Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд

№103 (4053) 27.08.2019

(Идома аз шумораҳои гузашта)

 шаҳри Хуҷанд

48605774057_55287a0190_o 23 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд боғчаи бачагонаи «Ғунчаи истиқлол»- ро, ки бо тарҳи хеле зебо дар масоҳати умумии 1 га бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Он, ки аз се ошёна ва таҳхона иборат аст, имкон дорад 200 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.

Дар ин муассисаи томактабӣ 40 нафар имкон пайдо намуданд, ки дар шароити хубу муосири корӣ ба тарбияи кӯдакон машғул шаванд.

Боғча дорои хонаи қабули кӯдакон, толорҳои васеи таълимӣ, ҳуҷраҳои барҳаво барои хоби кӯдакон, утоқи санитарӣ, толори мусиқӣ, толори калон барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои тиббӣ, ошхона, анборҳо барои нигоҳ доштани сабзавоту ғалладона мебошад. Дар саҳни ҳавлии бинои он шаш айвончаи бозӣ, майдончаи варзишии тобистона ва ҳавзи шиноварӣ бунёд гардидааст.

Дар муассиса омӯзиш бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон ба корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардида баҳои баланд доданд.

Сокинони шаҳри Хуҷанд муассисаи навбунёдро туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат барои насли ояндасози миллат арзёбӣ ва ба Президенти мамлакат барои ғамхориҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Пешвои миллат тарбиятдиҳандагонро барои тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ ҳидоят карданд.

48605981792_04b16a1e2c_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ ва шиносномадиҳии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти ­Суғдро, ки бо тарҳи зебо дар масоҳати умумии 10 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Дар ошёнаи якуми бинои он ҳафт ҳуҷраи корӣ, дар ошёнаи дуюм панҷ ва дар ошёнаи сеюм се утоқи корӣ, толори маҷлис ва хобгоҳ ҷойгир мебошад. Дар таҳхонаи бино хазина, ду утоқи корӣ ва толори варзишӣ барои кормандон ҷойгир аст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот, ки моҳи марти соли 2019 бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ оғоз гардид, моҳи августи соли ҷорӣ, бо истифода аз масолеҳи сохт­монии истеҳсоли ватанӣ бо сифати баланд ба итмом расонда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро дар доираи истиқболи сазовор аз 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳа табрику муборакбод намуданд.

Мавриди зикр аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар дар ҳама шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан ва саҳми бештар дар таъмини оромӣ ва суботи ҷомеа ҳидоят карданд.

Ба кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 адад мошини хизматӣ тақдим карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлуи бинои Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ, ҳамчунин, бинои шиносномадиҳии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти ­Суғдро ифтитоҳ бахшиданд.

Он аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар қабати якуми он ҳафт ҳуҷраи корӣ, дар ошёнаи дуюм панҷ утоқи корӣ ҷой гирифтааст.

Ҳамчунин, бинои шиносномадиҳӣ дорои толори маҷлис бо 35 ҷойи нишаст ва таваққуфгоҳ мебошад.

Дар гирду атрофи иншооти мазкур зиёда аз 100 дарахти сояафкан ва 15 ҳазор гули мавсимии ороишӣ шинонда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи март оғоз гардида, моҳи августи соли 2019 бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба анҷом расидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд ва барои мақсаднок истифода намудани иншооти навбунёд ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд» — ро ифтитоҳ намуданд.

Мақсад аз ин корхонаи азими саноатӣ, ки дар маҳаллаи «Ваҳдат» дар майдони 9288 метри мураббаъ замини ғайрикишоварзӣ бунёд гардидааст, истихроҷ ва коркарди сангҳои табиӣ мебошад.

Барои истеҳсоли масолеҳ ба корхона аз қитъаҳои «Хорокон» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Ровакон» — и ноҳияи Ашт сангҳои табиӣ истихроҷ ва дастрас карда мешавад. Захираи ашёи хом дар ин конҳо барои беш аз 50 сол кофӣ мебошад.

Ҳаҷми истихроҷи хоросанг дар корхона дар як моҳ аз 60 то 120 метри мураббаъро ташкил дода, тахтасанг, панҷара, фаввора, мизу курсӣ, таҷҳизоти ошхона, гулдон, инчунин, монеаҳо барои роҳрав, сафолакҳо, пардаовез, сутунпояҳо ва дигар номгӯйи маҳсулот бо шакл, ҳаҷм, миқдор ва ороиши гуногун истеҳсол мегардад.

Истихроҷ ва коркарди санги хоро тавассути дастгоҳу таҷҳизоти муосир сурат мегирад. Раванди истеҳсолот тавассути компютер идора ва назорат карда мешавад. Бештари дастгоҳу таҷҳизоти корхона, аз ҷумла дастгоҳи суфтакунӣ, бори нахуст ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.

Санги мармар дар ҶДММ «Хорои Хуҷанд» мутобиқ ба фармоиши мизоҷон аз ширкатҳои истихроҷкунандаи ватанӣ дастрас ва коркард мегардад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ҶДММ «Хорои Хуҷанд» 58 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши аз 1500 то 2000 сомонӣ таъмин гардидаанд. Масъулон нақша доранд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи фаъолияти корхонаро васеъ намуда, боз 30 ҷойи нави корӣ таъсис диҳанд.

Корхонаи нави истеҳсоли шаҳри Хуҷанд барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти ­ворид­о­­ти­вазкунанда ва коҳиш додани ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ заминаи устувор мегузорад.

Баъди шинос шудан бо истеҳсолот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Хорои Хуҷанд»-ро тамошо намуданд. Дар он номгӯйи гуногуни маҳсулот ва масолеҳи дар корхона истеҳсолшаванда ба намоиш гузош­та шуд.

Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки 93 фоизи онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, имконияти фаррохи истих­роҷ ва коркарди захираҳои табиӣ, аз ҷумла, санг, мавҷуд аст ва истифодаи самараноку оқилонаи он муҳим мебошад. Бо дарназардошти зиёд будани талабот ба чунин навъи маҳсулот дар мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба масъулони ҶДММ «Хорои Хуҷанд» ҷиҳати боз ҳам бештар намудани ҳаҷми истеҳсолот, таъмини пурраи талаботи аҳолӣ бо ин намуди маҳсулот ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти аз санг омодашуда дастуру ҳидоятҳо доданд.

48610851736_b32dfb3ab3_oДар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди равғани ҶДММ «ЗирвЭко» ба истифода дода шуд.

Он, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдумубин Абдушукуров таъсис ёфтааст, дар як шабонарӯз то 30 тонна равғани растанӣ коркард менамояд.

Равғани хоми офтобпараст, пахта, рапс ва соя аз корхонаҳои равғанкашии ватанӣ ва хориҷи мамлакат ба корхона дастрас мегардад ва бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон дар 7 марҳила, дар шароити пӯшида поксозӣ карда мешавад. Дар натиҷаи полоиши чандкарата равғани безарар, баландсифат ва ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ омода мегардад.

Дар корхона 40 нафар сокини маҳалӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Маоши онҳо ба ҳисоби миёна 1500 сомониро ташкил медиҳад. Ҷараёни коркарди равғани растанӣ дар он тавассути технологияи муосир назорат мешавад. Ҳам маҳсулоти ба корхона воридшуда ва ҳам коркардшуда, яъне маҳсулоти тайёр, аз ташхиси пурра гузаронида мешавад. Дар заминаи коркарди дуруст ва ташхиси ҳамаҷониба мутахассисон ба сифат ва бехатарии маҳсулот кафолат медиҳанд. Ташхисгоҳи ҷамъият бо дастгоҳҳои замонавӣ ҷиҳозонида шудааст ва дар он мутахассисони ботаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд. Дастгоҳу таҷҳизоти корхона дар масоҳати 1000 метри мураббаъ дар 7 қабат васлу насб гардидааст. Чунин намуди технологияи коркарди равғани растанӣ, ки бори нахуст ба мамлакат ворид карда шудааст, барои муҳити зист зараровар нест. Барои нигоҳдории равған дар саҳни корхона ва дохили бинои асосӣ зарф­ҳои махсуси ба ҳама ҳолат тобовар гузошта шудааст, ки ҳаҷми умумии ғунҷоиши онҳо ба 400 тонна баробар мебошад. Баъди коркарди пурра равғани растанӣ бо тамғаи «Олия» ва «Софӣ» дар ҳаҷми аз 0,5 то 5 литр бандубаст мегардад.

Маҳсулоти корхона асосан ба бозори дохилӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бароварда мешавад. Дар оянда масъулон нақша доранд, ки истеҳсоли чарбуи растаниро низ ба роҳ монанд. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф таҷҳизоти асосӣ аллакай харидорӣ ва ворид карда шудааст. Технологияи истеҳсоли чарбу аз равғани растанӣ дар ҷаҳон 10 сол пеш ба роҳ монда шудааст ва дар миқёси Осиёи Миёна вуҷуд надошт. Баъди ба кор андохтани ин хати истеҳсолӣ корхонаи ҶДММ «ЗирвЭко» дар ҷаҳон 26 -умин корхонаи истеҳсолкунандаи ин намуд маҳсулот ба ҳисоб хоҳад рафт.

Чарбуи растанӣ, ки ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар ворид мегардад, асосан барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, хоса, ширӣ, гӯштӣ, шириниҳо ва ғайра истифода бурда мешавад.

Корхонаи коркарди равғани растании ҶДММ «ЗирвЭко» дар майдони қариб 1 гектар бунёд ёфтааст.

Иқдоми соҳибкор аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании воридотивазкунанда ва содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат шоёни таҳсин арзёбӣ гардид.

 Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятими кулл кумаки моддӣ расонда, бо онҳо суҳбати гарму самимӣ доир карданд.

Ин навбат хонандагони синф­ҳои аз 6 то 11 — и мактаб — интернатҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯс­тон, Ашт ва Мастчоҳ аз туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз кумакпулӣ ва сарулибос иборат буд, баҳравар шуданд.

Зимни суханронӣ дар назди ятимон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти Давлату Ҳукумат нисбат ба табақаи ниёзманд андешаронӣ карданд.

Хонандагон ба Сарвари давлат барои дастгирӣ ва фароҳам сохтани шароити созгори зисту таълим изҳори сипос намуданд.

Дар вилояти Суғд 15 муассисаи иҷтимоӣ — интернатҳо, хонаи кӯдакон ва маъюбон амал мекунад, ки дар онҳо 470 нафар ятимон ба ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 245 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд.

Муассисаҳои иҷтимоӣ аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мешаванд. Ҳамчунин, бо ҳидояти бевоситаи Президенти мамлакат сарпарастон аз ҳисоби вазорату идораҳои давлатӣ ва шахсони эҳсонкор дар арафаи иду айём аз ҳоли онҳо хабар гирифта, барояшон сарулибос, хӯрокворӣ, ашёи хониш ва ғайра дастрас мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ятимон имтиёзҳои махсус муайян гардидааст. Онҳо бо квотаҳои ҷудонамудаи Сарвари давлат бе имтиҳон ба муассисаҳои олии кишвар барои идомаи таҳсил қабул карда мешаванд.

Он рӯз, инчунин барои 100 кӯдаки ятим аз ҷониби Пешвои миллат дастурхони пурнозу неъмат ороста, барномаи махсуси фарҳангӣ ташкил карда шуд, ки боиси болидарӯҳии онҳо гашт.

 Шаҳри Бӯстон

24 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон коргоҳи маҳсулоти сохтмонии ҶДММ «Тоҷфилиз» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо  хати истеҳсолӣ ва имкониятҳои коргоҳи навтаъсис аз наздик шинос шуда, бо кормандони он суҳбат намуданд.

Коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии ҶДММ «Тоҷфилиз», ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат  аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфтааст, ба коркарди метал,  истеҳсоли мех ва мехи печон машғул мебошад.

Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки корхона метавонад дар як моҳ то 600 тонна металро коркард намуда, беш аз 200 навъи мех ва мехҳои печон истеҳсол намояд. Ин навъи маҳсулот ба кишвар аз хориҷ ворид мегардид. Иншооти мазкур, ки бо муосиртарин хати истеҳсолӣ аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ таъмин гардидааст, маҳсулоти босифатро бо дарназардошти талабот ва стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол менамояд.

Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот асосан аз корхонаҳои ватанӣ, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дастрас мегардад. Айни замон, ки корҳои ободониву бунёдкорӣ ва сохтмони иншооти гуногун дар кишвар равнақ пайдо кардааст, талабот ба ин навъи маҳсулот хеле зиёд аст. Ҳамчунин, корхона имконият дорад, ки барои содирот низ навъҳои гуногуни мехро истеҳсол намояд. Он бо харҷи 18 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Ҳайати корӣ, ки аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд, бо дастгоҳҳои муосир ошноӣ доранд. Дар корхона 50 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гаштаанд, ки ба иттилои масъулин аз 2500 то 3000 сомонӣ музди меҳнат мегиранд.

Иншооти мазкур дар масоҳати беш аз 3 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Лоиҳаи иншоот аз ҷониби КВД «Лоиҳакаш» дар шаҳри Бӯстон таҳия гардидааст. Пудратчии он ҶДММ «Истиқлол ва КО» мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар он бо дарназардошти талаботи муосир ва бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ анҷом дода шудаанд.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат ба сифати маҳсулоти коргоҳи нав баҳои баланд дода, барои фаъолияти мунтазаму пурсамар ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ба масъулин дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд  корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дурахшон — Бӯстон»-ро низ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои он аз наздик шинос шуданд.

Он барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти қоғазӣ пешбинӣ гардидааст. Дар як моҳ корхона имконият дорад, ки  то 50 тонна ашёи хомро коркард ва аз он маҳсулоти ниҳоӣ омода намояд. Ба иттилои масъулин, корхонаи «Дурахшон — Бӯстон» пурра дар асоси ашёи хоми ватанӣ фаъолият мекунад. Ашёи хом аз минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коргоҳ ворид карда мешавад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дурахшон — Бӯстон», ки аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи дастгириҳои  бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст, бешубҳа, заминаест барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат. Дар баробари ин, ифтитоҳи чунин корхонаву коргоҳҳо ба тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда боис гардида, дар оянда метавонанд иқтидори содиротии мамлакатро боз ҳам болотар баранд. Зеро талабот ба чунин маҳсулоти хушсифат на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ ҳам хеле зиёд аст ва феълан ҶДММ «Дурахшон — Бӯс­тон» аз ҷумлаи корхонаҳои азими коркарди қоғаз дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Корхонаи нав бо хати муосири истеҳсолӣ, ки сифати маҳсулотро ҳамаҷониба таъмин ва аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад, муҷаҳҳаз мебошад. Пас аз бозомӯзӣ дар ин ҷо 50 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи корӣ доимӣ гаштанд, ки беш аз 1000 сомонӣ маош мегиранд.

Лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ «Суғд Лоиҳакаш» бо дарназардошти талаботи муосир бунёд гардидааст. Корҳои сохтмониро ҶДММ «Бинокор Бунёдгар» анҷом додааст. Корхона, ки дар масоҳати наздик ба як гектар замин бунёд ёфтааст, дорои иншооти ёрирасон барои интиқолу кашонидани маҳсулот низ мебошад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти он Роҳбари давлат ба технологияи насбгардида ва хатҳои истеҳсоли он баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки ба сифати маҳсулот диққати аввалиндараҷа дода, мутобиқ ба стандартҳои ҷорӣ истеҳсолотро ба роҳ монанд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон иншооти хизматрасонии «Бӯстон» — ро ифтитоҳ намуданд.

