Дар Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Масҷиди сурх», №5, шаҳри Хуҷанд Гулбаҳор Маҳкамова роҷеъ ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сухан кард ва ҳозирин аз фаъолияти густурда ва таклифу пешниҳодҳои ҷолиби ӯ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ин боис гардид, ки бо ӯ ҳамсуҳбат шавем.
- Аз суханрониатон дарёфтем, ки иҷрои дархостҳои интихобкунандагон, дастгириву кумаки қишри камбизоати ҷомеа аз самтҳои муҳими фаъолияти вакилии шумо мебошад. Ҳатто, будаанд лаҳзаҳое, ки доираи кумаку дастгириатон аз ҳудуди ҳавзаи интихоботиатон берун рафтааст…
- Аслан ман намехостам дар ин бора сухан гӯям. Зеро, раҳматии падарам (Махсудҷон Муродов солҳои зиёд ба ҳайси муовини раиси вилоят ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд хизмати шоиста кардаанд. М.М.) насиҳат мекарданд, ки «агар як дастат хайр кунад, онро дасти дуюмат набояд донад». Аммо, чун шумо аз ин хусус суол кардед, боистӣ ҷавоб гӯям.
Дар ҳавзаи интихоботие, ки маро вакил интихоб намудаанд, одамони касбу кори гуногун зиндагӣ мекунанд. Ҳар гоҳ, ки нафаре аз онҳо ба ман муроҷиат намояд, насиҳати падари бузургворам ба хотирам мерасад, ки мегуфтанд: «Агар нафаре ба даргоҳи ту бо ниёзе ворид шавад, кӯшиш намо, ки ҳоҷати ӯро бароварда созӣ. Дониста бош, ки ӯро пастиву баландии зиндагӣ маҷбур намудааст, ки бо ҳазор андешаву хаёл муроҷиат намояд. Намедонад, ки рад мекунӣ ё кумак. Агар маҷбур намебуд, рангашро дар назди ту зард намекард. Аз ин хотир, ҳар кумаке, ки аз дастам ояд, дареғ намедорам.
- Интихобкунандагонатон бештар бо кадом масъалаҳо муроҷиат мекунанд?
- Аз ҳама зиёд дар робита ба иҷрои корҳои ободонӣ муроҷиат мекунанд. Масалан, бо дархости интихобкунандагон дар маҳаллаҳои ба номи Раҳмат Қурбонов ва «Масҷиди Сарв» кӯчаҳо чароғон карда шуданд. Дар мумфарш кардани саҳни МТМУ № 17-и шаҳр ва роҳи кӯчаи «Деҳқон» корҳои муайян ба иҷро расиданд. Аз рӯзҳои аввали вакилиам то ҳол беш аз 300 нафар бо арзу дархост ба камина муроҷиат кардаанд ва ман кӯшидаам, ки ҳоҷати онҳо бароварда шавад.
Бо ибтикори Пешвои миллат солҳои 2019- 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст ва ман ин иқдомро саривақтӣ меҳисобам, зеро ободӣ аз деҳа ибтидо мегирад. Марди деҳқон, ки офарандаи неъматҳои моддист, дар деҳа зиндагӣ мекунад. Як роҳбари оқил гуфта буд: «Дуо кунед, ки Офаридгор баракати ҳосили деҳқонро диҳад, зеро ӯ на танҳо дастурхони худаш, балки дастурхони шаҳриёнро низ пурнозу неъмат месозад. Дар ин радиф офарандагони неъматҳои моддиро месазад, ки дар деҳаҳои ободу сарсабз, кӯчаҳояш мумфаршу чароғон зиндагӣ кунанд.
Ба қавли Пешвои миллат: «Худованд ба мо табиати басо зеборо насиб гардонидааст ва месазад, ки Тоҷикистони азизи моро як гӯшаи биҳиштӣ номем». Акнун зарур аст, ки кишвари зебоманзарамонро ба ҷаҳониён тавассути рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ муаррифӣ созем. Магар манзараҳои Искандаркӯлу Ҳафткӯл, Артучи водии Зарафшон ва боз ҳазорҳо гӯшаи биҳиштосои диёр арзандаи муаррифӣ нестанд? Дар ҳамин қатор ҳунарҳои мардумӣ низ ба таври шоиста ба ҷаҳониён бояд муаррифӣ гардад.
Ниёконамон аз азал мардуми ҳунарманд будаанд. Маҳсули дастони онҳоро на танҳо дар кишвар, балки берун аз он низ дидан мумкин аст. Масалан, наққошони чирадасти хуҷандӣ таҳти роҳбарии Устомақсуд Солиев қасри таърихии Арбобро тавре кошинкорӣ карданд, ки аз бунёди он беш аз 60 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ҳанӯз рангу тароват ва шукӯҳу шаҳомат гум накардааст.
Аз ин хотир, дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор ҷиҳати омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила бо шуғл фаро гирифтани занони хонашин курсҳои омӯзишӣ доир намудем. Ҳар сол онро аз 600 то 700 зани хонашин хатм намуда, соҳиби ҳунарҳои қолинбофӣ, матоъбофӣ, қаннодӣ ва дӯзандагӣ мегарданд.
- Шуморо ташаббускори таъсиси ташкилоти бонуфузи ҷамъиятии Маркази занон — «Гулрухсор» ном мебаранд…
- Ба фаъолият пардохтани ин ташкилоти ҷамъиятӣ ба як воқеаи мудҳиш алоқамандӣ дорад. Дар ҳамсоягии мо ҷавони донишҷӯе зиндагӣ мекард. Ӯ духтаракеро дӯст медошт. Вақте волидони ҷавон духтарро хостгорӣ карданд, волидони духтар рад намуданд. Духтар даст ба худкушӣ зад. Ҷавони номурод ҳам «дигар зиндагӣ бароям маъние надорад» гӯён худкушӣ кард. Аз ин воқеаи мудҳиш ману ҳампешаам Санавбар Шарифова сахт дилгир шуда, аҳд кардем, ки ташкилоте таъсис медиҳем, ки дар ҳолатҳои вазнин занону духтаронро ҳам рӯҳан ва ҳам ҷисман дастгиру пуштибон бошад. Инак, беш аз ду даҳсола мешавад, ки «Гулрухсор» рисолати дастгирии занону духтарони ба ҳолатҳои буҳрони зиндагӣ дучоромадаро амалӣ мекунад. Дар ин муддат беш аз 2500 бонуи аз ҳаёту зиндагӣ дилсардшуда тавассути заҳмати кормандони он аз нав ба зиндагиву одамон дилгарм шуданд.
Мусоҳиб Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»