Ҳоло сайёҳӣ яке аз мавзӯъҳои асосии воситаҳои ахбори оммаи кишвар ба шумор рафта, дар заминаи таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам рушд меёбад. Инчунин, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани солҳои 2019 -2021 имкон фароҳам оварда истодааст, ки ба бисёр мавзеъҳои аз мадди назар дурмонда аз нав таваҷҷуҳ зоҳир шавад.
Тахминан 30 километр дуртар аз пойтахт, дар доманаи кӯҳи Моштеппа деҳае мавҷуд аст бо номи Мағмуруд, ки тобеи Ҷамоати деҳоти «Роҳатӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Дар он шаршараи нодире мавҷуд аст, ки хеле кам муаррифӣ шудааст. Чанорҳои қадимаи деҳа низ диданианд.
Чанде пеш ҳамроҳи чанд дӯст ба он ҷо сафар кардем. Дар саргаҳи деҳа чанори азиме, ки дар зераш аз қубур оби чашма мерезад, побарҷост. Тахминан 200-300 метр боло, ки рафтед, ба назди шаршара мерасед. Он ҷо дарахтони анбӯҳ, махсусан чанорҳои баланд, ки нурҳои офтобро пӯшондаанд, мавҷуданд. Дар як гӯшаи боғ мазор воқеъ аст. Мардуми таҳҷойӣ онро «Мазори обпар» низ мегӯянд. Шаршара дар умқи ин дара ҷойгир аст. Ин мавзеъ он қадар васеъ набуда, оби мусаффою хунуки шаршара ҳавои ин ҷоро хеле салқину гуворо кардааст. Вақте оби ҷонбахшу сардро менӯшед, тану ҷонатон роҳат мекунад.
Баъди дидани ин манзараи нотакрор дӯсти мо Эмомалӣ Ҷӯраев таклиф кард, ин ҷо як мӯйсафеди куҳансол зиндагӣ мекунад, ӯро зиёрат кунем. Пешниҳодро қабул кардем ва дари ҳавлии бобои Салоҳиддинро кӯфтем. Аз дарун овози зане баромад : «Омадан гиред, бобо дар хона». Вақте вориди меҳмонхона шудем, дар болои ҷойгаҳ мӯйсафеди нуроние ба болиштҳо такя карда, бо чанд меҳмони дохили хона суҳбат дошт. Моро низ хайра мақдам гуфта, таклифи нишастан намуд ва даст ба дуо бардошт. Дастурхони бобои Салоҳиддин мисли дилаш кушода буд. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадори меҳнат аст, таърихи диёрро хуб медонад. Аз ташрифи мо хеле хушҳол шуд ва роҷеъ ба «Мазори обпар» ва ҳаёти пурбаракати хеш нақл кард. Дар ин миён доимо таъкид мекард: «Ба афсонаҳои ман хуб гӯш кунед». Ӯ аз ҷумла гуфт:
- Дар ин ҷо замонҳои қадим бузургон умр ба сар бурданд ва ман чанд маротиба онҳоро дар хоб дидаам. Мавзеи атрофи шаршараро «Дараи мазор», «Чормағзи гургон» ва «Товаи Рахш» ном мебаранд. Солҳои Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ аз ин деҳа ба фронт рафта, то Берлин расидам. Одамон дар майдони ҷанг аз зарби тир чун барги бед мерехтанд. Як рӯз, баъди ҷанги дурудароз хаста шудем ва шабона хостам ягон ҷои оромтар ёфта, хоб кунам. Ба чашмам як теппачае намудор гашт. Хазида ба он наздик шудам ва филфавр хобам бурд. Субҳидам, вақте чашм кушодам, чанд лаҳза дар ҷоям шах шудам. Дидам, ки он теппача аз ҷисми беҷони аскарон будааст, ки болои ҳамдигар гузоштаанд. Афсонаҳои ман зиёд аст, даҳшатҳое, ки дидам, агар гӯям, шояд бовар намекунед. Шукр, ки бо бадани пур аз захм ҳам бошад, ба диёр баргаштам. Умр боқӣ будааст, синнам аз 95 ҳам гузашт, соҳиби фарзандону набераҳо ва абераҳои зиёдам.
Баъди каме суҳбат аз бобои Салоҳиддин дуо гирифта, аз ҳавлӣ берун шудем.
Ҳангоми аз роҳи кӯҳӣ поин шудан, ҳамсафарон назди бинои бузургтаре, ки аз хонаҳои деҳа фарқ мекард, мошинро манъ карданд.
- Ин ҷо масҷиди деҳа аст. Агар ин маконро набинед, гӯё ҳеҷ чизеро надидаед.
Вақте вориди ҳавлии масҷид шудем, воқеан макони афсонавӣ пеши чашмамон ҷилвагар шуд. Дар мобайни ҳавлӣ диққати моро ҳавзи хурде, ки обаш кабуд буд, ҷалб кард. Ду чанори азим ҳавлии масҷидро пур карда буд. Аз таги яке аз онҳо оби сарду зулол ҷӯш мезанад. Дар бораи чанорҳо низ ривоятҳо зиёданд. Мегӯянд, ки умри якунимҳазорсола доранд.
Дар навбати аввал ба чунин гӯшаҳои нотакрори диёр бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир кард. Сониян, набояд обод мекунем гуфта, симои онҳоро тағйир диҳем. Яъне, шарт нест дар чунин ҷойҳо меҳмонхонаю истироҳатгоҳҳо бунёд намуд ва ин маконҳоро ба маркази дилхушӣ табдил дод. Масалан, шаршараи деҳаи Мағмуруд ва дигар муъҷизаҳои табиати ин ҷо бояд, тавре ки ҳаст боқӣ монад. Хуб мебуд масъулон роҳи ин масирро, ки он қадар тӯлонӣ нест, тахту ҳамвор ва ё мумфарш намоянд. Атрофи шаршара ва мазори дар он мавҷудбударо бо панҷараҳои намуди миллидошта оро додан аз манфиат холӣ нест. Дар даромадгоҳи дара ҳавзи хурде сохта, аз шаршара, ки 50 ё 100 метр дур аст, бо қубури қутраш хурд об овардан лозим аст. Мутмаинам, ки баъд аз нашри матлаб масъулин бетаъхир чораандешӣ карда, вуруди сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба ин мавзеи дилкушо зиёд мегардад.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»