Дар он, ки дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат бунёд шудааст, 25 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Бино аз чор ошёна иборат буда, дорои тарабхонаи муосир барои қабули 150 нафар, меҳмонхона бо 20  ҳуҷра ва 40 ҷой мебошад.

Баъди ифтитоҳи бино дар он дас­турхони идона ороста, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятими кулл туҳфаи идона тақдим карда шуд.

Ин тадбири муҳим, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, боиси хушҳолии наврасон гардид.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ятимон ҳамеша зери ҳимояву ғамхории Давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Аз аввали солҳои соҳибис­тиқлолӣ масъалаи дастгирии маъюбон, ятимон, бепарасторон ва ниёзмандон дар мадди назари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва аз ин ҷост, ки дар ҳама иду айём ва ҷашнҳои миллӣ ин амали саховатмандонаву инсондӯстона ба хотири шодию нишоти кӯдакону барҷомондагон ва ниёзмандон амалӣ мегардад.

 шаҳри ХУҶАНД

 Дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Раҷабов зеристгоҳи барқии «Темурмалик»-ро, ки дар масоҳати умумии 2600 метри мураббаъ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки зеристгоҳи барқии 110 ва 10 киловолтаи «Темурмалик» дорои ду адад трансформатори иқтидорашон 25000 киловолт — ампер мебошад.

Таҷҳизоти барқии муосири 10 — 110 киловолта барои иншооти мазкур аз ширкатҳои бонуфузи давлатҳои Россия, Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой харидорӣ шудааст.

Бунёд намудан ва ба истифода додани чунин иншооти зарурӣ аз тадбирҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи энергетика маҳсуб меёбад.

Дар иншооти мазкур 10 нафар корманди муҳандисию техникӣ ва 60 корманди соҳаҳои гуногун ба кор ҷалб гардидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои «Иди харбуза», «Иди кадуи хонапуркун», «Иди ангур», «Иди асал», Фес­тивали «Оши палав» ва даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам», ки 24-уми август дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, иштирок намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро дар макони тантанаҳои идона кишоварзони зарофар, ҳунармандони асил ва шумораи зиёди сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Дар ин чорабинии бошукӯҳ намояндагон аз 18 шаҳру ноҳияи вилоят ва ташкилоту идораҳои дахлдор иштирок ва маҳфилу озмунҳои гуногун доир намуданд. Ҳар як ид дар алоҳидагӣ ва бо пешниҳоди анвои гуногуни маҳсулоти озуқаворӣ таҷлил карда шуд.

Дар «Иди асал» занбӯриасалпарварони 15 шаҳру ноҳия, намояндагони Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангал» ва Ассотсиатсияи занбӯриасалпарварони вилоят иштирок намуданд. Дар баробари ба тамошо гузошта шудани номгӯйи гуногуни асал, ҳамчунин, дар намоишгоҳ дигар намуди маҳсулоти занбӯри асал, аз ҷумла, шири модазанбӯр, гарди гул, мум ва ғайра гузошта шуд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар вилояти Суғд 68 ҳазору 950 оилаи занбӯри асал мавҷуд аст. Соли гузашта занбӯриасалпарварон 211 тонна асал истеҳсол намуданд. Ҳаҷми истеҳсоли асал дар нимсолаи аввали соли равон дар вилоят 289 тоннаро ташкил додааст, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 78 тонна зиёд мебошад.

Дар гӯшаи чорабиниҳои «Иди харбуза», «Иди кадуи хонапуркун» ва «Иди ангур» хоҷагидорони 13 шаҳру ноҳияи вилоят дар растаҳои алоҳида маҳсули меҳнати хешро ба намоиш гузоштанд. Пирамидаҳо ва хаймаҳо дар ин намошгоҳ бо истифода аз харбузаю тарбуз, каду, ангур, ҳосили дигар навъи зироати кишоварзӣ ва маҳсулоти аз онҳо тайёршаванда, аз қабили мавиз, мураббо, афшураҳои гуногун ва ғайра басо ҷолиб оро дода шуда буданд. Тибқи иттилои масъулон, соли равон кишоварзони вилоят дар майдони 5570,5 гектар зироати полезӣ, аз ҷумла 1613 гектар харбуза, 3899 гектар тарбуз ва 57,5 гектар каду кишт кардаанд. Соли 2018 аз ҷониби онҳо 108 ҳазору 68 тонна маҳсулоти полезӣ истеҳсол шуда буд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон натиҷаи фаъолияти пурсамари аҳли заҳмати вилоятро шоистаи таҳсин ҳисобида, ба дастовардҳои онҳо баҳои баланд доданд. Сарвари давлат баргузории чорабинии бошукӯҳро бо фарогирии чанд иди миллӣ дар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» муҳим шуморида, таъкид доштанд, ки маҳз ин омил ба муаррифии шоистаи маҳсулоти озуқавории аз лиҳози экологӣ тозаю баландсифати мамлакат боис мегардад.

Дар заминаи ташкил намудани чунин чорабиниҳои муаррификунанда ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар сол то сол зиёд мешавад. Тибқи маълумоти масъулон, дар шашмоҳаи аввали соли равон аз вилояти Суғд 194 ҳазору 857 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷа содирот шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 ҳазору 850 тонна зиёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2019 шанбеи сеюми моҳи август «Иди ангур» ва шанбеи сеюми моҳи сентябр «Иди себ» эълон гардидааст. Дар ин рӯзи хушу хотирмон бори нахуст дар ҷумҳурӣ «Иди ангур» бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ токпарварони шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, дастовардҳои меҳнатии хешро ба тамошо гузоштанд. Ток ва ҳосили он дар «Иди ангур» ба таври зинда ва бо тарҳи ҷолиби диққат гузошта шуд, ки ҳавасмандӣ ва маҳорати баланди токпарварони вилоятро таҷассум мекард.

Алҳол дар вилоят дар масоҳати 9723 гектар ангурбоғ мавҷуд аст. Соли гузашта токпарварон ба миқдори 44 ҳазору 741 тонна навъҳои гуногуни ангур истеҳсол намуданд. Тибқи иттилои масъулон, майдони умумии кишоварзии вилоят дар мавсими имсола ба 223 ҳазору 197 гектар баробар гардидааст, ки нисбат ба як соли пеш 1036 гектар зиёд мебошад.

Фестивали «Оши палав», ки дар макони тантанаҳои идона ба таври хос баргузор гардид, шумораи зиёди ошпазҳои моҳирро аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳам овард. Он рӯз оши палавро дар 18 дег, аз ҷумла дар ду дег бо ғунҷоиши беш аз як тоннагӣ омода намуданд. Ин навъи хӯроки миллӣ бо истифода аз номгӯйи гуногуни биринҷ ва хос ба минтақаҳои мамлакат пухта шуд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти нонӣ, ки дар доираи даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» ташкил гардид, дидан намуданд. Дар он нонпазҳои моҳир намунаи нонҳои хос ба минтақаҳои вилоятро омода карда, ба тамошо гузоштанд. Ҳамчунин, нонпазҳои моҳири шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 8 танӯр номгӯйи гуногуни нонҳои миллиро омода намуда, пешниҳоди иштирокдорон карданд. Инчунин, занони ҳунарманди вилоят ба таври рамзӣ ҳавлии тоҷикона ташкил намуданд, ки басо диққатҷалбкунанда буд.

Сипас, аз рӯи чор номинатсия — «Зуволатоби беҳтарин», «Ороиши беҳтарини нон», «Нони бомазатарин» ва «Калонҳаҷмтарин нон» даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» ҷамъбаст гардид.

Дар доираи баргузории идҳои миллӣ, ҳамчунин, маҳфилу озмунҳои «Ороиши хаймаи беҳтарин», «Оши палави беҳтарин», «Дастони моҳир», «Ошхӯри беҳтарин» ва «Харбузахӯри беҳтарин» доир карда шуд. Ғолибони озмунҳо аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо диплом ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти меҳмонхонаи замонавии «Суғдиён» оғози расмӣ бахшида, бо шароити хидматрасонӣ дар он шинос гардиданд.

Меҳмонхона, ки аз 10 ошёна ва таҳхона иборат мебошад, дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи собиқ меҳмонхонаи «Ленинобод» навсозӣ гардида, бо муосиртарин шароиту имконоти хидматрасонӣ барои сайёҳону меҳмонон таъмин карда шудааст.

Дар ошёнаи якуми он нахуст ба Сарвари давлат лоиҳаҳои иншооти асосии таърихию сайёҳии сохташаванда ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд муаррифӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки ба пешвози ин ҷашни бузурги умумимиллӣ дар вилояти Суғд бунёди наздик ба 7000 иншооти дорои таъиноти гуногун, аз ҷумла, зиёда аз 40 меҳмонхона, ба нақша гирифта шудааст.

Феълан дар шаҳри Хуҷанд барои қабули сайёҳон 13 меҳмонхона бо имконияти қабули 680 нафар дар як вақт фаъолият дорад. Ҳамчунин барои сайёҳон 14 нуқтаи фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қиматбаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон ташкил гардидааст.

Меҳмонхонаи «Суғдиён» дорои 172 ҳуҷра, аз ҷумла, 20 ҳуҷраи люкс, буда, имкони дар як вақт хидмат расонидан ба зиёда аз 300 нафарро дорад.

Дар ошёнаи якуми меҳмонхона нуқтаи қабули меҳмонон, тарабхона ва нуқтаҳои фурӯши туҳфаҳо ҷойгир аст. Маъмурият ва ҳуҷраҳои техникии ин иншооти хидматрасонӣ дар қабати дуюми бино фаъолият мебаранд. Дар 8 ошёнаи дигар барои меҳмонону сайёҳон шароити истироҳату фароғат ба таври мукаммал муҳайё гардидааст.

Ҳуҷраҳои ин иншооти хидматрасонӣ бо усули замонавӣ оро ва таҷҳизонида шудаанд. Қисме аз онҳо бо истифода аз нақшу нигори миллӣ бо мақсади муаррифии ҳар чӣ бештари санъату ҳунари волои тоҷикон барои меҳмонону сайёҳони хориҷӣ омода гардидаанд.

Меҳмонхона, ҳамчунин, дорои толори маҷлис барои 60 нафар, толори варзишӣ, маҷмааи фароғатӣ, аз ҷумла, ҳавзи шиноварӣ, ҳаммоми туркӣ, буғхонаҳои хушк ва нам, нуқтаи гиёҳдармонӣ, тарабхона, кошонаи ҳусн ва дигар иншооти ёрирасон барои сайёҳону мизоҷон мебошад.

Дар он 80 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Меҳмонхона бо риояи меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта шуда, дорои мағозаи ҷавоҳирот ва туҳфаҳои гуногун низ мебошад, ки дар он армуғонҳо бо нақшу нигоришҳои инъикоскунандаи фарҳангу арзишҳои миллӣ пешниҳоди меҳмонону сайёҳон карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити хидматрасонӣ ва имконоти васеи истироҳату фароғат дар ин иншооти замонавӣ ба масъулин ҷиҳати муаррифии меҳмоннавозии хоси тоҷикона ба сайёҳону мизоҷони хориҷӣ дастуру ҳидоятҳои судманд дода, ифтитоҳи иншоотро туҳфаи арзишманд дар доираи таҷлил аз 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳиму сарнавиштсоз маҳсуб меёбад, маҳз дар ҳамин меҳмонхона иқомат намудааст.

25 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари бобарори корӣ аз шаҳри Хуҷанд ба пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе баргаштанд.

www.president.tj