Қиёмат

№95 (4045) 06.08.2019

(Памфлет)

0-02-04-6b140e03adef3bed5cd4b72fba7d4f29a5c86a14cb6038273724edfcf5583fa6_1b0fd022Ҳарчанд гӯши суханшунав кам аст, аммо намешавад нагуфту нанавишт. Воқеиятҳои иҷтимоъ гоҳе касро механдонанду гоҳе мегирёнанд. Ноилоҷ бо ин ҳама хандаву гиря зиндагӣ мекунем. Бефарҳангиро фарҳанг мегӯему ноодамиро одамгарӣ мехонем…

Зиндагӣ дар дохили нақлиё­ти мусофиркаш ҷӯш мезанад, мисли дарё талотум дорад. Гоҳе фарёду мағал мехезад, гоҳе мавҷи ханда баланд мешавад. Ошиқон бо ҳам роз мегӯянд. Яке дашном медиҳад, фишори дигаре аз алам баланд мешавад. Аз қошу қавоқи баъзеҳо барфу борон меборад ва гоҳе ҳам офтоби меҳрубонӣ тулӯъ мекунад. Хулоса, зиндагӣ ҳамроҳи мошинҳои мусофиркаш мечархад. Ҳар рӯз ду бор – пагоҳӣ ҳангоми ба кор рафтану бегоҳӣ вақти аз кор баргаштан қиёматро бо чашмонам мебинам. Рости гапро гӯям, ба дидани ин қиёмат одат кардаам, агар рӯзе онро набинам, зиқ мешавам, гӯё чизеро гум карда бошам, ба кофтан медароям.

0-02-05-c8fb0685f6c9f606ac4a1420dabd3327b9b65d804e0e1b660946342bd45d00b3_e999d970Ба мошини мусофиркаш савор мешавам, он ҷо аллакай қиёмат сар шудааст. Ҳаво гарму сӯзон аст. Одамонро паҳлуи ҳам чидаанд. Бӯи атр, туршӣ, даҳон, бӯи… фазоро пахш кардаву нафас кашидан душвор аст.

- Даҳсӯма? – дод мезанад пулчинак.

- Ман! – овоз мебарорад хонуме ва бақияи пулашро мегирад.

- Сесӯма?

- Ман!..

Ҳайрон нашавед, дар қиёмат одамон ном не, нарх доранд: сесӯма, панҷсӯма, даҳсӯма, бистсӯма…

- Кӣ пучид? – фиғони зане баланд мешавад. — Ту пучидӣ? – ғазаболуд ба рӯи мӯсафеди паҳлуяш нигоҳ мекунад.

- Астағфуриллоҳ, шарм намедорӣ, хоҳар, ба мани мӯсафед туҳмат мезанӣ.

- Пирғар, як бори дигар даст расонӣ, милисаро ҷеғ мезанам!

- Баъзеҳо шарм намедоранд, аз Худо наметарсанд, — бо тамоми овоз ба гап медарояд марде.

- Илоҳо зану духтару хоҳари онҳо ба даруни мусофиркаш дароянду дигар набароянд, — дуо мекунад зани куҳансоле.

Духтараке дар арақ тар шуда, аз тариқи телефон бо касе ҷанг дорад.

- Беномус… бо фиреб коратро кардиву акнун гурехта мегардӣ…

Одамон бо шубҳа ба он духтар менигаранд. Вай боитоб телефонро хомӯш мекунаду тирезаи дар наздашбударо калонтар мекушояд. Ҳамин вақт ронанда носи даҳонашро ба берун туф мекунад. Шамол онро печонда дубора ба мошин медарорад ва сару рӯи духтар пури нос мешавад.

- Ин чист?! Аз куҷо омад? – даст ба рӯ мемолад духтар.

Садои хандаи чанд нафар баланд мешавад.

- Чӣ механдед? Агар ин касофат ба сару рӯи шумо мерехт чӣ кор мекардед?! – ғунора мекунад зане ва аз сумкачааш оинаеро бароварда ба духтар медиҳад.

