Аз нишастҳои матбуотӣ

Ориф Хоҷазода: «Дар қитъаҳои тақсимшуда корҳои сохтмонӣ ғайриқаноатбахш аст»

№88 - 89 (4038 - 4039) 23.07.2019

ЗаминсозиНуздаҳуми июли соли равон дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Раиси он Ориф Хоҷазода изҳор дошт, ки аз 9615 гектар замини дар соли 2018 аз гардиши кишоварзӣ берунмонда имсол 1634 гектар ба гардиш ворид карда шуд. Бино ба гуфти ӯ, дар сурати қабул намудани қарорҳои дахлдори раисони шаҳру ноҳияҳо дар бораи ба намуди замини корам гузаронидани заминҳои партови ба кишт фарогирифташуда, заминҳои партовро то 20898 гектар кам намудан имконпазир мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани эҳтиёҷмандон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 30492 гектар замин ҷудо шудааст. То 1 июни соли 2019-ум 22917 гектар ба 224625 эҳтиёҷманд тақсим гардид.

Инчунин, зикр шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар заминҳои тақсимшуда ғайриқаноатбахш аст. Дар шаҳри Истаравшан ва шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бо вуҷуди ташкил шудани инфрасохтори зарурӣ, аз қабили роҳ,об ва барқ, ҳанӯз ҳам сокинон корҳои сохт­мониро ба таври зарурӣ ба роҳ намондаанд.

Дар шаш моҳи аввали соли 2019 аз ҷониби кумита ва мақомоти он дар маҳал 8256 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва барои бартараф намуданашон дастур дода шудааст. Нисбат ба 7328 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 3051070 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул ва  2577635 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардидааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»