Мувофиқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 10 то 18 сентябри соли ҷорӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафари корӣ намуда, бо интихобкунандагон вохӯрӣ баргузор мекунанд.
Зимни дидору мулоқот онҳо роҷеъ ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои солҳои истиқлолият, санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби ҳар чӣ бештари сармоя ва рушди бемайлони соҳибкорӣ ҳамчун самти афзалиятноки тараққиёти мамлакат изҳори андеша хоҳанд кард.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон