Ҷаласаи кории раиси шаҳри Душанбе

№149 (3134) 26.11.2013

18 ноябри соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи васеи корӣ оид ба баррасии масоили  мубрами хоҷагидории шаҳр баргузор гардид.

Бо дарназардошти мусоид омадани боду ҳаво, раиси шаҳр таваҷҷуҳи роҳбарони сохторҳои хизматрасонии коммуналӣ, нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва раисони ноҳияҳоро ба санҷиши омодабошӣ ва барориши саривақтии техникаҳои коммуналии барфтозакунандаву намакпошӣ дар роҳҳо ҷалб карда, дастур дод, ки ҳолати роҳандозии тадбирҳои озмоишӣ дар таносуби ҳар кадом сохторҳо ва ноҳияҳоро зери назорат қарор дода, аз натиҷаи он ба раиси шаҳр  маълумот пешниҳод кунанд.

Дар иртибот ба ин, ҳолати омодагиҳои фонди манзил, муассисаҳои иҷтимоӣ  ва Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе барои қабули гармии аз тарафи Ҷамъияти саҳомии навъи кушодаи «Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳӣ» — и ШСХК «Барқи Тоҷик» дар мавсим пешниҳодшаванда, ба риштаи таҳлил кашида шуд. Аз муовинони соҳавии раиси шаҳр ва роҳбарияти Маркази зикрёфта тақозо гардид, ки масъалаи дар муҳлатҳои тасдиқгардида аз ҷониби фармоишгар баистифодадиҳии дегхонаи Ғарбиро зери назорат қарор диҳанд.

Инчунин дар ҷаласа ҷиҳати вусъатнок  ва бемайлон тадбирандешӣ баҳри иҷрои якмароми муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба  манъ будани  парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, маркаб, парранда ва  дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ дар марзи шаҳри Душанбе, ба роҳбарони сохторҳои дахлдор ва раисони ноҳияҳо супоришоти қатъӣ дода шуд. Ҷиҳати таъмини волоияти қонун дар ин самт дастур дода шуд, ки нисбати хилофкорон чораҳои таъсирбахши пешбининамудаи қонунгузорӣ татбиқ ва ин раванд тавассути Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт» пайваста инъикос карда шавад.

Дар идома Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаи беҳдошти ҳолати санитарию эпидемиологӣ дар шаҳр ва зиддисӯхторӣ дар бинову иншоот ва ташкилоту идораҳо, риояи танзими расму оин дар баргузории ҷашну маъракаҳо аз ҷониби шаҳрвандонро махсус қайд намуда, бо нигаронӣ нисбати фаъолияти Маркази татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Душанбе» аз Прокуратураи шаҳр ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба шаҳри Душанбе дархост намуд, ки дар ин ҷода ва аз ҳолати захираи маводи ниёзи аввалия барои мавсими зимистонгузаронӣ дар бозорҳои коммуналии шаҳр санҷишҳои мутақобиларо анҷом дода, ба раиси шаҳр ахбор манзур созанд.

Бо дахли масоили татбиқи Нақшаи генералӣ дар қисмати марказии шаҳр, ки феълан тибқи муқаррароти Қарори марбутаи раиси шаҳр амалӣ шуда истодааст, бори дигар қотеъона ба масъулин дастур дода шуд, ки зимни омодасозии санадҳои дахлдор ба ҳеҷ ваҷҳ ба  поймол намудани ҳуқуқҳои соҳибмулкон роҳ дода нашавад.

Ҳамзамон дар ҷаласа нисбати тарҳрезию омодагиҳои шаҳр ба  истиқболи Соли нави мелодӣ ба масъулин супоришҳо дода шуданд.

Ш. Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе