Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд

№102 (4052) 24.08.2019

(Идома аз шумораҳои гузашта)

 21 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар деҳоти «Яхтан» — и ноҳияи Деваштич ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии «Ҷӯрабеки Яхтан» ва «Ҳоҷӣ Абдуворис» шинос шуда, бо мардони рӯзгордида ва деҳқонон суҳбат намуданд.

Дар ҳар ду хоҷагӣ кишоварзон ба кишти полезӣ, парвариши ангур ва каду машғул мебошанд.

Тибқи иттилои деҳқони ботаҷрибаи хоҷагии деҳқонии «Ҷӯрабеки Яхтан» Ҷӯрабек Ахмедов, хоҷагӣ дар ихтиёр 11 гектар, аз ҷумла 3,40 гектар замини корам ва 1,50 га майдони токзори нав дорад, ки дар он асосан парвариши полезӣ ва ангури навъи «ҳусейнӣ» — ро ба роҳ мондаанд.

Зимни суҳбат бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди рӯзгордида, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ҷӯрабеки Яхтан» Абдуворис Орифов таъкид намуд, ки аз рӯи нақли аҷдодон ва мушоҳида заминҳои ин мавзеъ садсолаҳо боз бекор хобида буданд ва дар онҳо гулу гиёҳе намерӯид. Бо ташаббус, дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат ҳазорҳо гектар замин обёрӣ гардиданд ва онҳо ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуданд. Акнун мардум аз онҳо барои рӯзгузаронӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ васеъ истифода мебаранд.

Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Абдуворис» дар ихтиёр наздик ба 17 гектар замин, аз ҷумла, 8,19 га корам, 6,25 га обӣ, 1 га боғ ва 1,40 га майдони токи навъи «тоифӣ» дорад.

Тавре мушоҳида гардид, деҳқонон аз заминҳо самаранок истифода мебаранд ва аллакай соли аввал ҳосили фаровон парвариш кардаанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар маркази ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо аҳли зиёи вилояти Суғд суҳбати самимӣ доир карданд.

48591163871_e56d2d6ca0_oСарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нақши зиёиён, аз ҷумла, адибонро дар васфи зебоиҳои сарзамини аҷдодӣ, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, тарбияи насли оянда дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ махсус қайд карда, онҳоро даъват намуданд, ки тавассути барномаҳои фарҳангӣ осори тозаэҷодашонро ба ҳаводорони шеъру сухан пешкаш кунанд. Сари ҳар вақт маҳфилҳои эҷодӣ ва бо мардум мулоқотҳои самимӣ доир намоянд.

Шоирон Фарзона, Озарахш, Адибаи Хуҷандӣ, Гулноз ва дигарон барои таваҷҷуҳу ғамхории Сарвари давлат нисбат ба зиёиён изҳори сипос карданд.

Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар фаъолияти эҷодии аҳли зиёро қадр менамоянд. Аз ҷумла, ҳар сол мулоқоти анъанавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён доир мегардад, дар онҳо ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти шоирону нависандагон, рассомон, ҳунармандон, рӯзноманигорон ва дигарон таҳлилу баррасӣ карда мешавад.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли зиё фарорасии ҷашни бузурги миллӣ — 28 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро муборакбод гуфта, барояшон саломатию сарбаландӣ ва парвози баланди эҷодӣ орзу карданд.

 Шаҳри ГУЛИСТОН

 Нимаи дуюми 21 август дар дои­раи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулис­тон бо рафти корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар Осоишгоҳи «Баҳористон» шинос шуданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони Маҷмааи иншооти қабули меҳмонони олиқадр дар Осоишгоҳи «Баҳористон», воқеъ дар соҳили баҳри «Тоҷик», ошно шуда, бо коргарону сохтмончиён оид ба татбиқи саривақтии лоиҳаи бунёди он суҳбат карданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон коргаронро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи ватанӣ, нақшу нигори миллӣ, риояи қоидаҳои меъмории миллӣ ҳидоят карда, дастур доданд, ки дар саҳни ҳавлӣ ва атрофи иншоот дарахтони гуногун, чароғҳои ранга ва дар роҳравҳо сангҳои ороишӣ шинонида, фаввораю шаршараҳои сунъӣ бунёд карда, онро ба макони хуби сайру тамошои меҳмонон табдил диҳанд.

Дар соҳили баҳри «Тоҷик» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавзи моҳипарварии Осоишгоҳи «Баҳорис­тон» — ро аз назар гузаронданд. Мавриди зикр аст, ки зимни сафарҳои қаблӣ Пешвои миллат ба хотири рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ҳавз ҳазорҳо адад моҳии навъҳои «амури сафед», «пешонағафси сафед», «карп» ва ғайраро сар дода буданд.

Инчунин, дар «Баҳористон» барои таъмини истироҳаткунандагон бо хӯрокҳои парҳезӣ, гӯшт, шир ва тухм парвариши паранда, чорвои калон ва харгӯш ба роҳ монда шудааст.

Дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар маросими оғози мусобиқаи футбол байни дастаҳои наврасони вилояти Суғд барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок карданд.

Он бо қувваозмоии тимҳои наврасони «Спартак» — и шаҳри Хуҷанд ва «Ёвар» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ ёфт.

Аз дақиқаҳои аввали бозӣ мушоҳида гардид, ки наврасон дар вақти тамрин бо истифода аз шароити мусоид нозукиҳои варзиши оламшумулро аз худ кардаанд. Чустучолокӣ, риояи техникаи бозӣ ва дигар ҳаракатҳои футболбозон аз он шаҳодат медоданд.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди қабули «Барномаи рушди футбол барои солҳои 2012 — 2016» ва аз соли 2014, баъди эълони «Соли оммавигардонии футбол», дар кишвар ин намуди варзиш рушд кард ва кӯдакону наврасону ҷавонон ҳар чӣ бештар ба он рӯ оварданд.

Баъди анҷоми бозӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳавасманд гардондани футболбозони наврас, ба ҳамаи онҳо дучархаҳои замонавӣ ва тӯбҳои чармӣ тақдим карданд.

 НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД

 22 — юми августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварданд.

Меҳмони олиқадрро дар варзишгоҳи марказии ноҳия сокинони касбу кори гуногун, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии «Камола» ва намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорон шинос шуданд.

Хоҷагии деҳконии «Камола», ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат соли 2014 таъсис ёфтааст, ба парвариш ва кишти зироати гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла, пахта, машғул мебошад. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки заҳматкашони хоҷагӣ дар кишту парвариши зироати техникӣ таҷрибаи бой доранд. Майдони пахтазори он 10 гектарро дар бар гирифта, коркарди он бо истифода аз таҷрибаи ғании агротехникӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки дар хоҷагии деҳконии «Камола» пахтаи навъи «Хуҷанд-67» парвариш карда мешавад ва саҳмдорон ҳар сол аз он ҳосили хуб ба даст меоранд. Аҳли заҳмати хоҷагӣ кишту парвариши пахтаро бо тавсияи мутахассисони соҳа ва истифода аз тухмии баландсифат ба роҳ мемонанд. Ҳамин буд, ки соли 2018 аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 50-сентнерӣ пахта ҷамъоварӣ карданд. Имсол тавассути меҳнати зарбдор ва гузаронидани тадбирҳои муҳими агротехникӣ, аз ҳар гектар беш аз 55-сентнерӣ ҳосил ба даст оварданианд.

Дар маҳали боздид аҳли заҳмат дастранҷи меҳнати худро ба намоиш гузошта буданд. Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳия дар нимсолаи аввали соли равон ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус, маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ, чораҳои зарурӣ андешида, дар ҳамаи шакли хоҷагидорӣ дар майдони 30 ҳазору 639 гектар кишт гузарониданд. Ҳамчунин, 163 гектар заминҳои боир ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба 121 миллиону 882 ҳазор сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2018 — ум 9 миллиону 417 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш 108,4 фоизро ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз муваффақиятҳои кишоварзони ноҳия дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани майдони кишти зироат аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва афзоиш додани номгӯйи маҳсулоти содиротӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод бинои Қасри фарҳангро баъд аз таҷдид мавриди истифода қарор доданд.

Масоҳати умумии замини он 3 ҳазору 200 метри мураббаъро ташкил дода, дар муҳлати қариб 3 моҳ бо ҷалби мутахассисону коргарони маҳаллӣ пурра навсозӣ ва ба талаботи замон мутобиқ гардонда шудааст.

Бино дуошёна буда, аз 9 толори омӯзишӣ ва маҳфилҳо, аз ҷумла маҳфили драмма, сурудхонӣ, рубобнавозӣ, иттиҳоди дӯстдорони «Килки сабз», карнайнавозӣ, доиранавозӣ, шашмақом, рақс, шоҳмот, толори васеъ барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ бо 478 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ, китобхонаи бачагона, осорхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити кор ва суҳбат бо мутахассисони соҳа таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи фарҳанг, бахусус, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба ҳунару ҳунармандӣ, тадбирҳои мушаххасро марҳила ба марҳила анҷом медиҳад, то ки фаъолият дар шароити хуб пурмасъул ва натиҷаовар сурат гирад.

Мавриди зикр аст, ки дар идомаи корҳои таъмиру навсозӣ дар назди Қасри фарҳанг ғайр аз 8 маҳфили амалкунанда боз се маҳфили нав — рассомӣ, шоҳмот ва китобхонаи электронӣ таъсис дода шудааст.

Баъд аз навсозӣ ва таъсиси маҳфилҳо шумораи коргарон аз 12 ба 20 нафар ва иштирокдорони маҳфилҳо аз 80 ба 100 нафар расидааст.

Дар осорхонаи бино барои огоҳӣ пайдо кардани насли наврасу ҷавон аз таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик 2 ҳазор нигораи таърихӣ, ҳуҷҷатҳо ва расмҳо аз давраҳои гуногун нигоҳдорӣ мешавад.

Деворҳо ва сутунпояҳои дохили бино бо нақшунигори миллӣ хеле зебо гачкорӣ ва барои фароғату сайругашти сокинон дар саҳни бино фаввораҳо ва чароғакҳо насб карда шудааст.

Китобхонаҳои электронӣ ва бачагона, ки дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, барои ҷавонону сокинон макони мусоиди илмомӯзӣ ба ҳисоб меравад.

Дар толори бошукӯҳи Қасри фарҳанг Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи консертиро, ки таҷассумгари ваҳдату ягонагӣ ва истиқлолият буд, тамошо намуданд.

Сарвари давлат ба ҳунари волои санъаткорон, ки бештарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд, баҳои баланд ва барои рушди соҳа, ҷалб ва омодасозии кадрҳои болаёқат, дастуру ҳидоятҳо доданд.

Сипас, аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли фарҳанги ноҳия асбобҳои мусиқӣ тақдим карда шуд.

Дар ноҳияи Зафаробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бинои нави кӯдакис­тони хусусии «Афсона» — ро барои 200 нафар кӯдак дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.

Он дар масоҳати 2 ҳазору 280 метри мураб­баъ қомат афрохта, аз ду ошёна, таҳхона ва 10 синфхонаи таълимию ҳуҷраҳои корӣ иборат аст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муассисаи навбунёд шинос шуда, ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон дар шароити хуб, беҳтар сохтани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, инкишофи зеҳнии кӯдакон, ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи марти соли ҷорӣ бо ҷалби беш аз 50 нафар мутахассису коргари маҳаллӣ оғоз гардид. Аз рӯи тарҳ, дар ошёнаи якум хобгоҳ барои 200 нафар кӯдак, ошхона, толорҳои барҳавои таълимӣ ва машғулияти кӯдакон ба варзиши сабук, утоқҳои корӣ ва тиббӣ, дар ошёнаи дуюм толорҳои таълимӣ ва мусиқӣ ҷойгир шудаанд, ки бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла, мизу курсӣ, ҷевони либос ва дигар ашёву лавозимот таъмин мебошанд.

Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Афсона», ки дар доираи иқдомҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат барои бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шаҳло Кенҷаева бунёд гардидааст, дар арафаи соли нави хониш туҳфаи арзандаи ҷашнӣ барои таълимгирандагони он мебошад. Барои таълиму тарбияи хонандагон ба ин даргоҳ мураббиёни ботаҷриба ҷалб гардидаанд. Таҳсил дар муассиса бо 3 забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Қобили зикр аст, ки солҳои соҳибис­тиқлолӣ дар доираи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2019» дар Зафаробод 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 1000 нафар кӯдак ба истифода дода шудааст. Баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз бунёду навсозии 2 кӯдакистони дигар дар нақша аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Равшан» — и ноҳияи Зафаробод бо фаъолияти фермаи инноватсионии парвариши чорвои хурди шохдор — бузҳои зоти аврупоӣ ва корхонаи коркарди ширу истеҳсолӣ панир шинос шуданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки фермаи чорвопарварӣ соли 2015 дар ҳудуди фермаи хусусигардидаи соҳибкори маҳаллӣ Назар Ғоибназаров дар ҳамкорӣ бо шаҳрванди Австралия Ҷеври Диллон таъсис ёфта, ибтидо дар он 10 сар бузи ширдеҳ парвариш меёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорону мутахассисонро дар ташкили фермаи инноватсионӣ барои парвариши бузҳои зоти ширдеҳ муҳим арзёбӣ намуданд, ки саҳмгузорӣ дар иҷрои «Барномаи маҷмӯъавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2022» ҷиҳати афзун намудани саршумору маҳсулнокии чорво, таъмини бозори истеъмолӣ бо ғизои манфиатбахшу фоиданок мебошад.

Фермаи махсуси инноватсионии бузпарварӣ нахустин дар минтақа аст. Соҳибкорон бо мақсади афзун намудани саршумор, ба шароиту иқлими минтақа мутобиқ сохтану ба вуҷуд овардани гурӯҳи бузҳои ширдеҳ ва ташкил кардани фермаи махсус аз давлатҳои Шветсария ва Франсия нутфаҳои (тухмии) такаҳои зоти алпинии бузҳои ширдеҳ ворид намудаанд.

Корҳои афзун намудани шумораи бузҳои сершир ва ба вуҷуд овардани рамаи бузҳо дар ду марҳила гузаронида шудааст. Дар марҳилаи якум, аз роҳи бордоркунии сунъӣ бо истифода аз нутфаи такаҳои зоти аврупоӣ ва марҳилаи дуюм аз нутфаи такаҳои зоти алпинӣ ва қисман зоти бузи камарии Покистон истифода шудааст. Ин тадбирҳо дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони филиали Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шудаанд.

Дар солҳои 2016 — 2019 саршумори бузҳо ба 240 сар расонида шуд, ки 100 сари онро бузҳои ширдеҳ ташкил медиҳанд.

Ширдӯшӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар буз 2,5 — 3 литрро ташкил медиҳад. Дар натиҷа, дар як шабонарӯз 200 — 220 литр, дар як моҳ 6 — 6,5 тонна шири буз истеҳсол карда мешавад.

Фермаи махсуси бузпарварӣ бо таҷҳизоти технологии пешрафтаи инноватсионӣ — обу ғизодиҳӣ, профилактикию тарбияи бадани чорво, тозакунии иншоот ва ширдӯшӣ, ки истеҳсоли давлатҳои Шветсарияю Германия мебошанд, муҷаҳҳаз гардидааст.

Тавассути хати технологӣ обу ғизодиҳӣ, тақсимоти хошоку консентрат ва об ба таври автоматӣ мувофиқи талаботи зооинженерӣ сурат мегирад.

Шири буз ва ҷурғоту маҳсулоти дигари он, бино ба хулосаҳои илмию тиббӣ, ба организми одам манфиат­овар мебошанд.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо фермаи инноватсионӣ таъкид дош­танд, ки таъмину дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифату табиӣ омили асосии солимии ҷомеа мебошад. Ҳамчунин, зикр гардид, ки ҳар чӣ бештар ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти чорво, хусусан, шири чорво ва аз он истеҳсол намудани маҳсулоти ширӣ аз имкониятҳои таъмини аҳолӣ бо ғизои табиӣ мебошад.

Муассисони фермаи инноватсионии бузпарварӣ, инчунин истеҳсоли панирро тибқи усулу анъанаҳои аврупоӣ ба роҳ мондаанд.

Иқдоми соҳибкорони ватанию хориҷӣ оид ба ташкили фермаи бузҳои зоти аврупоию маҳаллии ширдеҳ қобили пайравӣ ва паҳн кардани ин таҷриба дар дигар минтақаҳои кишвар мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод дар вазъияти тантанавӣ Нишони давлатиро ифтитоҳ бахшиданд.

Баландии он 23 метрро ташкил медиҳад ва дар як мавзеи хеле ободу зебо сохта шудааст.

Баъди ифтитоҳи Нишони давлатӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадршиносӣ ба муқаддасоти миллӣ дар зери он гулчанбар гузоштанд. Дар атрофи нишон аз тарафи сохтмончиён фаввораҳо, роҳравҳои тахту ҳамвор сохта, садҳо ниҳоли ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки гузоштани муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, бунёди Нишони давлатӣ ва партавафшон кардани Парчами давлатӣ дар маркази маъмурии шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ҳукми анъана даромадааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2016 зимни сафари корӣ ба Зафаробод Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва баҳри бедор кардани ҳисси баланди ватандорӣ дар замири мардум дар майдони марказии ноҳия муҷассамаи аввалин Асосгузори давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомониро ифтитоҳ бахшида, дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро партавафшон намуда буданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

48598661257_976d097dac_oМасоҳати умумии он якҷо бо майдони Нишони давлатӣ 7,5 гектарро ташкил медиҳад.

Дар маркази боғ муҷассамаи Сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ, ки аз тарафи ҳайкалтарош Рустам Маҷидов бунёд шудааст, ҷойгир мебошад.

Дар боғ, ки аз ду даромадгоҳи асосӣ иборат мебошад, фаввораҳои гуногун, зиёда аз 80 адад чароғи ранга, 5 суҳбаткада, 400 дарахти ороишӣ, як шаршараи сунъӣ, амфитеатри таҷдидшуда бо 400 ҷойи нишаст, бинои маъмурӣ барои коргарони боғ, даҳҳо адад курсӣ, дӯконҳои фурӯши обҳои гуногун ва дигар иншооти зарурӣ мавҷуд аст. Атрофи он дар масоҳати 700 метр бо панҷараҳои пурнақшу нигори муҳофизатӣ таъмин гардида, барои нақлиёти сокинон 4 таваққуфгоҳ низ сохта шудааст.

Дар ин муассисаи фарҳангӣ 45 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, бо истифода аз нақшу нигори миллӣ сутуни дарвозаҳои боғ ва фаввораҳоро оро додаанд, ки хеле ҷаззоб ба назар мерасанд.

Бунёди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ туҳфаи арзандаи Пешвои миллат ба сокинони ноҳияи Зафар­обод дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Дар ноҳияи Зафаробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон баъди ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун бо шумораи зиёди сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти самимию созанда баргузор карданд.

Сарвари давлат иштирокчиён ва дар шахси онҳо мардуми ноҳияро ба муносибати ҷашни 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, ба хонадони онҳо саодати рӯзгорро орзу намуданд.

Таъкид гардид, ки даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди босуръати ноҳияи Зафаробод такони ҷиддӣ бахшид. Дар ин давра аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои рушди ноҳия 262 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 23 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Дар «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Зафаробод барои солҳои 2016 — 2020»-ум 106 лоиҳа ба маблағи 145 миллион сомонӣ пешбинӣ ва тайи сеюним соли охир 15 лоиҳа иҷро гардидааст. Ҳоло амалисозии 46 лоиҳаи дигар давом дорад.

Айни ҳол татбиқи 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дорад, ки дар доираи онҳо 24 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Баъди таҳлилу баррасии вазъи иқтисодию иҷтимоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод супориш доданд, ки бо истифодаи имкониятҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиро вусъат бахшида, баҳри бо дастовардҳои назаррас сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки сокинони заҳматқарини ноҳияи Зафаробод бо ҳисси баланди миллӣ ва дастгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат дар пешрафти Ватани азизамон — Тоҷикис­тони соҳибистиқлол саҳми боз ҳам бештар хоҳанд гузошт.

Дар охир чанд тан аз намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, аз рушди пайвастаи кишвар ва шукуфоии сарзамини аҷдодӣ бо роҳбарии Пешвои миллат шукргузорӣ намуданд.

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

22 август дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии Боғи миллии «Ваҳдат» боздид ба амал оварданд.

48603165171_7fb61932da_oНахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи дастовардҳои меҳнаткашонро, ки дар он навъҳои беҳтарини мева, сабзавот ва полезӣ, аз қабили себ, шафтолу, нок, анҷир, олу, пиёз, қаланфур, помидору бодиринг, каду ва тарбузу харбуза ба тамошо гузошта шуданд, аз назар гузаронданд.

Ёдовар мешавем, ки Боғи миллии «Ваҳдат» 20 марти соли 2008 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт. Майдони он 631 гектарро ташкил медиҳад, ки дар 364 гектар зардолу, 48 гектар шафтолу, 35 гектар себ, 5 гектар гелос, 12 гектар олу ва дар 10 гектар ангур парвариш карда мешавад.

Дар назди ин муассисаи давлатӣ бо ғунҷоиши то 300 тонна маҳсулот сардхона бунёд шудааст. Ин имкон медиҳад, ки ҳосили боғ талаф наёфта, маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ба харидорон пешниҳод гардад. Инчунин, 80 нафар доимӣ ва 60 нафар мавсимӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар Муассисаи давлатии Боғи миллии «Ваҳдат» бо вазъи моҳипарварӣ, ки дар се кӯли масоҳаташ 0,35 гектар роҳандозӣ гардидааст, шинос шуданд. Дар онҳо 15 ҳазор моҳии навъи «пешонағафси сиёҳ ва ало», «карп» ва «амури сафед» парвариш карда мешаванд.

ШАҲРИ ГУЛИСТОН

23 август сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон идома ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» оғози расмӣ бахшида, ба рафти навсозии 6 агрегати он аз наздик шинос шуданд.

DCIM100MEDIADJI_0004.JPGБа Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки таҷдиди асосии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум», иншооти ёрирасон ва гидротехникии он марҳила ба марҳила сурат мегирад. Ин иншооти гидроэнергетикии сарбанддори агрегатҳояш дар танаи дарғоти обпарто ҷойгирифта мебошад, ки дар соҳили чапи маҷрои Сирдарё воқеъ аст.

Корҳои сохтмонии неругоҳ соли 1952 оғоз гардида, агрегати якуми он бо иқтидори 21 мегаватт 15 — уми декабри соли 1956 ба кор дароварда шуд. Дар маҷмӯъ, 6 агрегати неругоҳ аз 20 — уми ноябри соли 1957 бо иқтидори пурраи 126 мегаватт ба фаъолият пардохта, ба обёрии заминҳои бекорхобида ва азхудкунии самараноки захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ибтидо гузошт. Феълан дар он 110 нафар, аз ҷумла, 20 нафар зан фаъолият доранд. Шумораи ҳайати муҳандисӣ- техникӣ 41 нафарро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат дастур доданд, ки барои татбиқи лоиҳа ва иҷрои корҳо дар ҳудуди 80 фоиз коргарони худи Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ва сокинони шаҳри Гулистон ҷалб карда шаванд.

