Номи фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров имрӯз на танҳо дар кишвари мо, балки дар ақсои олам маълуму машҳур мебошад. Ӯро метавон як тан аз аввалин сарбозони инқилоби маданӣ, равнақбахши илму ирфон дар Тоҷикистон, яке аз арбобони намоёни ҳизбӣ ва давлатии Тоҷикистон шуморид. Нақши ӯ дар рушди иқтисодиву фарҳангии кишвари мо басо бузург аст. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиcтон Эмомалӣ Раҳмон, ба чунин шахсиятҳои бузурги миллат беандоза калон аст. Беҳуда нест, ки маҳз бо пешниҳоди ҳамин бузургмарди миллат Бобоҷон Ғафуров пас аз устод Садриддин Айнӣ, дуюмин шуда, соҳиби унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон гардид.
Ба хотири бузургдошти ному осори ин бузургмард ҳар сол олимони тоҷик дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ «Солонаи Бобоҷон Ғафуров»-ро доир менамоянд. Гузашта аз ин, ҷашнҳои мубораки 90 ва 100 — солагии Бобоҷон Ғафуров дар Тоҷикистон ва берун аз он ботантана ҷашн гирифта шуданд.
Муаррихони номвари кишвар, муҳаққиқони рӯзгор ва осори ин аллома академики шодравон Аҳрор Мухторов ва дотсенти Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шарифов дар китоби хеш «Бобоҷон Ғафуров» ҳаёту фаъолияти ин бузургмардро мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор дода, дар он як барқияи шодбошии як тан аз зердастони Бобоҷон Ғафуров дар Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии шарқшиносии Академияи илмҳои СССР академик М.П.Кимро ба муносибати таҷлили 70 — солагии ҷашнвораи Бобоҷон Ғафуров овардаанд: «Фарзанди вафодор ва барӯманди халқи тоҷик ва Ватани сермиллати шӯравӣ академик Бобоҷон Ғафуров дар радифи донишмандони шӯравӣ мақоми шоиста дошта, дар таърихи илм ва фарҳанги шӯравӣ осори пурарзиш аз худ боқӣ гузоштааст. Бобоҷон Ғафуров ҳамчун инсон, коммунист, гражданин, олим намунаи ибрат ба дигарон буд, ба эҳтирому муҳаббату самимияти онҳо сазовор гашта буд».
Шодравон Бобоҷон Ғафуров 31 декабри соли 1909 ба дунё омадаасту анқариб аҳли илму маърифати кишвар 104 — солагиашро таҷлил хоҳанд кард. Ӯ баробари сарварии як пажӯҳишгоҳи бузурги Иттиҳоди Шӯравиро ба уҳда доштан, гузашта аз он, ба тадқиқи илм машғул шудан, ҳамчунин як идда вазифаҳои ҷиддии ҷамъиятӣ дошт, бо вуҷуди масруфияти зиёд доштан ёвару мададгору дастгири хурду калони аҳли илми ҷамоҳири собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ, хоса ҳаммиллатонаш будааст.
Ба қарибӣ ба дастам як сурат афтод, ки 11 феврали соли 1977, яъне якчанд моҳ қабл аз вафоти ин шахси бузург аксбардорӣ шуда, дар он бо Бобоҷон Ғафуров як гурӯҳ донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) инъикос шудаанд.
Соҳиби сурат омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и шаҳри Истаравшан Ӯлмас Қурбонов аст.
Дар сурат ба ҷуз академик Бобоҷон Ғафуров, акси чандин шахсиятҳои шинохта, ба мисли дотсенти ДМТ марҳум Аҳмадҷон Неъматов, журналисти шинохта Бобоҷон Икромов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Салимзода ва дигарон ҷой гирифтаанд.
Ӯлмас Қурбонов, шахсе, ки ин суратро ба ман расонд, яке аз омӯзгорони шинохтаи шаҳри Истаравшан, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. 34-35 сол боз ба тарбияи насли наврас машғул мебошад. Ӯ сарфароз аз он аст, ки даҳҳо шогирдони бомаърифату соҳиби илму фарҳангаш дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият мекунанд. Чандин нафари онҳо дар олимпиадаву озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд.
Ӯлмас Қурбонов ҷанговари интернатсионалист аст. Ӯ солҳои 1987-1989 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳайси афсар хизмат карда, корномаҳои зиёд нишон дода, бо ду ордени «Ситораи Сурх», Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии СССР ва орденҳои «Ситораи дараҷаи аввал» ва «Дӯстии халқҳо»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мукофотонида шудааст.
Ман аз ӯ таърихи ин суратро пурсон шудам.
-Мо дар курси сеюми факултети филологияи тоҷик мехондему бо ташаббуси Иттифоқи касабаи Университети давлатии Тоҷикистон дар байни факултетҳо озмун эълон шуд. Он се шарт дошт: хониши аъло, одоби намунавӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ. Озмун моҳи январ эълон шуду пас аз ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи аввали соли хониш, яъне моҳи январ, натиҷабардорӣ гардид. Гурӯҳи моро, ки сарвариашро ман ба уҳда доштам, ғолиб донистанд ва ҳамаи аъзои гурӯҳ ба гирифтани роҳхати бепул ба тамошои якмоҳаи шаҳрҳои таърихии Москва ва Ленинград шарафёб шуданд,-гуфт Ӯлмас Қурбонов.
Мо аз устодамон Аҳмадҷон Неъматов хоҳиш кардем, ки дар ҳамин сафар моро ба дидори муаллифи китоби «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуров муяссар созанд, зеро ҳама чизро дар бораи он кас медонистему ба дидорашон муштоқ будем. Ниҳоят ин рӯзи таърихӣ фаро расид. Санаи 11 феврали соли 1977 бо кӯмаки устодамон дар Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии шарқшиносии Академияи илмҳои СССР ба дидори ин марди бузург мушарраф шудем. Академик Бобоҷон Ғафуров, ки ҳамагӣ пас аз чанд моҳи ин дидорбинӣ аз дунё чашм пӯшиданд, қариб як соат бо мо суҳбат доштанд.
Он рӯз ҳеҷ гоҳ аз ёди мо фаромӯш намешавад. Устод моро бисёр хуш қабул карданд, бо ҳар яки мо алоҳида-алоҳида суҳбат доштанд. Чун устодамон Аҳмадҷон Неъматов гурӯҳи моро ба ин марди бузург шинос карда гуфтанд, ки ин гурӯҳи ғолиби озмун дар Университети давлатии Тоҷикистон аст, чеҳраи устодро як табассуми аҷибе фаро гирифт. Он кас маро ба назди худ хонда, дастамро фишурданд ва ба чунин ғолибият шодбош гуфтанд. Маро ҳиссиёти тасвирнопазире пахш кард. Ҳеҷ гоҳ худро дар зиндагӣ ин қадар шодмону хушбахт эҳсос накарда будам.
Дар ҳамон суҳбат устод Бобоҷон Ғафуров ба мо дар бораи таълифи шоҳасарашон «Тоҷикон», мушкилоти пешомадаи чопи он, нақши халқи тоҷик дар таърихи илму тамаддуни башар сухан карда, гуфта буданд: «Фарзандонам, шумо ифтихор кунед, ки ба як миллати бузург тааллуқ доред, ба миллате, ки худ таърихи басо қадима дошта, барои оламиён ҳазорҳо олимону донишмандон, шоирону нависандагони бузургро эҳдо кардааст. Шумо танҳо Тоҷикистонро иборат аз тоҷикон гумон накунед. Тухми ин миллати бузург дар тамоми дунё доман афрохтааст ва танҳо дар як Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиёда аз 1 миллион тоҷикон кору зиндагӣ мекунанд».
Баъдан устод ба мо насиҳат карданд, ки вақтамонро танҳо ба омӯзиши илм сарф намоем ва байрақи баланди афрохтаи илму маърифати аҷдодони худро дар оянда боз ҳам баландтар бардорем.
Дар охир устод Бобоҷон Ғафуров ба ҳар яки мо нишони сарисинагии «80-солагии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР»-ро тақдим карданд.
-Чунин лаҳзаи хотирмон то ҳол аз ёдам фаромӯш намешавад ва чеҳраи зебою банури устод бо ҳамон лабханди зебою шинамашон пеши назарам ҳамеша ҳувайдост. Ман ҳама пешрафту дастовардҳои худро аз баракати дастфишории Бобоҷон Ғафуров ва дуои неки он кас медонам.
-Дар урфият чунин мегӯянд: «Кас агар ҳатто дар хобаш дасти подшоҳеро фишурад, дар амал ба пешрафту комёбиҳо соҳиб мешавад». Аҷиб он аст, ки ҳамаи ҳамкурсони мо, ҳамаи онҳое, ки ба дидору суҳбати ин марди фарзона муяссар шуда буданд, имрӯз дар зиндагӣ ҷойи худро ёфтаву соҳиби обрую нуфузи калон мебошанд,-гуфт Ӯлмас Қурбонов.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»