Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№152 (3137) 03.12.2013

IMG_6188

30 ноябри соли 2013 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нахустини Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 Дар оғози маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раёсат ва аъзои Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сазовор дониста шуданашон ба вазифаҳои баланди давлатӣ ва бо оғози фаъолияти Ҳукумати кишвар дар ҳайати нав табрику таҳният гуфт. Зимни суханронӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз боварию эътимоди мардуми шарифи Тоҷикистон, ки ба Сарвари давлат ва роҳбарияти Ҳукумати кишвар зоҳир мешавад, изҳори сарфарозӣ карда, таъкид дошт, ки барои амалӣ намудани орзую ормонҳои аҳолии ҷумҳурӣ, таъмини рушди босуботу бонизом ва босуръати иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум шабу рӯз бояд ҷаҳду талош намуд.

IMG_6184

Хотиррасон бояд кард, ки то имрӯз таъсиси Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Сарвазир, муовини якум ва се муовини Сарвазир, 14 вазир ва се раиси кумитаи давлатӣ, дар маҷмӯъ 22 нафар анҷом ёфт. 13 нафар аз аъзои Ҳукумат ё худ 60 фоизи он иваз карда шуд. Синни миёнаи аъзои Ҳукумати нави ҷумҳурӣ 52 сол аст. Синни миёнаи ҳайати Ҳукумати қаблӣ бошад, 56,7 сол буд.

Ҳамаи аъзои Ҳукумати нави кишвар тахассуси олии касбӣ доранд. Аз онҳо 3 нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм мебошанд. Дар ҳайати пешин танҳо як нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм буд.

Дар ҳайати нави Ҳукумат 2 нафарашон зан мебошанд. Қаблан танҳо як нафар бону дар Ҳукумати кишвар фаъолият дошт.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «бовариву эътимоди мардуми кишварро дастоварди фаъолияти сиёсии давлату Ҳукумат» номида, чунин таъкид дошт: «Ҳар яки моро зарур аст, ки тамоми азму ирода ва неруву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар созем».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳадафи аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои наздиктарин ёдовар шуда, аз ҷумла чунин таъкид дошт: «тақвияти пайгиронаи рушди босуботи иқтисодии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, пеш аз ҳама, бо роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва инкишофи босуръати соҳаҳои бунёдӣ дар заминаи рушди бахши хусусӣ мебошад».

Таъкид гардид, ки барои иҷрои ин ҳадафҳо зарур аст, ки кор доир ба таҳияи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 оғоз карда шавад.

Ба Ҳукумат ва сохтору мақомоти дахлдори он супориш дода шуд, ки барои навсозии инфрасохтори шаҳраку деҳот дар муҳлатҳои наздиктарин барномаи «Рушди деҳот»-ро таҳия ва пешниҳод намоянд.

IMG_6175

Дар фароварди суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз савганди худ ёдовар шуда, чунин таъкид дошт: «Фаромӯш насозед, ки савганди Президенти кишвар – савганди аъзои Ҳукумат, ҳар як роҳбар ва шахси масъул ва дар маҷмӯъ тамоми хизматчиёни давлатӣ, раҳнамои доимии ҳар як шахси мансабдор аст ва мову шумо бояд ба ҳар як нуктаи он содиқу масъул бошем».

Таъкид гардид, ки давлату Ҳукумати кишвар дар давоми ҳафт соли оянда бояд ба ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоиста муҳайё созанд ва ҳамаи нақшаву барномаҳои неку созандаамон маҳз ба хотири амалӣ гардидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд.

Сипас, дар маҷлиси Ҳукумати кишвар масоили кадрӣ баррасӣ шуд. Бахтия Муҳаммадиева бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Гулнора Ҳасанова аз вазифаи раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» озод гардида, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Абдувалӣ Комилов аз вазифаи директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ба вазифаи раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Ҷамшед Норинов таъин карда шуд.

Ҳомидҷон Ҳасанов аз вазифаи муовини вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Гурез Зарипов бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Рустами Эмомалӣ аз вазифаи муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Мурод Ҷумъаев аз вазифаи сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ба вазифаи сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сиҷовидин Мирзоев таъин карда шуд.

Азизулло Исматов аз вазифаи директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, ба вазифаи директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ҳамчунин Раҳматулло Каримов аз вазифаи муовини вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, Ашӯралӣ Мирзоев муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Дар ҷаласа ҳамчунин масоили рӯзмарраи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Барномаи давлатии сармоягузориҳо, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2014-2016 ва Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ барои солҳои 2014-2016 тасдиқ карда шуд.

Барномаи давлатии сармоягузориҳо, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2014-2016 -ум 120 лоиҳаро бо маблағи умумии 15,8 миллиард доллари амрикоӣ дар бар мегирад. 39 лоиҳаи он бо маблағи 1,3 миллиард доллар амалкунанда буда, барои 81 лоиҳаи дигар бояд 14,4 миллиард доллари амрикоӣ ҷалб карда шавад. Барои се соли пешбинишуда маблағгузорӣ дар ҳаҷми 1,8 миллиард доллари амрикоӣ муайян шудааст.

Бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар вазифадор карда шуд, ки доир ба таҳияи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 чораҳо амалӣ намояд.

Лоиҳаи як қатор қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи суғуртаи тиббӣ”, «Дар бораи амният» ва «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ» пешниҳод карда шуд.

Нақшаи чорабиниҳо доир ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб барои солҳои 2014-2019, ки аз 195 банд иборат аст, тасдиқ карда шуд.

Ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 35 гектар замин барои додани қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба 378 оилаи ниёзманд аз шаҳри Қайроққум ҷудо карда шуд.

Дар охири маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои тезонидани корҳо доир ба лоиҳакашӣ ва сохтмони қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, хатти барқии минтақавии «КАСА 1000», ба кор даровардани Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе ва сарфаю сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

www.president.tj