Обанбори Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба ҳисоби иншооти мавсимӣ- танзимшаванда дохил мегардад. Ҳаҷми пурраи обанбор 3,5 миллиард мукааб ва ҳаҷми фоиданокии он 2,6 миллиард мукаабро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии обанбор ҳангоми пур шудани об то сатҳи болоии уфуқӣ 512 километри мураббаъро дар бар мегирад. Дарозии умумии сарбанди хокӣ ва бетонии неругоҳ ба 1300 метр ва фишори об ба иншооти гидротехникӣ ба 24 метр баробар мебошад.

Истеҳсоли солонаи неруи барқ дар неругоҳ ба ҳисоби миёна 600 — 650 миллион киловатт/соатро ташкил медиҳад ва иншоот ба системаи энергетикӣ тавассути 5 хати интиқоли барқи 220 киловолта ва 5 хати интиқоли барқи 110 киловолта пайваст аст.

Иттилоъ дода шуд, ки неругоҳ дар 63 соли фаъолият зиёда аз 40 миллиард киловатт/соат неруи барқ истеҳсол кардааст.

Бо татбиқи пурраи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Қайроққум», ки муҳлати он 57 моҳ, яъне, то соли 2023, муайян шудааст, иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегати неругоҳ аз 21 мегаватт то ба наздики 30 ва дар маҷмӯъ, тавононии неругоҳ аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт расонида шуда, умри он боз садсолаҳо зиёд ва тавоноиаш бештар мегардад.

Дар маҷмӯъ, бо татбиқи пурраи лоиҳа иқтидори Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» 50 мегаватт зиёд гардида, истеҳсоли миёнаи неруи барқ то ба 38 фисад афзоиш меёбад. Ин имкон медиҳад, ки таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодии вилояти Суғд бо неруи барқ беҳтар гардад.

Маблағи умумии корҳои таҷдиду навсозии иншоот 1 миллиарду 900 миллион сомониро ташкил медиҳад. Асосноккунии техникӣ — иқтисодии таҷдиди неругоҳ соли 2014 дар доираи лоиҳа бо ҷалби сармоягузории грантии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз ҷониби ширкати машваратчӣ «IC Consulenten»- и Австрия сурат гирифтааст.

48604275556_98e0fc0d1c_oАснои шиносоӣ бо лоиҳа Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини марбутаи мамлакат барои назорати иҷрои босифати корҳо супоришҳои мушаххас дода, ба ширкати пудратии лоиҳа Консортсиуми ширкатҳои «General electric Hydro» (Франсия), «General electric renewable Switzerland» (Швейтсария) ва «Cobro Instalaciones Servicios S.A» (Испания) ҷиҳати дар сатҳи баланд ва дар муҳлати муқарраргардида амалӣ намудани ҳадафҳои дарпешгузошташуда пешниҳодҳои судманд карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки баъди анҷоми корҳои муҳим дар самти рушди соҳаи энергетика то соли 2023 Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ хоҳад расид.

Бо таҷдиди пурраи неругоҳ системаи он бо технологияи навтарин ва пешрафта иваз карда мешавад, ки ин сифати хизматрасониро бамаротиб беҳтар мегардонад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷараёни таҷдиду навсозии неругоҳ шинос шуда, татбиқи лоиҳаро дар рушди иқтисодии кишвар ва вазъи таъмини неруи барқ, махсусан дар вилояти Суғд, дорои манфиати зиёд арзёбӣ карданд.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки вобаста ба нақша ширкати пудратӣ дар доираи лоиҳа раванди таҳвил ва васлу насби 6 агрегат, таҷҳизоти барқии ёрирасони онҳо, 6 турбина ва системаи идоракунии он, ивази 6 ғалақаи обӣ, дастгоҳи тақсимкунандаи элегазии 110 киловолта, 6 трансформатори 10,5/ 110 киловолта, 2 трансформатор бо иқтидори 125 мегаватт, таъмири ду крани борбардор, нуқтаҳои харобгардидаи садди бетонӣ, дарғоти обпарто, навсозии асосии дарвозаи дарғот, ивази таҷҳизоти назоратии иншооти гидротехникии обанбор ва дигар корҳои муҳиму аввалиндараҷаи иншоотро ба уҳда дорад.

Дар доираи лоиҳа ширкати ватании Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ҳамчун зерпаймонкор корҳои таҷзия, васлу насби таҷҳизоти асосӣ ва корҳои сохтмониро ба иҷро мерасонад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади татбиқи нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва амалӣ кардани мақсадҳои неку дурбинонаи Роҳбари давлат дар самти таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ кашида, зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шуданд.

Оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун, ба истифода додани хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ — и «Душанбе — Роғун», ба кор андохтани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ ва 220-киловолтаи Неругоҳи барқи обии «Роғун», мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда — 1», «Сангтӯда — 2», «Помир — 1», Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2», зеристгоҳҳои барқии 500-киловолтаи «Душанбе»ва «Суғд», хати интиқоли барқи 500-киловолтаи «Ҷануб — Шимол», дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500 киловолта дар Неругоҳи барқи обии «Норак», зеристгоҳҳои барқии 220 киловолтаи «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран — 2», хатҳои интиқоли барқи 220 киловолтаи «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон — Афғонистон», «Хуҷанд -Айнӣ», «Қайроққум — Суғд», «Айнӣ — Рӯдакӣ» ва оғози татбиқи воқеии лоиҳаи САSA — 1000 аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд.

Бо татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар даҳ соли охир иқтидори истеҳсолии системаи энергетикии кишвар 1320 мегаватт зиёд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500, 220 ва 110-киловолта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Мавриди зикр аст, ки танҳо дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд 7 корхонаи нави саноатӣ ифтитоҳ гардид, ки дар роҳи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, таъсиси садҳо ҷойи корӣ қадами муҳиму устувор ба шумор меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Гулистон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

DCIM100MEDIADJI_0013.JPGСохтмони он дар масоҳати 0,5 гектар тӯли се моҳ бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ба анҷом расонида шудааст.

Сутунпояи Нишони давлатӣ бо баландии 17 метр бо истифода аз масолеҳи аълосифат бунёд гардидааст.

Давраи Нишони давлатӣ 2,5 метр, дар маҷмӯъ, баландии он бо сутунпояаш ба 19,5 метр баробар мебошад.

Майдони Нишони давлатӣ  хеле ободу зебо ва роҳравҳои атрофи он дар масоҳати зиёда аз 2000 метри мураббаъ сафолакпӯш гардонда шудааст.

Атрофи иншоот бо зиёда аз 100 ҳазор дона гулу буттаҳои мавсимӣ сабзу хуррам гардидааст. Акнун бо фароҳамсозии шароити зарурӣ ин майдон ба як макони диданӣ табдил ёфтааст, ки барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони ин шаҳри саноатию сайёҳӣ басо мувофиқ мебошад.

Зинапояҳои назди Нишони давлатӣ дар масоҳати 600 метри мураббаъ бо истифода аз сангҳои ороишии ватанӣ зиннат ёфтаанд. Дар он ҷо, ҳамчунин, фаввораҳои зебо бунёд гардидааст, ки тарҳашон муосир ва ҷолиби диққат мебошад.

Дар майдони Нишони давлатӣ наздик ба 100 бех ниҳоли ҳамешасабз шинонида шудааст. Барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон 3 айвонча низ мавҷуд аст. Ҳамчунин, 320 метр девор ва 200 метр панҷараҳои иҳотавии бинои мазкур навсозӣ гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулин ҷиҳати нигоҳубини хуби иншоот ва сабзу хуррамгардонии атрофи он дастуру ҳидоятҳо доданд.

НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилоя­ти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Файзбахш»-ро ифтитоҳ карданд.

Бинои навбунёди дуошёнаи кӯдакис­тон аз маҷмӯи иншооти асосӣ ва ёрирасон иборат буда, дар ошёнаҳои якум ва дуюми он 8 ҳуҷраи бозии кӯдакон, 8 ҳуҷраи хоб ва ошхона мавҷуд аст. Толорҳои варзишӣ ва мусиқӣ дар таҳхона ҷойгир шудаанд.

Кӯдакистон имкон дорад ҳар рӯз 300 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад.

«Файзбахш» дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи соҳибкор Отиной Бутаева бо шароити муосир сохта шудааст.

Таълиму тарбия дар кӯдакистон бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Масоҳати кӯдакистон 25 садякро ташкил менамояд. Худи бино дар масоҳати зиёда аз 1609 метри мураббаъ сохта шудааст.

4 айвончаи зебои саҳни ҳавлии боғча барои гузаронидани машғулиятҳо ва бозии кӯдакон бисёр мувофиқ аст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассиса шумораи боғчаҳои кӯдакона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба 25 адад расид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар «Файзбахш» ба сифати корҳои бунёдӣ ва шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, онро туҳфаи арзанда ба истиқболи  таҷлили 28 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов маънидод намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба 100 нафар ятими кулл, ки таълимгирандагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошанд, туҳфаҳои идона тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин табақаи ҷомеаро, ки бо амри тақдир аз меҳру муҳаббати оила маҳрум гардидаанд, бо фарорасии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфта, ба онҳо дар идомаи таҳсил ва ҳаёти мустақилона барору комёбӣ орзу намуда, таъкид доштанд, ки бо хониши хубу аъло ва ахлоқи ҳамида ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ба воя расанд.

