Писарчае бо пойҳои урён назди мағозаи пойафзоли шаҳри Бродвей аз хунукӣ ларзида, ба пойафзолҳои зиёду зебои пушти шиша бо ҳавас менигарист.
Бонуи хушлибосе ба ӯ наздик шуда, пурсид:
- Бачаяки майдаҳаки ман, барои чӣ ту ин қадар дурудароз ба дохили мағоза менигарӣ?
- Ман Худоро илтиҷо карда будам, ки бароям пойафзол туҳфа намояд, — посух дод писарак.
- Дуруст ҳам кардӣ! Ку ҳамроҳи ман биё! – гӯён бонуи меҳрубони гӯё аз ғайб пайдошуда аз дасти писарак гирифта, ӯро ба дохили мағоза бурд. Аз фурӯшанда хоҳиш намуд, ки чанд ҷӯроби бачагона гирифта биёрад. Пасон, аз фурӯшанда пурсид, ки оё метавонад, тағораеро бо зарфи пури об, инчунин, сачоқ муҳайё намояд?
- Албатта! – гуфт фурӯшанда ва зуд хоҳиши занро иҷро кард. Зан модарвор писаракро ба қисмати пушти мағоза бурда, сари зону нишаст. Дастпӯшакҳояшро кашида, пойҳои писарбачаро шӯставу бо сачоқ пок намуд.
Дар ин муддат фурӯшанда бо чанд ҷуфт ҷӯроб ҳозир гашт. Бонуи хайрхоҳ ҷуфти ҷӯроберо ҷудо ва пойафзоли зебоеро ба андозаи пои писарак хуш карда, ба ӯ пӯшонд. Ҷӯробҳои боқимондаро дар халтае андохта, ба дасти писарак дод ва сари кӯдакро силакунон гуфт:
- Бешубҳа, акнун барои ту бароҳат шуд, майдаяки ман!
Зан баргашта рафтанӣ буд, ки ғайриинтизор писараки ҳайратзада аз дасти зан дошт ва бо чашмони лиққи об ба чашмони меҳрубони ӯ нигариста пурсид:
- Оё шумо зани Худо ҳастед?
Бо вуҷуди тасаввуроти кӯдакона, ки Худоро чун дигар одамон тасаввур мекард, писарак хато накард. Он зани меҳрубон, дар ҳақиқат, бонуе аз Худо буд, зеро дар сурати Марди Худо номидани инсони бузургу хайрхоҳе аз ҷинси мард, нодида гирифтани занҳои рост дар роҳи Худо, камоли беинсофӣ хоҳад буд.
Аз русӣ тарҷумаи Мирзо НУРАЛИЕВ, «Садои мардум»