Ифтитоҳи иншооти нав дар шаҳри Душанбе

№105 (4055) 31.08.2019

48646490151_6f81ef09de_o30 — юми августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои наву замонавии Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» — ро дар кӯчаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мавриди истифода қарор доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити нави таҳсил дар ин даргоҳи илму маърифат шинос шуда, бо муҳассилину омӯзгорон суҳбати самимӣ намуданд.

Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе», ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар доираи омодагиҳо ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ ва бунёд гардидааст, барои 1200 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Иншооти нав, ки дар заминаи Гимназияи №53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова бунёд ёфтааст, дорои 65 синфхона ва утоқҳои дигари ёрирасон мебошад.

Дар иншооти нав, ки аз 6 бинои 4 — ошёна иборат аст, муосиртарин шароити илмомӯзӣ барои насли наврасу ояндасози миллат фароҳам гардидааст.

Корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ, ки 30 майи соли 2018 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оғоз гардид, рӯзҳои таҷлил аз 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози Соли нави хониши 2019 — 2020 бо сатҳу сифати баланд ба охир расонда шуд.

Муассисаи таълимӣ дорои 4 синф­хонаи лингафонӣ, 2 синфи компютерӣ, синфхонаҳои физика, кимиё, ҷуғрофия, биология, суруд ва мусиқӣ, омодагии дифои ҳарбӣ бо долони тайёрии машқҳои ҳарбӣ, нақшакашии техникӣ, таълими меҳнат, устохонаи коркарди матоъ ва технологӣ, устохонаи умумии коркарди филизу чӯб мебошад.

Инчунин, дар он ҳуҷраҳои духтури дандон ва равоншинос низ мавҷуд аст.

Дар литсей бо мақсади ташаккули нутқи хонандагон ва инкишофи зеҳнию мантиқии онҳо утоқҳои логопедӣ ва арифметикаи зеҳнӣ таъсис дода шудааст, ки ба таъкиди масъулин таҷрибаи нахустин дар муассисаҳои таълимии мамлакат мебошад.

Китобхонаи электронии муассиса бо 25 адад компютер ва хати баландсуръати интернет таъмин гардидааст.

Синфхонаи технологияи иттилоотии муассиса бо муосиртарин дастгоҳҳои корӣ таъмин буда, барои хонандагон тамоми шароити омӯзишӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин, иншооти нав дорои ошхона бо 600 ҷойи нишаст, толори варзишӣ дар масоҳати 542,8 метри мураббаъ бо 200 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳ бо 450 ҷойи нишаст мебошад.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар муассисаи таълимӣ ба касбу ҳунаромӯзии муҳассилин таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Дар таҳхонаи бино синфхонаҳои технологияи меҳнат барои духтарону писарон, омодагии дифои ҳарбӣ ва студияи хореографӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ кушода шудааст.

Бо мақсади оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҳавлии муассиса майдончаи варзишии муосир бо паҳноии 20 ва дарозии 40 метр сохта шудааст, ки масоҳати он 800 метри мураббаъро дар бар мегирад. Майдонча барои бозиҳои футбол, волейбол ва дигар намудҳои варзиш низ ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир сохта шудааст. Дар шафати майдончаи варзишӣ майдони тайёрии ҳарбӣ низ бунёд гардидааст.

Дар таълимгоҳ трансформатори баландшиддати барқӣ насб шудааст ва он бо системаи гармидиҳии мутамарказонидашуда пайваст мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои литсей баҳои баланд доданд.

Пас аз ифтитоҳи муассиса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори барҳавои он бо хонандагону омӯзгорон ва аҳли маорифи пойтахт мулоқот намуда, онҳоро ба 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли нави хониши 2019 — 2020 табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат хонандагону омӯзгоронро ба истифодаи пурсамари шароити муосири илмомӯзӣ ҳидоят карда, аз тадбирҳои муассири Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёду навсозии муассисаҳои типи нав дар даврони соҳиб­истиқлолии кишвар, бо мақсади боло бардоштани сатҳу сифати илмомӯзии насли наврасу ояндасози миллат, ёдовар шуданд.

Таъкид гардид, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълимӣ ва муҳайё сохтани имконоти муосири илмомӯзии насли наврас дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёди садҳо муассисаи таълимӣ бо дарназардошти талаботи замон идома дорад, ки то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештари онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Атрофи литсей дар доираи тадбирҳои ободонӣ дар масоҳати 7 ҳазору 552,9 метри мураббаъ сабзазор ва чароғон карда шудааст, ки намои онро шабонгоҳ хеле зебо ҷилва медиҳад.

48646493966_144b4e145c_oДар идомаи тадбирҳои босуръати ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 30 — юми августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе» — ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои хуштарҳу замонавӣ бо шароити мусоиди таълимӣ, аз ҷумла, озмоишгоҳҳо, кабинетҳои фаннӣ, толори варзишӣ, ошхона ва таҷҳизоти тиббӣ, дар чор сол бо маб­лағгузории Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», соҳибкорони маҳаллӣ ва таълимгоҳ сохта шудааст.

Бинои нав аз 7 ошёна иборат буда, дорои 75 синфхонаи таълимӣ, 19 утоқи корӣ, 4 синфхонаи компютерӣ, китобхона бо фарогирии 13 ҳазор нусха адабиёти бадеӣ, таълимӣ — методӣ ва сиёсӣ, 4 синфхонаи лексионӣ барои 100 ҷойи нишаст, ошхона барои 300 нафар дар як вақт, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

Муассисаи таълимӣ барои 1200 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст. Айни замон дар коллеҷ аз рӯи 7 ихтисос — ҳамширагӣ, фармасевтӣ, табобати дандон ва дандонсозӣ, тиббӣ — офиятӣ, ҳамширагӣ дар косметология ва момодоягӣ мутахассисон омода карда мешаванд.

Бо дарназардошти зиёд будани муроҷиати шаҳрвандон ва фароҳам омадани шароити мусоид шуъбаи шабона низ таъсис дода шудааст.  Дар ин шуъба аз рӯи ихтисосҳои ҳамширагӣ, фармасевтӣ ва кори дандонсозӣ мутахассисон тайёр карда мешаванд.

Барои ин дар коллеҷ ташхисгоҳи химия, физика, кори ҳамширагӣ ва технологияи дорусозӣ таъсис ёфтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки қаблан шумораи кормандони коллеҷи хусусӣ 90 нафарро ташкил медод. Акнун, бо фароҳам гардидани шароити мусоиди таълим теъдоди онҳо ба 200 нафар расидааст.

Ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти «Коллеҷи тиббӣ — иҷтимоии шаҳри Душанбе» роҳбарияти он изҳор доштанд, ки дар марҳилаҳои оянда нақша доранд дар шафати бинои таълимӣ боз бинои 6 — ошёна сохта ба истифода диҳанд.

Тибқи лоиҳа, дар 3 ошёнаи бинои нав беморхонаи нигоҳубини ҳамширагӣ ва дар ошёнаҳои болоӣ хобгоҳ барои донишҷӯён пешбинӣ шудааст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Коллеҷи тиббӣ — иҷтимоии шаҳри Душанбе», ки соли 2015 таъсис ёфтааст, қаблан дар бинои иҷора фаъолият мекард.

Соли таҳсили 2017 — 2018 коллеҷи мазкурро аввалин маротиба 197 нафар ва соли таҳсили 2018 — 2019 — ум 317 нафар хатм намуда, соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ гаштанд.

Айни ҳол дар Коллеҷи тиббӣ — иҷтимоии шаҳри Душанбе 912 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд.

Дар ин ҷо қабули довталабон тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ суҳбати озоду самимӣ намуда, онҳоро даъват карданд, ки ҳамеша барои илмомӯзӣ кӯшиш намоянд ва дар таълиму тарбияи насли ҷавон масъулияти баланд дошта бошанд.

www.president.tj