РОССИЯ. Муқовимат бо коррупсия шадидтар мешавад
Қонуни федералӣ «Дар бораи тағйирот ба санадҳои алоҳидаи қонунгузории Федератсияи Россия бо мақсади муқовимат бо коррупсия» аз моҳи августи соли равон мавриди амал қарор гирифт. Тибқи он, ба Прокуратураи генералии кишвар салоҳият дода мешавад, ки аз бонкҳо ва органҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ дар бораи ҳисоби маблағҳо дар бонкҳои хориҷӣ маълумот талаб кунад.
Қонуни мазкур аз ҷумлаи 324 санади меъёрии ҳуқуқиест, ки дар Думаи давлатӣ (аз моҳи январ то охири моҳи июли соли ҷорӣ) вакилон баррасӣ карданд.
«Парламентская газета»
Вакили Думаи давлатӣ Василий Власов (аз ҳизби ЛДПР) ба вазири хоҷагии манзилию коммуналӣ пешниҳод кард, ки системаи гармигузарониро фаъол намояд. Вай гуфт, ки охири моҳи июл ва аввали моҳи август аз номи интихобкунандагонаш доир ба сард будани хонаҳояшон шикоят расидааст.
Мавриди зикр аст, ки охири моҳи сипаришуда дар шаҳри Москва ҳарорати ҳаво то ба +150 паст фаромад. Мутахассисон зикр карданд, ки ин ҳолат 70 сол пеш низ ба қайд гирифта шудааст.
РИА «Новости»
Сенати Амрико Қонуни «Ҳимояи интихобот аз таҳдидҳо бо роҳи ишораи хати сурх»-ро қабул кард
Он амалҳои дахолат ба гузаронидани интихоботҳоро дар Амрико пешгирӣ менамояд. Аз ҷумла, тибқи қонун, ба онҳое, ки барои дахолат кардан ба интихобот дар ИМА гумонбар дониста мешаванд, виза (раводид) дода намешавад.
Қонуни нав пас аз ҷонибдорӣ дар Палатаи намояндагон барои имзо ба Президенти ИМА пешниҳод мегардад.
Нашрияи «The Hill»
Ҳимояи мансаб «тавассути пул ва гречка»?
Президенти Украина Владимир Зеленский аз қарори Радаи Олӣ дар бораи аз нав дида баромадани Қонун «Дар бораи интихобот», ки вакилон онро рад карданд, изҳори андеша намуд.
- Вакилон системаи қаблии гузаронидани интихоботро қобили қабул донистанд, то ки муҳлати фаъолияти сиёсии худро тамдид кунанд. Онҳо ҳоло ҳам мехоҳанд, ки «тавассути пул ва гречка» мансабҳояшонро ҳимоя намоянд, вале «хато мекунанд», — навиштааст Владимир Зеленский дар «Фейсбук».
«Politfox»
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»