аз 1 августи соли 2003 бошад, ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он ҷазои қатл ҳамчун намуди ҷазо барои содир намудани 5 таркиби ҷиноят — одамкушӣ бо ҳолатҳои вазнинкунанда, таҷовуз ба номус бо ҳолатҳои вазнинкунанда, терроризм бо ҳолатҳои вазнинкунанда, биотсид ва генотсид нигоҳ дошта шуд. Ҳамин тариқ, аз соли 2004 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моратория барои таъин ва татбиқи ҷазои қатл амал менамояд.
Ҳамчунин, дар назди ҳозирин намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ташкилотҳои давлатӣ баромад намуда, оид ба таҷрибаи татбиқ накардани ҷазои қатл дар дигар давлатҳо, ҳисоботҳои оморӣ оид ба ин мавзӯъ маълумоти мукаммал доданд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