30 августи соли 2019
Омӯзгорони муҳтарам ва хонандагони азиз!
Дар аввал мехоҳам ҳамаи шумо – устодону омӯзгорони муҳтарам, хонандагони азиз ва аҳли маорифи пойтахтро ба муносибати 28-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои давлат ва миллати мо санаи воқеан таърихиву тақдирсоз ба ҳисоб меравад, самимона табрик намоям.
Маҳз Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми тоҷик имконият фароҳам овард, ки давлати навини хешро бунёд карда, онро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
Бинобар ин, ҳифзи истиқлолият, ҳимояи дастовардҳои он, боз ҳам таҳким бахшидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини мамлакат маҳсуб меёбад ва дар ин ҷода нақши ҷомеаи соҳибмаърифат, худшиносу ватандӯст ҳалкунанда мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад ва ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ ва кадрии онҳо тадбирҳои амалӣ меандешад, то ки наврасону ҷавонон ҳамчун насли соҳибмаърифату соҳибкасб ба воя расида, идомадиҳандагони роҳи гузаштагони шарафманди худ бошанд.
Боиси қаноатмандист, ки дар доираи бунёдкориҳои чанд соли охир дар саросари кишварамон сохтмону азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор додани муассисаҳои нави таълимӣ вусъат пайдо карда, ифтитоҳи боз як муассисаи нави таълимӣ дар пойтахти Ватани маҳбубамон аз ҷумлаи иқдомоти созандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад.
Литсейи рақами 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, ки мо имрӯз ба истифода додем, барои 1200 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, шогирдони он аз ҳисоби беҳтарин хонандагони пойтахт тавассути озмун интихоб карда шудаанд.
Муассисаи нави таълимӣ аз шаш бинои чорошёна ва 60 синфхона, аз ҷумла, синфхонаҳои лингофониву компютерӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, устохонаҳои таълими меҳнат, толору майдончаи варзишӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона иборат мебошад.
Ҳамчунин, барои фаъолияти самарабахши роҳбарият ва омӯзгорон утоқҳои муосири корӣ, ҳуҷраҳои тиббиву равоншиносӣ, китобхонаи электронӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасону техникӣ муҳайё карда шудаанд.
Махсусан, утоқҳои фаннӣ ба таври замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, дар онҳо барои мутолиа, гузаронидани таҷрибаву таҳлил ва мушоҳидаҳои илмиву назарӣ тамоми имкониятҳои зарурӣ муҳайё гардидаанд.
Хароҷоти умумии бунёди литсей зиёда аз 43 миллион сомониро ташкил дода, аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ шудааст.
Бовар дорем, ки ин кохи маърифат дар таълиму тарбияи ҳамаҷониба ва такмили маҳорату истеъдоди таълимгирандагон нақши арзанда мегузорад, зеро дар он тамоми шароити муосир ва асосҳои моддиву техникии ҳозиразамон муҳайё гардидаанд.
Бо истифода аз фурсат, ҳамаи шумо, омӯзгорони муҳтарам ва фарзандони азизро ба муносибати ба фаъолият оғоз кардани ин муассисаи таълимии замонавӣ, ки дар остонаи соли нави таҳсил туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба шумо мебошад, самимона табрик гуфта, ба меъморону муҳандисон, сохтмончиён ва онҳое, ки дар бунёди мактаби имрӯза саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён менамоям.
Ҳозирини гиромӣ!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар фаъолияти худро дар самти бунёду азнавсозӣ, таҷҳизонидан ва таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо лавозимоти хониш вусъат бахшида, дар ду соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба сохтмони зиёда аз 25 муассисаи таълимӣ бо зиёда аз 42 ҳазор ҷойи нишаст иқдом кардаанд.
Аз ин ҳисоб, то имрӯз аллакай 8 муассисаи таълимӣ барои 21 ҳазор нафар хонанда бо сифати баланд сохта, ба истифода дода шудааст.
Илова ба литсейи имрӯза, дар арафаи соли нави таҳсили ҷорӣ 7 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ бо 13 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида мешаванд, ки ҳамаи онҳо бо тарҳи меъмории муосир бунёд гардида, бо тамоми шароити муосири таълимӣ таъмин карда шудаанд.
Зикр бояд кард, ки панҷ муассисаи таълимии бунёдшуда аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо харҷи 116 миллион сомонӣ ва ду муассисаи дигари таълимӣ бо 5840 ҷойи нишаст аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти пойтахт бунёд гардидааст.
Илова бар ин, дар мактабҳои пойтахт ба масъалаи фароҳам овардани шароити муосири таълим таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири таҳким бахшидани заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ 48 синфхонаи технологияҳои меҳнат ва лингофонӣ бо лавозимоти муосир таъмин гардида, беш аз 200 тахтаи электронӣ ва 700 ҷуфт мизу курсӣ харидорӣ ва дастрас карда шудааст.
Вале таъкид месозам, ки бо вуҷуди ҳамаи тадбирҳои то имрӯз амалигардида сатҳу сифати таҳсилот ҳанӯз ҷавобгӯйи меъёрҳои муқарраршуда нест.
Камбудиҳо, инчунин, дар раванди азхудкунии мавзӯъҳои фаннӣ мушоҳида шуда, самаранокии дарс кам ба назар мерасад.
Гузаштагони хирадмандамон гуфтаанд, ки дар тифлӣ аз худ кардани донишу маърифат мисли нақш бар санг мебошад. Бинобар ин, устодон ва омӯзгоронро зарур аст, ки ба масъалаи қавӣ гардонидани ҳофизаи хонандагон эътибори ҷиддӣ диҳанд ва сатҳу сифати таълимро мунтазам беҳтар намоянд.
Ҳамчунин, омӯзгоронро зарур аст, ки ба корҳои мустақилонаи хонандагон зиёдтар диққат диҳанд, машғулиятҳои иловагӣ ва бозиҳои таълимиро дар фанҳои табииву риёзӣ бештар гардонанд, кори хаттии хонандагонро назорат карда, ба фаъолгардонии ҳофизаи наврасон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Бояд гуфт, ки дар миёни давлатҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон ягона кишварест, ки Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» — ро қабул намудааст. Мақсад аз қабули қонуни зикршуда ширкат ва масъулияти падару модар дар тақвияти таълиму тарбияи фарзандон мебошад.
Ҳарчанд қабули ин қонун боиси хеле беҳтар шудани кор дар ин самт шудааст, вале, мутаассифона, на ҳамаи падару модарон аз муҳтавои он пурра бохабаранд ва муқаррароти онро риоя мекунанд.
Танҳо соли 2018 зиёда аз 10 ҳазор протоколҳои маъмурӣ нисбат ба падару модарон ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол шудааст, ки боиси нигаронӣ мебошад.
Бинобар ин, Вазорати маорифро зарур аст, ки барои дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия намудани насли наврас нақшаи дарсҳои тарбиявиро бо мавзӯъҳои мушаххаси рӯзмарра таҳия ва амалӣ намояд. Инчунин, ҳангоми арзёбии фаъолияти роҳбари ин ё он муассисаи таълимӣ дар баробари баҳо додан ба натиҷаҳои таълими шогирдон вазъи корҳои тарбиявӣ низ ба эътибор гирифта шавад.
Дар ҷаҳони муосир ба мақом ва аҳамияти илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки ба рушди техника, технология, геология, саноат, кишоварзӣ, кашф ва ихтирооти техникӣ замина мегузорад, таваҷҷуҳ ба маротиб афзудааст.
Бо ин мақсад, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию дақиқ барои солҳои 2010 — 2020» қабул гардида, дар доираи он ба рушди илмҳои дақиқ ва табииву риёзӣ афзалият муқаррар карда шудааст.
Ҳамчунин, Ҳукумати мамлакат азхудкунии забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисиро аз тарафи наврасону ҷавонон муҳим ҳисобида, барномаҳои дахлдори давлатиро қабул намудааст.
Бо вуҷуди идома доштани раванди амалисозии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 — 2020» дар асоси дастури Роҳбари давлат лоиҳаи нави барномаи мазкур барои давраи то соли 2030 ҳоло дар баррасии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ҷиҳати дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии соҳаи омӯзгорӣ омода кардани кадрҳои забондон тадбирҳои иловагӣ андешида, баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ барои ҳозир шудани мутахассисони ҷавон ба муассисаҳои таълимӣ чораҷӯйӣ намояд.
Бовар дорам, ки ҳайати омӯзгорони литсейи имрӯза дар қатори устодони дигар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе софдилона ва бо масъулияти баланд дар назди ояндаи Ватан фаъолият карда, хонандагони ин муассисаи таълимӣ бо баҳои хубу аъло ва одобу ахлоқи ҳамида таҳсил менамоянд ва ҷавобан ба ғамхориҳои роҳбарияти давлат дар оянда ҳамчун кадрҳои арзандаи кишвари соҳибистиқлоли худ ба воя расида, сарзамини аҷдодии хешро боз ҳам ободу зебо мегардонанд.
Дар ин ҷода ба ҳамаи шумо рӯзгори обод, фаъолияти пурсамар ва хониши хубу аъло орзу карда, бори дигар ҳар яки шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни бузурги миллӣ — Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли нави таҳсил ва ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ самимона табрик менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!