Ятимон изҳори сипосу миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимияти беандоза ва меҳри зиёд баён намуданд.

Туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат аз кумакпулии яквақтаина ва сарулибоси зебо иборат буд. Ҳамчунин, баҳри афзун гардидани шодию нишоти ятимони кулл дастурхони идона ороста шуд.

Мутобиқи маълумоти оморӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 723 ятим ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 16 нафарро ятимони кулл ташкил медиҳанд. Ҳамаи онҳо таҳти таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва барояшон шароити мусоиди таълиму тарбия муҳайё карда шудааст.

Сипас, дастаи ҳунармандони ҷавону навраси ятим дар назди Сарвари давлат бо барномаи рангини пурмуҳтаво баромад намуданд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов ифтитоҳ бахшиданд.

Майдони умумии он 0,15 гектарро ташкил намуда, бо маблағгузории соҳибкорони ватандӯст аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Истиқлол» бо истифода аз масолеҳи хушсифат ва бо сифати баланд сохта шудааст.

Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ 24 метр ва андозаи нишон 2,4 метрро ташкил медиҳад. Он аз рӯи лоиҳаи ширкати сохтмонии «Шаҳрофар» — и вилояти Суғд дар муддати қариб 4 моҳ бунёд гардидааст.

Майдони Нишони давлатӣ, ки 3000 мет­ри мураббаъро ташкил медиҳад, бо гулу буттаҳои мавсимӣ оро ёфтааст. Атрофи майдони онро шабонгоҳ 30 адад чароғак равшан менамоянд. 3 фаввора ва 8 нишастгоҳ, ки бо тарҳи нав сохта шудаанд, ба ҳусни атрофи майдони нишон зебогии дигар зам мекунанд.

Майдони сайру саёҳати назди нишон ба талаботи замон мутобиқ буда, имкон фароҳам меорад, ки сокинону меҳмонон  дар он ҷо вақти худро хушу хотирмон гузаронанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов корхонаи истеҳсолии коркарди нахи пахта ва ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Органик Ян»-ро расман ифтитоҳ бахшида, бунёди онро саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ карда, таъкид доштанд, ки дар мамлакат барои рушди соҳаи саноат иқтидору имкониятҳо зиёданд. Аз ҷумла, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳа маҳсуб меёбад.

48605515131_637faf510a_oДар корхона нахи пахта коркард ва аз он риштаи пахтагин истеҳсол мегардад. Коркарди нахи пахта дар дохили кишвар яке аз самтҳои муҳими саноатикунонӣ маҳсуб меёбад, зеро аз он истеҳсол гардидани маҳсулоти нимтайёру ниҳоӣ иқтидори содиротиро афзун карда, ба иқтисоди миллӣ даромад меоварад.

Корхона, ки самараи ҳамкории соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркия мебошад, бо арзиши лоиҳавии 70 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Аз ин маблағ 35 миллион сомониаш саҳми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «25-солагии Истиқлолият»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боқимонда саҳми ширкати «Мехмет Доган»-и Ҷумҳурии Туркия аст.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии сохтмони корхона ду гектар ва масоҳати иншооти истеҳсолӣ беш аз як гектарро ташкил медиҳад. Дар корхона коркарди нахи пахта ва истеҳсоли ришта бо технологияи пешрафта сурат мегирад. Таҷҳизоти технологӣ сохти ширкати «Марзолли»-и Италия мебошад. Хати технологӣ аз 5 қисм иборат аст. Дар ин ҷо ришта аз нахи пахта дар чанд марҳила — шонакунӣ, пилтапечӣ, лентасуфтакунӣ, ресмонресӣ ва ғалтакпечӣ омода мешавад.

Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона коркарди 5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли ришта аз он мебошад.

Соҳибкорон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷорӣ намудани имтиёзҳои давлатӣ ва сабукиҳо ҷиҳати вориди технологияҳои муосир изҳори сипосу қаноатмандӣ намуданд.

Дар корхонаи ресандагӣ дар марҳилаи аввал 100 нафар ва дар марҳилаи дуюм боз 100 нафар, дар маҷмӯъ, 200 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд, ки қисми асосиро занону духтарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Таъсиси корхонаи ресандагӣ дар деҳаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов тадбири муҳим дар самти татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалисозии барномаҳои рушди иқтисодӣ баҳри коркарди ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, таҳкими иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ арзёбӣ гардид.

(Идома дорад)

 www.president.tj