Яке аз соҳаҳое, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди нисбатан чашмрас дорад роҳсозӣ мебошад. Зеро аз солҳои аввали истиқлолият ҷиҳати ноил гардидан ба ин ҳадаф корҳои зиёд амалӣ ва тадриҷан роҳу пулҳо сохта, ба истифода дода шуданд. Роҷеъ ба бурдубохти соҳа бо муовини якуми вазири нақлиёти кишвар Суҳроб Мирзозода суҳбат намудем.
- Лутфан, доир ба аҳамияти роҳсозӣ дар замони истиқлолият чанд сухан бигӯед?
- Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз самтҳои стратегии рушди кишвар ба ҳисоб меравад. Зеро роҳ василаи қаробат, пайвандӣ ва дӯстист. Азбаски Ҳукумати мамлакат аз ибтидо муносибати сулҳҷӯёна, дӯстона ва хайрхоҳонаро бо кишварҳои ҳамсоя ва мамолики дуру наздик ҳадаф қарор дод, ба бунёди роҳҳо диққати махсус зоҳир кард. Гузашта аз ин, барои пайваст кардани минтақаҳои кишвар ба маркази ҷумҳурӣ бунёди роҳҳо аҳамияти калон дошт.
Аз ин хотир, дар авҷи даргириҳои мусаллаҳона солҳои 1994-1995 Пешвои миллат лоиҳаи сохтани шоҳроҳи Мурғоб-Чинро тавассути ағбаи Қулма ва роҳи оҳани Қӯрғонтеппа — Кӯлобро тарҳрезӣ намуданд. Ин иншоот, ки то соли 1998 ба истифода дода шуданд, дар таъмини аҳолии кишвар бо озуқа ва барқарорсозии сулҳу субот нақши ҳалкунанда бозиданд.
- Ба рушди соҳа дар замони истиқлолият чӣ гуна баҳо медиҳед?
- Дарвоқеъ, барқарор шудани сулҳу оромӣ ва таҳкими суботи сиёсӣ дар кишвар пас аз рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ба Ҳукумати мамлакат имкон дод, ки ҳамкориҳои бештару густурдатареро бо кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ намуда, ба ҳалли масъалаҳои мубрами рушди дохилии мамлакат рӯй орад. Хусусан, дар қатори дигар соҳаҳо маҷмааи нақлиёту роҳ низ ба дастовардҳои зиёд ноил гашт.
Маҳз дар солҳои истиқлолият аз ҳисоби маблағгузориҳои хориҷӣ 44 лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ татбиқ шудааст, ки роҳҳои автомобилгарди Мурғоб — Қулма, Шоҳон — Зиғар (марҳилаи 1, 2 ва 3), Шкев — Зиғар, Душанбе — Қӯрғонтеппа — Данғара — Кӯлоб, Дӯстӣ — Панҷи Поён (марҳилаи 1 ва 2), Душанбе — сарҳади Қирғизистон (марҳилаи 1, 2 ва 3), Душанбе — Чаноқ — сарҳади Ӯзбекистон, Қӯрғонтеппа — Дӯстӣ (марҳилаи 1), Душанбе — Турсунзода — сарҳади Ӯзбекистон, Айнӣ — Панҷакент — сарҳади Ӯзбекистон, пул аз болои дарёи Сурхоб дар Янғолиқ, пулҳо дар ноҳияҳои Ишкошим, Дарвоз, Ванҷ, Шӯрообод, шаҳри Хоруғ, пулҳои байналмилалии байни Тоҷикистону Афғонистон дар мавзеъҳои Тем, Рузвай, Ишкошим, Панҷи Поён, Ванҷ, Шӯрообод, нақбҳои «Истиқлол», Озодӣ», «Шаҳристон», «Дӯстӣ», «Хатлон», модернизатсияи таҷҳизоти аэронавигатсионии фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд ва ғайраро дар бар мегиранд.
Умуман, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар беш аз 2000 километр роҳҳои автомобилӣ, 5 нақби автомобилгард, 3 нақби қаторагузар, 173 километр роҳи оҳан сохта шуданд. Инчунин, соли гузашта дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ иншооти муҳими ҷашнӣ — нахустин роҳи сесатҳа дар маҳаллаи 82-юми пойтахти мамлакат бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти нақлиёт узви 10 барномаи байналмилалӣ мебошад. Айни замон дар доираи роҳҳои автомобилгарди Осиё 3 долон, дар доираи қарордоди аврупоӣ оид ба шоҳроҳҳои автомобилгарди байналхалқӣ 1 долон ва дар доираи Ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ) 4 долон фаъолият доранд.
Ҳамин тариқ, барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон кӯшиши зиёд ба харҷ дода шуд ва натиҷаҳои самарбахш низ ба даст омаданд. Чунин талошҳои созандагӣ дар ҷараёнанд ва раванди онҳо таҳти назари махсуси Пешвои миллат қарор доранд.
Дастовези бузурги даврони соҳибистиқлолӣ барқарор гардидани муносибатҳои ду миллати ҳамҷавору дӯст — тоҷику ӯзбек буд. Маҳз бо шарофати заҳматҳои беназири сарони ҳар ду кишвар — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар марзҳо гузаргоҳҳо аз нав боз гаштанд ва орзуи чандинсолаи мардуми кишварҳо, ки ҳатто хешу табори наздикро дида наметавонистанд, ҷомаи амал пӯшид. Дар натиҷаи ба фаъолият оғоз намудани гузаргоҳҳо рафтуомади шаҳрвандон ва сайёҳони хориҷӣ ба шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Панҷакенту Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон осон гардид ва барои рушди сайёҳӣ ва туризм шароити хуб фароҳам омад.
Ҷои таъкид аст, ки роҳҳо ва пулҳои сохта барои барқарор ва мустаҳкам намудани ваҳдату якпорчагии минтақаҳои мамлакат нақши калидӣ гузоштанд, ки инро метавон аз дастовардҳои соҳа дар даврони истиқлолият маҳсуб донист.
- Оё метавон бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки ба ҳадафи пешгузошта дар самти роҳсозӣ расидем?
- Бале, бо боварии том гуфта метавонам, ки бо кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадааст. Сарвари давлат низ инро борҳо дар баромадҳояшон зикр намудаанд.
М. УСМОН, «Садои мардум»