Қонун ва иҷрои он

Чаро ба омӯзиши забони давлатӣ муносибат дуюмдараҷа мебошад?

№92 (4042) 30.07.2019

МУҚАДДИМА

Чанде пеш, бо ҷавоне рӯ ба рӯ шудем. Пас аз салом аз мо бо забони ғайритоҷикӣ чизе пурсон шуд. Азбаски он забонро балад нестем, мақсади ҷавонро дарк накардем. Роҳгузареро пайдо намудем ва маълум гардид, ки ӯ суроғаи мактаберо пурсон шудааст, ки дар он ҷо имтиҳони Маркази миллии тестиро бояд супорад. Ҳайрон мондем. Чӣ гуна шаҳрванди кишвари соҳибистиқлол забони давлатии онро намедонад? 

 ҚОНУН ЧӢ МУҚАРРАРОТ ДОРАД?

 Забон яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, такомули он дар мадди назар бояд бошад. 10 сол пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар кишвар ба танзим медарорад. Мувофиқи банди 1 моддаи 3-юми қонуни мазкур, «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст».

Банди 2 моддаи мазкур шаҳрвандони кишварро вазифадор менамояд, ки забони давлатиро донанд.

Қонуни зикршуда истифодаи забонҳои дигар халқу миллатҳои дар кишвар зиндагикунандаро низ кафолат додааст.

Дар моддаи 9 боби 3 қонун, ки «Омӯзиши забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ» ном дорад, омадааст, ки «дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ омӯзиши ҳатмии забони давлатӣ таъмин карда мешавад».

Оё воқеан дар кишвар ин меъёри қонун ба таври зарурӣ татбиқ мешавад? Омӯзиши забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимии бо забонҳои ақаллиятҳои миллӣ фаъолияткунанда дар кадом сатҳ аст?

Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3869 муассисаи таҳсилоти умумии кишвар дар 578 адад бо ду забон, 19-то бо се забон ва дар 131 бо як забон ба хонандагон, ки зиёда аз як миллион нафарро ташкил медиҳанд, таълим дода мешавад.

Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм Эҳсони Хушбахт иттилоъ дод, муассисаҳои таълимии ӯзбекӣ, русӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва англисӣ низ фаъолият доранд. Бино ба гуфти ӯ, дар ин гуна муассисаҳо ҳафтае ду соат  забони давлатӣ (тоҷикӣ) таълим дода мешавад.

Оё бо ду соат дарс дар як ҳафта дар сатҳи зарурӣ омӯхтани забони давлатӣ имконпазир аст? Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала таҷрибаи кишварҳои ҳамсояро пайгирӣ намудем. Аз иттилооти бадастомада маълум гардид, ки дар муассисаҳои таълимии бо забони ақаллиятҳои миллӣ ва хориҷӣ фаъолияткунандаи ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, 5-6 соат дарс барои омӯзиши забони давлатӣ (ӯзбекӣ, қазоқӣ, қирғизӣ) пешбинӣ шудааст. Пас чаро дар кишвари мо ба омӯзиши забони давлатӣ муносибат дуюмдараҷа аст? Бо ин савол боз ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат намудем. Иттилоъ доданд, ки барои як соати дарсиро зиёд намудан миллионҳо сомонӣ маблағ лозим аст. ­Масъулини вазорат, инчунин изҳор доштанд, ки дар сурати аз ҷониби Вазорати молияи кишвар ҷудо шудани маблағи лозима омодаанд, ки соати дарсиро аз фанни забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимии бо забонҳои ақаллиятҳои миллӣ фаъолияткунанда зиёд кунад.

Масъулини Вазорати молияи кишвар иддаои Вазорати маориф ва илмро рад карда, дар посухи хаттӣ навиштанд, ки тибқи талаботи «Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, № 494 тасдиқ шудааст, фанҳои таълимӣ, аз ҷумла, «Забони давлатӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои ҳар як зинаи таҳсилот мушаххас муайян аст.

Дар ҷавобе, ки бо имзои муовини вазири молия А. Ҳалимзод гирифтем, омадааст, ки «Маблағгузории соатҳои дарсии фанни «Забони давлатӣ» аз рӯи «Нақшаи таълимии асосии муассисаи таълимӣ тарификатсиябандӣ гардида, аз ҷониби мақомоти болоии муассисаи таълимӣ тасдиқ мешавад. Мақомоти молия бошад, дар навбати худ дар асоси тарификатсияи тасдиқшуда маблағгузории онро тибқи тартиби муқарраргардида таъмин менамояд».

Инчунин зикр шудааст, ки маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба маб­лағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) гузаронда шуда, тақсими маблағҳо дар байни моддаҳои хароҷотӣ ба салоҳияти муассисаҳои таълимӣ вобаста мебошад.

Тавре маълум аст, солҳои соҳибис­тиқлолӣ дар кишвар якчанд муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии хориҷӣ таъсис ёфтанд. Бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи омӯзиши забони давлатӣ дар ин муассисаҳо ба Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ва МИСИС муроҷиат намудем. Тавре маълум шуд, дар ин ду муассисаи олии касбӣ, ҳафтае ду соатӣ мутаносибан дар 4 ва 2 нимсола забони давлатӣ (тоҷикӣ) таълим дода мешавад.

Бегуфтугӯ, ҷудо намудани 2 соат дарс дар як ҳафта барои омӯзиши забони давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбии бо забонҳои дигар фаъолияткунанда нокифоя аст. Вобаста ба ин масъала мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мушаррафа Ҷӯраева изҳори нигаронӣ кард.

- Хонандагони мактабҳои ғайритоҷикӣ, аз ҷумла, ӯзбекон, қирғизҳо, туркману русҳо ҳам баъди хатми мактаби миёна аксарият таҳсилро дар Тоҷикистон идома медиҳанд. Аз ин рӯ, хеле хуб мешуд, ки дар баробари забони модарӣ забони тоҷикиро аз худ намоянд. Бо дарки масъулият мегӯям, ки барои аз худ намудани грамматика ва забони муоширати тоҷикӣ дар як ҳафта ду соат кифоя нест, — изҳор дошт ӯ.

ХУЛОСА

Пайгирии масъала моро ба хулоса овард, ки масъулини Вазорати маориф ва илм ба таълими забони давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии бо забонҳои ақаллиятҳои миллӣ фаъолияткунанда муносибати дуюмдараҷа доранд. Шояд кам будани соати дарсӣ сабаб бошад, ки дар кишвар баъзе аз тоҷиконе, ки дар мактабҳои русӣ мехонанд, забони тоҷикиро дар сатҳи зарурӣ намедонанд. Меъёрҳои конститутсионӣ дар масъалаи забони давлатӣ на танҳо ақаллиятҳои миллӣ, балки тоҷиконро, ки қисмати асосии аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, вазифадор менамояд, ки онро дар сатҳи зарурӣ аз худ кунанд. Аз ин рӯ, масъулинро мебояд сари ин мушкилот ҷиддӣ андеша ва бетаъхир тадбирандешӣ намоянд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»