Чанде қабл муаррифии дастурамал барои вакилони Парлумон: «Аз муҳосираи иҷтимоӣ-ба баробарӣ», ки ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, баргузор гардид.
Нашри дастурамали мазкур тибқи нақшаи нашрияи Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо дар ҳамкорӣ бо идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва тавассути дастгирии Барномаи рушди СММ имконпазир гардид.
Дар ин чорабинӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои давлатӣ, СММ, ташкилотҳои ғайридавлативу байналмилалӣ, ҷамъияти маъюбон, аз ҷумла осебдидагон аз минаҳо иштирок доштанд.
Ин дастурамал, ки дар якҷоягӣ бо Департаменти оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии Котиботи СММ, Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва Иттиҳоди байнипарламентӣ таҳия шудааст, муҳтавои Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи маъюбон ва Протоколи иловагӣ ба онро дар бар мегирад.
Баъди аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ (моҳи декабри соли 2006) қабул гаштани Конвенсияи мазкур шумораи зиёди давлатҳо азми устувори худро баҳри риояи ҳуқуқи маъюбон изҳор доштанд. Зимнан Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон ва Протоколи иловагиро ба он моҳи марти соли 2007 баъди барои имзо пурра кушода гардидани он, ба тасвиб расониданд. Конвенсияи мазкур ба проблема ва ҳалли мушкилоти маъюбон нигаронида шуда, афкори ташаккулёфтаро оид ба нуқсонҳои ҷисмонию равонӣ тағйир медиҳад ва ҷомеа бояд эътироф кунад, ки тамоми одамон, сарфи назар аз нигоҳи вазъи ҷисмонию саломатӣ, имкониятҳои истифодаи неруи худро дошта бошанд.
Бештар аз як миллиард одамон ё 15 фоизи аҳолии ҷаҳон бо доштани ягон шакли маъюбӣ умр ба сар мебаранд. Ба даҳ нафари он як кӯдак рост меояд ва 80 фоизи онҳо дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ зиндагӣ доранд. Чун маъюбӣ дар тамоми олам мавҷуд аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно намебошад. Мувофиқи маълумоти расмии собиқ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ибтидои соли 2012 дар ҷумҳурӣ 171,4 ҳазор ашхоси маъюб нафақаи маъюбӣ мегирифтанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 26,3 ҳазор нафар кӯдакони дорои маъюбият то синни 18 — солагӣ (мувофиқи омори моҳи апрели соли 2013 собиқ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон) кӯмаки иҷтимоӣ мегиранд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» (аз 5 январи соли 2008) доир ба кӯмакҳои иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла кӯдакон, шароити бештар фароҳам овардааст. Ба кӯдакони имконияташон маҳдуд дар маҳали зисташон хизмати иҷтимоӣ расонида мешавад. Бо вуҷуди ин на ҳама эҳтиёҷмандон ба кӯмаку дастгирӣ фаро гирифта мешаванд. Камбудӣ оид ба хизматрасонӣ асосан дар муассисаҳои табобатӣ, аз ҷумла интернатҳо, боқӣ мемонад. Дар муассисаҳои табобатӣ тақрибан ду ҳазор чунин кӯдакон ҷойгир шудаанд, ки 16 фоизи ба кӯмак ва табобат ниёздоштаро ташкил медиҳад.
Консепсияи миллии таҳсили фарогир соли 2011 қабул шуда, айни ҳол мавриди татбиқ қарор гирифтааст. Қисмати бештари кӯдакони маъюб таҳсилоти муносиб намегиранд ва мактабҳои умумӣ барои қабули кӯдакони дорои имконияти маҳдуд омода ва таҷҳизонида нашудаанд. Теъдоди маҳдуди онҳо аз таҳсил дар муҳити хона истифода мебаранд.
Марказҳои машварати равонӣ, тиббӣ ва педагогӣ дар муассисаҳои статсионарӣ ҷойгир намудани кӯдаконро чораи охирин меҳисобанд. Ин марказҳо таваҷҷуҳи худро бештар ба мудохилаи барвақтӣ зоҳир карда, бо Ассотсиатсияҳои волидайни кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ҳамкории наздик доранд. Ҳоло нуҳ маркази машварати равонӣ, тиббӣ ва педагогӣ вуҷуд дорад, ки арзёбӣ ва барқарорсозии кӯтоҳмуддатро барои чунин кӯдакон таъмин менамояд. Дар давоми солҳои 2010-2012 беш аз 4900 кӯдаки маъюб дар нуҳ маркази машварати равонӣ, тиббӣ ва педагогӣ дар саросари кишвар муоина шудаанд.
Умуман, дар ҷумҳурӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ва ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон фаъолият менамоянд. Иттиҳодияи ҷамъиятии карҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1941 фаъолият мекунад. Ин созмон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ шуъбаҳо дорад. Онҳо дар панҷ корхона, чор мактаб ва як маркази фарҳангӣ ба касбукор машғуланд. Забони рамзии тоҷикӣ аз ҷониби ҳамин ҷамъият таҳия гардидааст.
Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аз соли 1937 шурӯъ ба фаъолият намуда, дар саросари ҷумҳурӣ 20 шуъба дорад. Мақсади ин ташкилот аз расонидани кӯмак ба шахсони дорои нуқси биноӣ дар дастрасӣ ба маълумот, манзил ва шуғл иборат мебошад. Ҷамъияти мазкур соҳиби якчанд мактаб ва корхона буда, барои аъзои он машварати ҳуқуқӣ ва хизматрасониҳои марбут ба нашри алифбои Брайл барои нобиноёнро мерасонанд.
Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон (аз соли 2008 ҳамчун иттиҳодия эътироф шудааст) фаъолияташро ба ҳимоя ва мусоидат ба риояи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд равона кардааст. Ин иттиҳодия аз 21 шуъба иборат буда, якчанд лоиҳаҳоро доир ба мутобиқ ва ворид намудани созмонҳои шахсони имконияташон маҳдуд ба ҷомеа татбиқ намуда истодааст. Он ҳамчунин барои ба имзо расонидани созишномаи ҳуқуқҳои шахсони маъюб мусоидат менамояд.
Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо соли 2003 таъсис ёфта, сохтори давлатӣ мебошад. Ин марказ масъули ҳамоҳангсозии тамоми амалиёти ба минаҳо вобастаи Тоҷикистон буда, меъёр, дастуру тавсияҳоро таҳия менамояд. Маълумотро оид ба ҳодисаҳои марбут ба мина ва дигар лавозимоти тарканда ҷамъоварӣ карда, ба маъюбон ва оилаҳои қурбониёни мина кӯмак мерасонад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки шахсони имконияташон маҳдуд аз кӯмаку дастгирии ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ бархӯрдоранд. Тавре раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ дар ин чорабинӣ изҳор намуд, масъалаҳои рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини зиндагии арзанда барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳим ва асосии сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар мебошад.
Мақоми олии қонунгузор ҷиҳати таҳкиму тақвият бахшидан ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон санадҳои меъёрии ҳуқуқиро пурра таҳия намудааст. Дар айни замон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд», «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ», «Дар бораи ветеранҳо», «Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд.
Ба маъюбон тибқи қонунгузории амалкунанда дар ҷумҳурӣ як қатор имтиёзу кафолатҳои иҷтимоӣ, ба монанди имтиёзҳои истифодаи ройгон аз нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар, пардохти ҳаққи манзил ва хизматрасонии коммуналӣ, хизматрасонии имтиёзноки тиббӣ, таъминоти доруворӣ ва монанди инҳо пешбинӣ гардидааст.
Дар ҷумҳурӣ механизми кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ таври пилотӣ (таҷрибавӣ) амалӣ шуда истодааст. Айни ҳол зиёда аз 180 ҳазор оила, ки камбизоат муайян шудаанд, аз кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ бархӯрдоранд.
То ҳол якчанд Конвенсияҳои СММ аз ҷониби давлати Тоҷикистон эътироф гардида ва ё Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ҳамроҳ гардидааст. Чунончӣ, Декларатсияи умумии ҳуқуқи инсон (соли 1948), Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак (соли 1989), Конвенсия дар бораи бартарафсозии ҳамаи намудҳои маҳдудкунии ҳуқуқҳо нисбати занон (соли 1981), Декларатсияи ҳазорсола (соли 2000) ва монанди инҳо.
Албатта, дар шароити мавҷуда бахусус дар давраи гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодӣ давра ба давра масъалаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба конвенсияҳое, ки аз тарафи СММ қабул гардидаанд, мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯхта, қонунҳои қабулгардидаро такмил ва мутобиқ мегардонад.
Дар ин ҷамъомад намояндагони чанде аз ташкилотҳои ҷамъиятии шахсони имконияташон маҳдуд доир ба мушкилот, камбудию норасоиҳои ҷойдошта ибрози назар намуданд. Аз ҷумла доир ба манзили зист ва ҷойи кор таъмин намудани онҳо, номувофиқатии истифодаи нақлиёти мусофирбар, набудани ҷойи махсус дар биноҳои истиқоматӣ, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва ғайра сухан ронда, ҷиҳати ҳалли чунин мушкилот кӯмаку дастгирии сохторҳои марбутаро хоҳиш намуданд. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Қурбонов ва Сабоҳат Муқумова дар ин робита доир ба таҳияву қабули санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ маълумоти бештар доданд. Минбаъд ҳангоми сохтмони биноҳои истиқоматӣ имконияти истифодабарии маъюбон ба эътибор гирифта мешавад. Вақти ба кор қабул намудан низ онҳо аз имтиёзҳо бархӯрдор мегарданд.
То моҳи феврали соли 2013-ум 155 кишвари дунё Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбонро ба имзо расонида, 130 давлат онро тасвиб намудаанд. Давлатҳои Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон онро имзо намуда, ба тасвиб расонидаанд. Ҷумҳуриҳои Беларус ва Тоҷикистон Конвенсияро ҳанӯз имзо накардаанд.
Атрофи ин масъала низ дар ҷамъомад изҳори назар шуд. Доир ба ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур комиссияи корӣ таъсис ёфтааст ва масъалаи мазкур мавриди омӯзишу таҳлил қарор мегирад.
Парламент дар татбиқу ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон нақши муҳим дорад. Дастурамал барои вакилони парламент «Аз муҳосираи иҷтимоӣ-ба баробарӣ» ба он мақсад омода шудааст, ки ба намояндагони парламент баҳри иштирокашон дар фаъолияти вобаста ба амалӣ намудани Конвенсияи мазкур кӯмак расонад. Шахсони имконияташон маҳдуд дар ҷомеа бояд аз ҳуқуқҳои баробар истифода баранд ва худро узви фаъоли ҷамъият ҳисоб намоянд.
Сеюми декабр Рӯзи байналмилалии маъюбон қайд мешавад, вале қадршиносӣ ва таваҷҷуҳу эҳтироми ҷомеа таври ҳамеша нисбати онҳо бояд эҳсос гардад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»