Сафари кории Президенти мамлакат ба вилояти Суғд

№91 (4041) 27.07.2019

48378239172_86dd6e1717_o26 июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд роҳбарият ва сокинони меҳнатқарини вилояти Суғд бо самимият ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз шаҳри Исфара боздид ба амал оварда, бо вазъи зиндагии сокинони он ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ аз наздик шинос шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара ташриф оварданд.

Нахуст Сарвари давлат дар деҳоти «Ворух» бо лоиҳаҳои иншооти таъиноташон гуногун, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар бахшҳои гуногуни соҳаҳои иҷтимоиву хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо дастрасии аҳолии деҳоти мазкурро ба хизматрасонии гуногун беҳтар хоҳад кард. Ҳамчунин шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон фароҳам оварда мешавад. Дар маҷмӯъ, лоиҳаи 8 иншоот, ки бо дарназардошти талаботи муосири меъморӣ таҳия гардидаанд, муаррифӣ карда шуд.

Зимни шиносоӣ иброз гардид, ки дар деҳоти «Ворух» боғчаи кӯдакона бо 80, муассисаи таълимӣ бо 360 ҷойи нишаст ва сохтмони бинои иловагӣ бо 10 синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23 ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ биноҳои Ҷамоати деҳоти «Ворух», Қасри фарҳанг (бо 400 ҷои нишаст), толори варзишӣ барои 300 нафар, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд. Дар деҳоти «Ворух» боз бунёди бинои махсуси Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд низ дар назар аст, ки аз се ошёна иборат хоҳад буд.

Қайд карда шуд, ки ҳангоми таҳияи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса ба таълиму тарбияи насли наврас, оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим зоҳир гардид. Аз ин ҷост, ки бунёди иншооти соҳавӣ дар саросари деҳот дар назар дошта шудааст.

Ба Сарвари давлат зимни рӯнамоии лоиҳаҳо иттилоъ доданд, ки дар аксар иншоот корҳои сохтмонӣ аллакай оғоз ёфтааст. Роҳбари давлат масъулинро вазифадор намуданд, ки корҳои сохтмониро бо сатҳу сифати баланд ва муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонанд. Дар баробари ин, ҷараёни корҳои бунёдгариро дар деҳот зери назорати қатъӣ гирифта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо истифода аз имконот бунёди дигар иншоотро низ таҳия ва амалӣ намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон вохӯрӣ ва бо аҳли ҷамоат ва собиқадорони деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд ва деҳоти «Оқсой»-и вилояти Ботканд суҳбати озоду ошкоро доир карданд.

Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбековро дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон сокинони деҳоти «Ворух» ва «Оқсой» гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков зимни суҳбат доир ба масъалаҳои муҳими ҳаёти сокинони наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ибрози назар намуданд.

Таъкид гардид, ки солиёни зиёд ҳар ду миллат дар марзи муштарак кору фаъолият ва дар беҳбудбахшии зиндагии ҳамдигар нақши назаррас доранд ва зарур аст, ки минбаъд низ дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ кору зиндагӣ намоянд.

Сарони давлатҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки асосан дар марз зиндагӣ мекунанд, даъват ба амал оварданд, ки ба иғво дода нашаванд ва ҳамеша муносибати дӯстонаро ҳифз намоянд.

Зикр шуд, ки барои пешгирӣ ва аз байн бурдани иғвоангезиҳо мақомоти давлатӣ, фаъолон, аҳли зиё ва масъулони ниҳодҳои дахлдори ҳар ду ҷониб ҳамкории густурдаро бояд ба роҳ монанд ва корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ густариш диҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков таъкид карданд, ки масъалаи барасмиятдарории ҳуқуқии хати сарҳади давлатӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ аз масъалаҳои муҳимтарин ба шумор меравад ва дар ин самт корҳо дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ идома хоҳанд ёфт.

Сарони давлатҳо, ҳамчунин, доир ба талошҳои муштараки минбаъда дар самти татбиқи амалии иқтидори бузурги созандаи муносибатҳои дӯстона, ҳамҷавории нек ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Қирғизистон ибрози андеша намуданд.

Дар интиҳо фаъолону собиқадорони деҳоти наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон барои мусоидат ба ҳалли масъалаҳо ва робитаҳои хуби ҳамсоядорӣ фикру мулоҳиза баён доштанд.

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинон, ки дар саҳни маҷмааи «Ориён» ба таври густурда ташкил карда шуд, дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ ҳосили зироати кишоварзӣ, маҳсулоти корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикани истеҳсолоти ватанӣ, маҳсулоти нонию қаннодӣ, шириниҳо ва маҳсули эҷоди ҳунармандони шаҳр, хоса кандакорон, кулолгарон ва ғайра ба тамошо гузошта шуд. Сарони давлатҳо ба меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳозу тамъ беназири ин минтақаи мамлакат таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба меҳнати ҳалоли сокинони шаҳри Исфара баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иқлими деҳоти шаҳри Исфара барои бунёди боғ ва ба даст овардани ҳосили фаровон басо мусоид мебошад. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи сокинон ба боғдорӣ бештар равона гардидааст. Майдони умумии боғу токзори шаҳр имрӯз зиёда аз 12 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Танҳо соли равон боғпарварон дар талу теппаҳо 46 гектар боғи нав бунёд кардаанд.

