Тарбияи фарзанд ба гурӯҳи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои конститутсионии ҳар як падару модар мансуб аст. Тавре дар қисми 1 моддаи 34 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд». Аз ин сабаб, онҳо дар тарбия ва ба воя расонидани кӯдак масъулият ва ҷавобгарии баробар доранд.
Дар ҳама замон ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар, вобаста ба таълиму тарбия, диққати махсуси ҷомеа равона шуда буд. Хусусият, урфу одати мардуми мо низ метавонад дар тарбияи фарзандон нақши муҳим гузорад. Онҳо дар тафаккури кӯдак инъикос ёфта, ташаккули шахсияти наврасро муайян мегардонанд. Ба ин раванд падару модар, муҳити оила таъсири зиёд дорад. Дар асари бузурги Имом Ғазолӣ «Насиҳат-ул-мулук» омадааст, ки падару модар ба мисли сарчашмае мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффост. Вобаста ба таълиму тарбияи насли наврас аз ниёгонамон панду андарзи зиёде боқӣ мондаанд, ки имрӯз ҳам арзиш, таъсиру нуфузи худро гум накардаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари тамаддунпарвар рӯ ба рушди насли наврас овардааст. Ҳарчанд таваҷҷуҳи баъзе падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда ба раванди таълиму тарбия ва омӯзиши фарзандон то андозае суст шуда бошад ҳам, нисбат ба ин масъала давлат ғамхории зиёд зоҳир менамояд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар чорабиниҳои таъсирбахш гувоҳи он аст, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиму тарбияи кӯдаконро аз вазифаҳои муҳим мешуморанд.
Зикр намудан бамаврид аст, ки масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар чанде аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд, аммо мақсади асосии пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар қонуни мазкур иборат аз он аст, ки таълиму тарбия дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ, арҷгузории арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ амалӣ гардад.
Барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандон бо ғамхорӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар тамоми шароит муҳайё шудааст. Ҳуқуқу озодӣ ва манфиати кӯдакону наврасон ҳамаҷониба ҳифз мешавад. Аз ҷумла қонунгузор муайян намудааст, ки падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон муваззаф ва ҷавобгар мебошанд. Чораҳои пешгирӣ барои иҷро накардани уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ин воситаҳое мебошанд, ки қонунгузор баҳри дар амал татбиқ намудани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда пешбинӣ менамояд.
Дар таҷрибаи судӣ бисёр ҳолатҳое ҷой доранд, ки ин меъёр ва талаботи қонун аз ҷониби баъзе падару модарон риоя намегардад. Дар ин робита қонунгузории амалкунанда барои иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи фарзанд ҷавобгарии гражданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятиро пешбинӣ кардааст. Дар ҷараёни татбиқи қонуни мазкур дар мурофиаи судӣ парвандаҳо оид ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани падару модарон низ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Аз бепарвоӣ ва бемасъулиятии баъзе падару модарон фарзандони онҳо ба қонуншиканӣ даст мезананд.
Ҳангоми тафтиш аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян гардид, ки баъзе хонандагон ба дарсҳо бо телефонҳои мобилӣ меоянд, дар кӯчаю хиёбонҳо беҳудагардӣ мекунанд, ба бозиҳои компютерӣ ва дигар рафторҳои ношоям даст мезананд.
Дар муддати се моҳи соли ҷорӣ оид ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 15 адад парвандаи маъмурӣ баррасӣ шуд. Мутобиқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин падару модарон бо маблағҳои гуногун ҷарима шуданд. Ин масъала танҳо бо муҷозот ва чорабиниҳои маъмурӣ ҳал намешавад. Таълиму тарбия масъалаи мураккаб буда, фаъолияти дастаҷамъонаро тақозо менамояд. Аз ин ҷост, ки чунин масъулият мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бар дӯши падару модар, омӯзгор, давлат вогузор шудааст. Дар таълиму тарбияи насли наврас мо — кормандони мақомоти судӣ низ вазифадорем. Аз ҷониби кормандони масъул дар мактабу донишгоҳҳо суҳбату вохӯриҳо доир мегарданд. Талабот ва меъёрҳои қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба таълиму тарбияи насли наврас ҳамаҷониба фаҳмонида мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати риояи ҳатмии қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро таъкид намуда буд. Дар ин самт мо — кормандони мақомоти судӣ бояд фаъолияти босамар дошта бошем.
Муҳаммадвалӣ НАЗРИЕВ, судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе