Шавқу рағбат ба донишомӯзӣ бештар мегардад

№151 (3136) 30.11.2013

мактаб

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №40 дар яке аз деҳаҳои дурдасти Ҷамоати деҳоти Ясманди ноҳияи Рашт воқеъ мебошад. Солҳои охир майлу рағбати наврасон ба донишомӯзӣ бештар гаштааст. Барои  ба мактаб ҷалб намудани  толибилмон волидайни онҳо диққати доимӣ медиҳанд. Натиҷаи робитаи хуби омӯзгорон бо падару модарон аст, ки сифати таълим, дараҷаи донишомӯзии хонандагон беҳтар мегардад.

Аз суҳбат бо директори мактаби мазкур Маҳмуд Мирзохоҷаев маълум гардид, ки имсол 50 фоизи  хатмкунандагон ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дохил шуданд. Ҳоло беш аз 30 нафар  дастпарварони ин мактаби деҳаи дурдасти кӯҳистон дар мактабҳои олӣ таҳсили илм доранд.

Аз 16 нафар омӯзгорон шаш нафарашон хатмкунандагони ҳамин мактаб мебошанд. Чор нафар занон дар мактаб ба  кори таълиму тарбия машғуланд. Шумораи хонандагон 330 нафарро ташкил медиҳад.

Дар мактаб системаи кабинетӣ ҷорӣ шудааст. Бо саъю кӯшиши омӯзгорон синфхонаҳо бо асбобҳои таълимӣ ҷиҳозонида шудаанд, ки барои шавқовар ва ҷолиб гузаронидани  машғулиятҳо мусоидат менамоянд. Иштирок дар машғулиятҳо нишон дод, ки омӯзгорон ба дарсҳо бо тайёрии хуб омада, аз воситаҳои таълимӣ моҳирона истифода мебаранд. Саймиддин Мирзоев, Сайҷамол Орифов, Мавзуна Эргашева, Умедҷони Аскар, Раҳматулло Алиев аз ҷумлаи  муаллимони беҳтарин мебошанд. Синфхонаи махсуси  компютерӣ ташкил ёфтааст, ки хонандагон тарзи истифода аз компютерро меомӯзанд.

Директори мактаб Маҳмуд Мирзохоҷаев мегӯяд, ки ҳайати омӯзгорон донишу маҳорат ва таҷрибаи худро ба он равона  сохтаанд, ки  насли наврасро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят ва онҳоро дар рӯҳияи  ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ тарбия намоянд.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир М.РИЗВОНОВ.

 Дар сурат: директори мактаб Маҳмуд Мирзохоҷаев (аз чап дуюм) ба омӯзгорони ҷавон маслиҳати методӣ медиҳад.