Муҳокимаи парламентӣ

Иҷрои талаботи қонун барои ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор ҳатмист

№152 (3137) 03.12.2013

DSC_1895

29 ноябри соли 2013 дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони дигар  кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Муҳокимаи парламентӣ ба масъалаи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» ҷиҳати татбиқи талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Агентии «Тоҷикстандарт») бахшида шуд.

Дар оғоз раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия А.Ҳ.Катаев оид ба масъалаи зикршуда гузориши муфассал пешниҳод кард. Мавсуф, аз ҷумла чунин иброз дошт:

-Дар даҳ соли сипаригашта Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр ҷидду ҷаҳд намуд, ки ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо фаъолияти иқтисодӣ, аз ҷумла фаъолияти иқтисодии берунмарзии худро дар асоси принсипҳои баробарарзишӣ ва стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монад.

Барои ноил гаштан ба ин мақсади ниҳойӣ кишвари мо бояд он монеаҳоеро, ки дар ҷараёни муносибатҳои савдо бо дигар давлатҳо ва аъзои СУС мавҷуданд, бартараф намояд.

Инҳо монеаҳои молиявӣ, яъне тарофӣ (монеаҳои гумрукӣ –боҷ ва хироҷ), монеаҳои ғайритарофӣ –маъмурӣ (иҷозатномадиҳӣ, квота ва ғайра) ва монеаҳои техникӣ (регламенту стандартҳо) ва ғайра мебошанд.

Дар ин робита мо бояд ба қонунҳо ва санадҳои меъёрии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо дохил намоем, ки ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз он ҷумла санадҳои техникӣ) ҷавобгӯйи ҳамаи созишномаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо бошанд.

Аз ин лиҳоз, гурӯҳи Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шомил гаштан ба СУС дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳи кории худи СУС оиди ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС чандин сол фаъолият намуданд.

Меморандум аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ворид шудан ба СУС соли 2001 пешниҳод гардида буд.

Гуфтушунидҳо оид ба дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС то охири соли 2012 давом доштанд. Танҳо 10 декабри соли 2012 дар конференсияи СУС (шаҳри Женева), ки дар он Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви 159-уми комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ эътироф гардид.

Кору фаъолияти гурӯҳҳои зикршуда 11 сол давом дошт.   Зарурат ба миён омад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба зиёда аз 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо дохил карда, инчунин зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқии нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва қабул намояд. Табиист, ки саҳми вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анҷоми ин корҳо хеле назаррас буд.

Баъди таҳияву қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (зиёда аз 100 санад) давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон тавонист, он монеаҳоеро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой доштанд, аз байн барад ва ин шароит фароҳам овард, ки ҷумҳурӣ узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо шавад.

Дар ин бора Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2013 таҳти №1469 интишор гардид ва рӯзи 2 марти соли 2013 ҳамчун санаи дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС тасдиқ карда шуд.

Баъди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС мо якҷоя бо Агентии «Тоҷикстандарт» корҳоро барои мутобиқшавӣ ба талаботи созишномаҳои СУС ва ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар сатҳи байналмилалӣ давом дода истодаем.

Сипас, сухан ба муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Олимов дода шуд:

-Аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» дар Агентии «Тоҷикстандарт» омӯзиши он дар байни мутахассисон ташкил карда шуда, бо дастури роҳбарият нақша-чорабинии дохилӣ тартиб дода, тибқи он дар ҳуҷҷатгузории шуъбаю раёсатҳо тағйироту иловаҳо доир ба иҷрои талаботи қонуни мазкур ворид карда шуд. Ҳамзамон тавассути воситаҳои ахбори омма оид ба моҳияти ин қонун корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» иҷрои танҳо талаботи ҳатмии регламентҳои техникиро дар қисмати бехатарӣ ба маҳсулот ва хизматрасонӣ муайян менамояд. Барои иҷрои талаботи мазкур Агентии «Тоҷикстандарт» ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ фонди стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро омӯхта, ҳуҷҷатҳои меъёрии техникиро, ки дар онҳо талаботи бехатарӣ дарҷ гардидааст, ҷудо намуда, аз ҳисоби онҳо номгуйи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии талаботашон ҳатмӣ (регламентҳои техникии муваққатӣ)-ро таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Ҳамин тариқ, 1121 адад ҳуҷҷати меъёрии техникии талаботашон ҳатмӣ ҳамчун регламентҳои техникии муваққатӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №704 аз 30 декабри соли 2009 тасдиқ карда шуданд. Баъд аз қабули ин ҳуҷҷатҳо дар Агентии «Тоҷикстандарт» ҳамаи коргузории соҳаи назорати давлатӣ, сертификатсия, ташхиси маҳсулот дар асоси талаботи регламентҳои техникии муваққатӣ ба роҳ монда шуд.

Ҷиҳати иҷрои талаботи қонуни мазкур Стратегияи рушди инфрасохтори миллии сифат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 ва Нақша- чорабиниҳо доир ба ислоҳоти соҳаи танзими техникӣ таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2010 таҳти №54 қабул гардиданд.

Бо мақсади мутобиқгардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ», дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия», Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» мутобиқ гардонида шуданд.

Барои таҳия ва қабули регламентҳои техникӣ, ки яке аз талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» мебошад, мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» бо мақсади омӯзиш дар нишасти гурӯҳҳои корӣ  доир ба таҳияи регламентҳои техникӣ дар сатҳи ЕврАзЭС, ки соли 2010 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардиданд, ширкат варзиданд.

Имрӯзҳо Агентии «Тоҷикстандарт» бо як қатор давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ робитаҳои соҳавии пайваста дорад. Агентии «Тоҷикстандарт» ҳамчун мақомоти миллӣ оид ба стандартизатсия, метрология, аккредитатсия ва тасдиқи мутобиқат Тоҷикистонро дар ташкилотҳои байналмилалӣ (ISO, Комиссияи Кодекс Алиментариус), минтақавӣ (Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ, Ассотсиатсияи байниминтақавӣ оид ба Стандартизатсия (МАС), ЕАSС, RSO, COOMET, IAF ва ғайра) муаррифӣ менамояд.

Бо мақсади санҷиши мутобиқати молу маҳсулот  ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии –техникӣ солҳои охир Агентии «Тоҷикстандарт» баҳри рушди озмоишгоҳҳои ташхисии соҳа корҳои назаррас ба сомон расонид. Таҷҳизоти озмоишгоҳҳои Агентӣ, бахусус, озмоишгоҳҳои ташхис маҳсулоти хӯроквории дар Агентии «Тоҷикстандарт», марказҳои вилоятии «Тоҷикстандарт» дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба талаботи стандарти байналмилалӣ ИСО/МЭК 17025:2005 мутобиқ дониста шуд. Бо назардошти ин дар соли 2012 се озмоишгоҳи ташхисии Агентии «Тоҷикстандарт» (Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа) аз тарафи ташкилоти олмонии «DakKS» ва Маркази миллии аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар миқёси Осиёи Миёна ягона мақомоти салоҳиятдор оид ба аккредитатсияи озмоишгоҳҳо мебошад ва аз тарафи Ташкилоти байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи аккредитатсияи озмоишгоҳҳо (ILAC) ваколати байналмилалиро соҳиб гаштанд. Умуман, тайи се соли охир 21 озмоишгоҳи ташхисӣ ба истифода дода шуд, ки дар  онҳо 23 усули нави ташхисии молу маҳсулот ҷорӣ карда шуд.

Дар ин давра бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» — Тартиби коркарди партовҳо ва нобуд кардани маҳсулоти хӯрокворие, ки ба талаботи регламентҳои техникӣ мутобиқ намебошанд, таҳия шуда, бо рамзи №201 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.

Бо мақсади гузариш ба низоми танзими техникӣ мутобиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2012 таҳти №491 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 таҳти №615» қабул гардида, дар сохтори идоракунии Агентӣ як қатор тағйирот ворид карда шуд. Аз ҷумла, тибқи талаботи байналмилалӣ, Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ таъсис ёфт.

Агентии «Тоҷикстандарт» бо пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор ва ассотсиатсияҳои дастгирии рушди соҳибкорӣ лоиҳаи Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015-ро таҳия намуд, ки баъди баррасӣ, тибқи тартиби муқарраргардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2012 таҳти №512 тасдиқ гардид. Барномаи мазкур дар қатори дигар масъалаҳо татбиқи амалии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ»-ро дар бар гирифтааст.

Ҷиҳати таҳияи регламентҳои техникӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» Барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ барои солҳои 2013-2014 таҳия ва бо Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013 таҳти №42-Ф қабул карда шуд. Тибқи барномаи мазкур дар ин муддат бояд 8 адад регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шавад. Агентии «Тоҷикстандарт» тасмим гирифтааст, ки то анҷоми давраи гузариш номгуйи регламентҳои техникии муваққатиро кам намояд.

Айни ҳол барои иҷрои талаботи қонуни мазкур ҷиҳати рушди соҳа, аз ҷумла таъмини эталонҳо, ташкили ташхиси маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда, пардохти ҳаққи аъзогӣ ба ташкилотҳои байналмилалӣ, аъзошавӣ ба ташкилоти байналмилалӣ оид ба аккредитатсия (ILAC), бозомӯзии мутахассисон барои ҳамкорӣ бо кумитаҳои техникии ИСО МЭК зарур мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои ба шакли электронӣ гардонидани фонди давлатии стандартҳо, таҳияи стандартҳои давлатӣ, регламентҳои техникӣ, амалӣ намудани назорати давлатӣ дар як сол на камтар аз 10 млн. сомонӣ зарур аст, ки аз буҷети давлат ҷудо намудани ин маблағ ғайриимкон аст. Аз ин сабаб, Агентии «Тоҷикстандарт» ба кӯмаки донорҳо ва инвеститсия ниёз дорад.

М.Олимов ҳамчунин дар охир зикр намуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» хуб мебуд баъзе масъалаҳои ҷойдошта, ба мисли норасоии маблағгузорӣ, камфаъолии вазорату идораҳои дахлдор дар таҳияи регламентҳои техникӣ, мутобиқгардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаҳои алоқа, энергетика ба қонуни  мазкур ҳал мегардид.

Вобаста ба масъалаи баррасишуда вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдузафар Иномов, Шодӣ Шабдолов, Азизмат Имомов, Амирбек Маҳмадалиев ва Олимҷон Сафаров ибрози назар карда, ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Дар поёни ҷаласа, бо дарназардошти фикру мулоҳизот ва таклифу пешниҳодоти зимни саволу ҷавоб ва музокираҳо баёнгардида, аз рӯйи масъалаи баррасишуда қарор ва тавсияҳо қабул карда шуданд.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум».

Суратгир А.ИСОЕВ