Дар ин ҷо ҳосили зироати полезӣ, аз қабили тарбуз ва харбуза ба таври хос ва дар 6 пирамида намоиш дода шуд. Зикр гардид, ки имсол дар шаҳри Исфара дар майдони 26 гектар зироати полезӣ, аз ҷумла тарбуз ва каду кишт карда шудааст. То ҳол хоҷагидорон аз майдони полезиҳо 50 тонна тарбуз ба бозор баровардаанд ва ҳосилнокии он аз ҳар гектар 250 сентнерро ташкил медиҳад.

Дар намоишгоҳ занбӯриасалпарварон низ ширкат варзида, номгӯи гуногуни асали табииро пешниҳоди меҳмонон намуданд.

Тибқи иттилои масъулон, дар шаҳри Исфара 2155 оилаи занбӯри асал мавҷуд мебошад ва дар 6 моҳи соли ҷорӣ хоҷагидорон ба миқдори 31,1 тонна асали хуштамъ истеҳсол кардаанд.

Занону бонувони ҳунарманди шаҳри Исфара маҳорати нонпазӣ ва омода намудани хӯрокҳои миллиро дар танӯру дегҳо низ намоиш доданд. Дар гӯшаи намоиши маҳсулоти нонӣ қариб 20 намуд нони миллӣ, аз ҷумла чапотӣ, қалама, нонҳои равғанӣ, чормағздор, ҷаззадор ва ғайра ба тамошо гузошта шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари пазандагии занону бонувони шаҳри Исфара баҳои баланд дода, онҳоро барои омӯзонидани нозукии ҳунарҳои миллӣ ба духтарон ҳидоят намуданд.

Дар самти коркард ва бандубасти мева, истеҳсоли консерва сокинони шаҳри Исфара таҷрибаи ғанӣ доранд. Тибқи иттилоъ, алҳол дар шаҳри Исфара 14 коргоҳу корхона ба коркард ва бандубасти меваи хушк ва 3 коргоҳу корхонаи дигар ба истеҳсоли консерваи меваю сабзавот машғул мебошанд. Агар дар ҳамин давраи соли 2018 аз тарафи корхонаҳои шаҳр ба миқдори 4 млн. 643 ҳазору 930 сомонӣ хушкмева коркард ва бандубаст шуда бошад, пас, имсол ин нишондод ба беш аз 10 млн. 300 ҳазор сомонӣ расонида шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти консервагӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон ба 1 млн. 498 ҳазору 340 сомонӣ баробар гардидааст. Коркард ва бастубанди маҳсулот дар корхонаҳои номбурда ба таври хос, бо тамғаи махсус ва риояи стандарти байналмилалӣ сурат мегирад ва дар бозори дохил ва хориҷи мамлакат харидори зиёд дорад. Соли гузашта, дар баробари таъмин намудани бозори дохилӣ, аз шаҳри Исфара ба миқдори 11 ҳазору 375 тонна меваи хушк ва дар ҳаҷми 1 млн. 639 ҳазору 100 сомонӣ консерва ба кишварҳои Россия, Германия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ғайра содирот карда шудааст.

Дар маҷмӯъ, аз ҷониби сарони давлатҳо ба маҳсули меҳнати сокинони шарафманди шаҳри Исфара баҳои баланд дода шуд ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон барои расидан ба дастовардҳои аз ин ҳам бештар дар ҳама бахш ба масъулон тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.

Маҷмааи «Ориён», ки дар маркази шаҳри Исфара ва дар соҳили дарё бо дарназардошти санъати меъмории миллӣ сохта шудааст, писанди меҳмонон гардид. Намои беруна ва дохили он пурра бо истифода аз ҳунарҳои миллӣ, аз қабили кандакорӣ дар чӯб, гаҷкорӣ, санъати кундал ва ғайра оро дода шудааст. Дар ин ҷо сангҳои ороишии маҳаллӣ бо маҳорати баланди ҳунармандӣ истифода гардидаанд ва басо диққатҷалбкунанда мебошанд. Ин бинои боҳашамат дорои толорҳо барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун, тарабхона, чойхона, ошхона, қаҳвахона, утоқҳои корию хизматрасонӣ ва ғайра мебошад.

Дар толори Маҷмааи «Ориён»-и шаҳри Исфара мулоқоти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, музокироти васеъ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва мақомоти маҳаллии худидоракунии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Ҷонибҳо алоқамандии худро ба тавсеа ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба бо риояи усули дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ иброз доштанд.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар сатҳи комиссияҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикис­тону Қирғизистон, бо мақсади ба анҷом расонидани раванди делимитатсия ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмиёт даровардани сарҳад машварату музокиротро идома диҳанд.

Мулоқоти доиргардида аз он ҷиҳат аҳамияти таърихӣ дорад, ки ду кишварро ба амалияи  анҷом додани раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон наздик меорад.

Анҷом додани корҳо ҷиҳати аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмият даровардани сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизис­тон ба маҷмӯи муносибатҳои мутақобилаи ду кишвар таъсири мусбат хоҳад расонд.

www.president.tj