- Танка ҳаст? – дод мезанад пулчинак.

- Ҳаст! — овозе аз миёни издиҳом ба гӯш мерасад.

Мусофиркаш дар канори роҳ меистад.

- Танка, фаро!..

Чанд нафар ба дари мошин мечаспанд ва бо азобе худро ба он ҷо мекунанд.

- Ин мошин ё резин! – эътироз мекунад мусофире. Ҷой надорӣ, ин қадар одамро ба куҷо бор мекунӣ?

- Беҳуда мағал набардоред, — мегӯяд ронанда. Мо танҳо фикри шуморо не, фикри дигаронро ҳам мекунем.

- Ин пой соҳиб дорад ё не? – бонуе бо изтироб овоз баланд мекунад.

- Як тараф истед, поямро гирам, — хоҳиш мекунад марде ва баъди лаҳзае боз садояш шунида мешавад, ҳой, хоҳар, поятро аз болои поям бардор!

- Ту чӣ хел мард, як пойро соҳибӣ карда наметавонӣ?!

- Ҳой инсон, ту одам ё ширеш? – садои нафаре ба гӯш мерасад.

- Таҳқир накун, ҷӯра, аз сару рӯи ту ҳам арақ мисли борон меборад.

Ҳавои мусофиркаш лаҳза ба лаҳза вазнинтар мешавад. Мусофирон гӯё мисли яхмос об шудаву мерезанд. Бӯи бадан нафас кашиданро душвортар мекунад. Аз нӯги бинии марде як ду қатра арақ ба рухсораи зане, ки нишастааст, мечакад. Зан даст ба рӯ бурдаву бо ғазаб ба мард рӯ меорад:

- Чаро ба рӯи ман туф кардӣ?!

- Холаҷон, туф накардаам!

- Пас ин чист?

- Тасодуфан арақи рӯям ба рӯятон чакид.

- Арақ карда наметавонӣ накун, арақ, ки кардӣ ба ҳар сӯ напош! Фаҳмидӣ?!

- Фаҳмидам.

- Пули маро кӣ гирифт? – доду фарёди ҷавонзане баланд шуд. Аз ин садои ногаҳонӣ ба ёди одамон пулҳояшон расид ва даст ба ҷайбҳояшон бурданд.

- Дуздро қапидам! – эълон кард ҷавони тануманде.

- Дастамро сар деҳ, ман дузд нестам.

- Дузд набошӣ дастат дар ҷайби ман чӣ кор мекунад?

- Кисаи худамро хабар гирифтанӣ будам, ки пулҳоям дар ҷояшон ҳастанд ё не!

Ҳамин вақт ронанда сахт тормозро пахш кард. Одамон ба рӯи ҳамдигар афтиданд. Зане сахт ба нолиш даромад:

- Бачаамро зер карда куштед?!

- Кадом бача, мо ин ҷо бачаеро намебинем, — ба зан нигарист ҳампаҳлуяш.

- Ман ҳомилаам, дардам гирифт.

- Сабр кун, ин ҷо зоишгоҳ не, мошини мусофиркаш!

- Гӯед ин ҷо таваллуд накунад!

- Ронанда, мошинро нигаҳ дор!

- Нигаҳ надор, рост ба зоишгоҳ рон!

Ғавғои одамон баландтар мегашт. Фазои қиёматро ғулғулае пур карда ба таркиш наздик мешуд. Аммо садои тифли навзод ғавғоро пахш кард. Одамон як-як аз мусофиркаш фаромаданд ва барои навзод ҷо холӣ мекарданд…

Намедонам бегоҳ вақте аз кор бармегардам шоҳиди чӣ қиёмате мешавам, аммо қиёмат ҷои шӯхиву бозӣ нест, он ҷо ҳодисаву воқеаҳо ногаҳонӣ рух медиҳанд. Ба ҳар пешомаде омода бояд шуд.

ВОРИС, «Садои мардум»