Гузоштани санги асос барои бунёди иншооти нав дар шаҳри Душанбе

№107 (4057) 05.09.2019

48676021342_5b6bc228e6_o4 сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат ба сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори «Дипломат» оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи он шинос гардиданд.

Меҳмонхонаи панҷситорадори «Дипломат» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рушди Осиё» дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе дар кӯчаи Бохтар 3 — и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд мегардад.

Иншооти нави хизматрасонӣ — сайёҳӣ дар доираи нақша – чорабиниҳо оид ба татбиқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Баҳром Ашӯрматов сохта мешавад. Он аз 16 — ошёна иборат мешавад, ки имкони қабули зиёда аз 150 нафар меҳмонро дар як вақт хоҳад дошт.

Тибқи лоиҳа иншоот аз 80 ҳуҷра — 2 ҳуҷра барои шахсони воломақом, 8 ҳуҷараи люкс, 20 ҳуҷраи нимлюкс ва 50 ҳуҷраи муқаррарӣ бо шароити муосир иборат мебошад. Дар он, инчунин, сохтмони як қатор инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла 4 толори маҷлис, таваққуфгоҳи зеризаминӣ, 1 тарабхона, 2 қаҳвахона, ҳавзи шиноварӣ, 2 кошонаи ҳусн, утоқҳои корӣ ва 2 толори варзишию солимгардонӣ барои мизоҷон пешбинӣ мегардад.

Дар рафти корҳои сохтмонии меҳмонхона 300 нафар ва баъди пурра ба истифода додани он 160 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гардид.

Атрофи бинои меҳмонхона дар масоҳати наздик ба 500 метри мураббаъ кабудизор карда хоҳад шуд.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки аксар масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди он аз истеҳсолоти худи ҷамъияти «Рушди Осиё» дастрас ва истифода мегардад, ки дорои сифати баланд мебошанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд ва ҷиҳати иҷрои босифати корҳо, риояи талаботи муосири сохтмонӣ, истифодаи санъати баланди меъмории миллӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

4 сентябри соли 2019, ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт барои сохтмони Маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалӣ, бо ҷойгиркунии меҳмонхонаи замонавии панҷситорадори 24 — ошёна ва ду адад апартаменти резиденсии (қароргоҳии) 18 — ошёнаи «GRAND RUDAKI TOWER» санги асос гузош­танд.

Тавре зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, иншооти мазкур дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бо сатҳу сифати баланд ва талаботи муосири меъмориву шаҳрдорӣ сохта мешавад. Дар шафати бинои меҳмонхонаи панҷситорадор, ки аз 24 ошёна иборат аст, ду бинои 18 — ошёнаи апартаментҳои резиденсӣ низ бунёд хоҳад ёфт.

Иншооти мазкур, ки аз ҷониби ҶДММ «Себистон — 2018» бунёд меёбад, дорои 141 ҳуҷра ва имконияти қабули меҳмонони сатҳи олӣ хоҳад буд Аз ин хотир, дар меҳмонхонаи панҷситорадор сохт­мони 2 ҳуҷраи президентӣ, 30 ҳуҷраи люкс ва нимлюкс, 20 утоқи дуҳуҷрагӣ ва 100 ҳуҷраи стандартӣ дар назар аст.

Тибқи тарҳи омодагардида, дар ҳудуди иншоот 2 тарабхона, 1 тӯйхона, 2 қаҳвахона, маркази дилхушии кӯдакон ва 4 адад толори маҷлисӣ низ бунёд мегардад. Дар ин ҷо, барои мизоҷон SPA-хизматрасонӣ пешниҳод мешавад, зеро бунёди 2 ҳавзи шиноварӣ, 2 кошонаи ҳусн ва 2 толори варзишиву солимгардонӣ низ дар нақша аст. Дар ошёнаҳои болоӣ дафтарҳои корӣ бо дарназар­дошти тамоми шароити муосир, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд хоҳанд ёфт. Осорхона, гӯшаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ дар маҷмаа ҷой дода мешаванд. Дар иншоот чор ошёнаи дигар барои таваққуфгоҳи нақлиёт пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот масъулинро вазифадор намуданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, биноро мувофиқи нақшаи тасдиқгардида дар муҳлати муқарраршуда сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари пойтахт — кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои бисёрфунксионалии баландошёна оғози расмӣ бахшиданд.

Ҳангоми муаррифии лоиҳаи иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бино аз меҳмонхонаи панҷситорадор ва маркази тиҷоратии бузург иборат аст.

Тибқи лоиҳа иншоот аз ду бино иборат буда, дорои меҳмонхонаи 20-ошёна ва маркази тиҷоратии 17-ошёна мебошад. Шумораи умумии ҳуҷраҳои меҳмонхона 160 ададро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ, меҳмонхона барои 300 нафар имкони будубошро фароҳам месозад.

Мувофиқи лоиҳа масоҳати умумии бинои бисёрфунксионалӣ қариб 1 гектарро ташкил медиҳад. Фармоишгар ва лоиҳакаши он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит — Строй — Сервис» мебошад.

Меҳмонхона бо ба инобат гирифтани унсурҳои миллӣ ва муосири шаҳрсозӣ сохта мешавад. Дар дохили бино ҷой додани марказҳои хизматрасонӣ, фароғатӣ, утоқҳои корӣ, тарабхона, қаҳвахона, SPA-ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ, мағозаҳо, толори синамо ва ғайра пешбинӣ гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати босифат ва ҷавобгӯ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ бунёд намудани иншоот ва дар он муҳайё сохтани шароити хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Иншооти муосир дар муҳлати 2 сол — то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба истифода дода шавад.

Дар ин ҷо ҷиҳати ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёт таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 200 автомобил сохта хоҳад шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 200 нафар бо ҷойи кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гашт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрории ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои оғози корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхонаи бисёрошёнаи замонавии «WYNDHAM  Dushanbe hotel & Resorts» санги асос гузоштанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, меҳмонхона, ки дар яке аз мавзеъҳои хеле мувофиқи пойтахт сохта мешавад, аз 9 ошёна иборат мебошад ва дараҷаи 5 ситораро дошта, «WYNDHAM  Dushanbe hotel & Resorts» номгузорӣ шудааст.

Он дорои 103 ҳуҷра бо 300 кат, аз ҷумла, ҳуҷраи президентӣ, 2 ҳуҷраи супер — люкс, 20 люкс, 20 нимлюкс ва 60 ҳуҷраи стандартӣ хоҳад буд.

Меҳмонхона дорои марказҳои хизмат­расонӣ-фароғатии СПА, 2 толори маҷлис, 2 тарабхона, қаҳвахона, лаунч-бар, ҳавзи шиноварии даруна, толори зебоӣ, маркази солимгардонӣ-фитнес, нуқтаи фурӯши чиптаҳо, толори зиёфат, мағозаҳои савдои брендӣ ва таваққуфгоҳи нақлиётӣ барои 81 автомобил мебошад.

Иншооти мазкур дар давоми 2 сол аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наврӯз Усмонов бунёд мегардад.

Бренди «WYNDHAM hotel & Resorts» яке аз ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ буда, зиёда аз 9200 меҳмонхонаро дар бар мегирад ва ба зиёда аз 80 давлати олам хизматрасонӣ мекунад. Аз ҷумла, 36 меҳмонхонаи «WyndhamGrupp» дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолият менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба меҳмонхонаи «WYNDHAM» сохта мешавад.

Баъди шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи меҳмонхона, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми шоиста ва сазовори сокинони пойтахт, соҳибкорони ватандӯст баҳри ободонӣ баҳои баланд дода, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи санъати баланди меъморӣ, нақшу нигори миллӣ дар вақти ороишоти дохил ва беруни иншоот ҳидоят карданд.

www.president.tj