Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи номзади илмҳои кишоварзӣ Ф.Абдуллоев таҳти унвони «Таъмини амнияти озуқаворӣ шарти муҳимтарини истиқлолият»-ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» таҳти №102 (3087) аз 12 августи соли 2013 нашр шудааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад:
Дар мақолаи мазкур масъалаҳои ҳалталаби соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замини киштбоб, парвариши зироатҳои аз ҷиҳати фоида афзалиятнок, аз ҷумла пахтаи маҳиннах, ғалладонагиҳо, меваҳои ситрусӣ, ҷудо намудани зироатҳои озуқавории содиршаванда, ҷобаҷогузории оқилонаи зироатҳо вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ аз ҷиҳати фоидаи зиёд гирифтан ва хароҷоти кам, парвариши чорво, зироатҳои кӯҳӣ, васеъ татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва ғайра пешниҳод шудааст.
Масъалаҳои муҳими рушди кишоварзии мамлакат ва таъмини бехатарии озуқаворӣ, ки дар мақолаи мазкур зикр гардидааст, ба роҳбарон, мутахассисон ва олимони соҳа маълум аст ва барои ҳалли аксари онҳо дар шароити имрӯзаи гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ дастгирии давлатӣ, маблағгузорӣ ва инвеститсияҳои хориҷиро барои ворид намудани техника ва технологияи инноватсионӣ талаб менамояд.
Бинобар ин, аз тарафи олимон ва мутахассисон дар сатҳи ҷумҳурӣ 14 барномаи соҳавӣ таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд ва амалӣ шудани онҳо ба қадри имкон идома доранд. Инчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012 таҳти №383 «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» тасдиқ шудааст.
Тибқи барномаи мазкур масъалаҳои муҳими зикргардида ва зиёда аз ин масъалаи хизматрасонӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва маблағгузории алтернативӣ амалӣ гардонида мешавад.
Айни замон кишоварзони мамлакат тамоми саъю кӯшиши худро ба истифодаи самараноки заминҳои корам, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ин васила ғанӣ гардонидани дастархони мардуми Тоҷикистон дар роҳи таъмини амнияти озуқавории мамлакат равона намудаанд.
Аз тарафи олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои барномаи зикргардида оиди диверсификатсияи соҳаи растанипарварӣ «Оид ба парвариш ва ҷойгиршавии растаниҳои кишоварзӣ» харита ва китоби илмии асоснокшуда таҳия гардидааст, ки тибқи ин сарчашмаҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ парвариши навъҳои серҳосили минтақабобшудаи растаниҳои соҳаи кишоварзӣ тавсия дода мешавад.
Муаллифи мақола аз нуқтаи назари иқтисодии имрӯзаи кишварамон — истифодаи технологияи нави парвариш ва васеъ намудани кишти зироатҳои техникӣ, ғалладонагиҳо ва меваю сабзавот пешниҳодҳои мушаххас намудааст, ки боиси дастгирӣ мебошад. Ҳамзамон амалӣ намудани онҳо баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат мекунад.
Бо ибрози қаноатмандӣ аз ҳамкории судманди Вазорати кишоварзӣ бо рӯзномаи «Садои мардум» изҳори умедворӣ мекунем, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мо рушд меёбанд.
Ҷ.САИДОВА, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон