Номаҳои шодбошӣ ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

№109 - 110 (4059 - 4060) 12.09.2019

Ба муносибати фарорасии бистуҳаштумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид гардиданд.

Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти самимонатарини ин ҷонибро ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи истиқлол қабул фармоед.

Кишвари Шумо, ки дар шоҳроҳи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бомуваффақият қадам мезанад, дар умури минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим ва созанда дорад.

Бо изҳори қаноатмандӣ сатҳи баланди муносибатҳои Россия ва Тоҷикистонро қайд менамоям. Миёни давлатҳои мо муколамаи пурмуҳтавои сиёсӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманд дар арсаҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Ҳамоҳангии кӯшишҳои ҷонибҳо дар чорчӯбаи ИДМ, СААД, СҲШ, ҳамчунин, СММ ва САҲА, самараи хуб медиҳанд.

Итминон дорам, ки бо талошҳои муштарак мо шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии байни Россия ва Тоҷикистонро минбаъд низ таҳким хоҳем бахшид.   Ин амр, бешубҳа, ҷавобгӯи манфиатҳои халқҳои мо ва раванди таъмини суботу амният дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Сидқан ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавому комёбиҳо ва ба ҳамватанони Шумо саодату хайрият орзумандам».

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар номаи шодбошӣ менигорад:

«Муҳтарам ҷаноби Президент!

Иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин, ҳамчунин, шахсан аз номи худам,  табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти ин ҷонибро ба Шумо ва ба мардуми дӯсти тоҷик ба муносибати 28 — умин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намоям.

Моҳи апрели соли ҷорӣ Шумо дар Чин дар дувумин Форуми сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар чорчӯбаи «Як камарбанд ва як роҳ» ширкат варзидед. Моҳи июни соли равон ин ҷониб ба Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом дода, дар мулоқоти сатҳи олии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иштирок доштам. Мову Шумо музокироти самарбахшеро доир намуда, ба мувофиқаҳои васеъмиқёс расидем ва нақшаи нави густариши минбаъдаи муносиботи дуҷониба ва ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун таҳия намудем. Ман ба рушди муносибатҳои миёни Чин ва Тоҷикистон аҳамияти хоса медиҳам ва ният дорам, ки дар якҷоягӣ бо Шумо ҷиҳати бемайлон  бардоштани сатҳи муносибатҳои шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Чин ва Тоҷикистон ба зинаҳои боз ҳам баландтар бар нафъи кишварҳо ва мардумони мо саъю талошҳои муштарак ба харҷ диҳам.

Ба Тоҷикистони дӯст шукуфоиву тавоноӣ ва ба мардуми он саодату некуаҳволӣ орзумандам».

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар барқияаш нигоштааст:

«Муҳтарам Президент Эмомалӣ Раҳмон!

Боиси хушнудии ман аст, ки аз номи мардуми Амрико мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни 28 — умин солгарди Рӯзи истиқлол табрик намоям.

Тӯли 28 соли охир Иёлоти Муттаҳида бо сарфарозӣ соҳибистиқлолӣ  ва рушди Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад. Мо аз кӯшишҳои Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими амнияти байналмилалӣ ва ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ истиқбол менамоем.

Иёлоти Муттаҳида ҷонибдории худро аз фаъолияти Тоҷикистон дар самти расидан ба ояндаи дурахшон идома хоҳад дод».

Нурсултон Назарбоев - нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар табрикот навиштааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Аз самими қалб Шуморо ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи истиқлол табрику муборакбод менамоям.

Дар Қазоқистон саҳми Шуморо дар муттаҳид гардонидани ҷомеаи Тоҷикистон, ҳамчунин, таъмини пешрафти босуръати кишвар дар шоҳроҳи тараққиёту шукуфоии сиёсиву иқтисодӣ, баланд арзёбӣ менамоянд.

Дар як давраи аз нигоҳи таърих кӯтоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардида, мақоми нақшофари фаъолу бонуфузро на танҳо дар минтақа, балки дар миқёси ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиб гашт.

Итминони комил дорам, ки муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории миёни кишварҳои мо дар оянда низ таҳким ёфта, ба нафъи мардумонамон босуръат рушд хоҳанд кард.

Умед дорам, ки тамосҳои дӯстонаи шахсии мо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз фурсат, мехостам ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатии бардавому дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳо ва ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ орзу намоям».

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар табрикот қайд кардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати ҷашни Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Тоҷикистон тайи солҳои рушди соҳибистиқлолии худ таҳти роҳбарии Шумо роҳи таҳаввулоти муҳимро тай карда, дар кори бунёди давлатдорӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва обрӯву эътибораш дар арсаи байналмилалӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардид.

Дар Қазоқистон аз дастовардҳои Тоҷикистон ҳамеша изҳори хушнудӣ менамоянд ва ба таҳкими минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва эътимодбахш байни давлатҳои мо аҳамияти хоса медиҳанд.

Итминон дорам, ки муколамаи сиёсии кушодаву равшан ва зиче, ки миёни мо ба вуқӯъ пайвастааст, дар оянда низ чун заминаи боэътимоди рушди рӯзафзуни шарикии стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистон хизмат хоҳад кард.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари Тоҷикистон хушрӯзиву шукуфоӣ орзумандам».

Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Шавкат   Мирзиёев омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Аз номи мардуми Ӯзбекистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва мардуми бародари Тоҷикистонро бо ҷашни миллии кишвар — Рӯзи истиқлол сидқан табрику муборакбод менамоям!

Дар ин рӯзи хотирмон мехостам комёбиҳои арзишмандеро, ки таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи бунёди давлатдорӣ ва ҷамъиятӣ, амалӣ гардонидани ислоҳоти созандаи иқтисодии фарогири тамоми соҳаҳо, роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии прагматикӣ ва таҳкими обрӯву эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба даст оварда шудаанд, махсус таъкид намоям.

Татбиқи самарабахши барномаву ташаббусҳои муҳими иҷтимоӣ, ки мавриди дастгирии мардуми гуногунмиллати Тоҷикистон қарор дошта, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мегарданд ва баланд бардоштани сатҳу сифати ҳаётро дар ҷумҳурӣ таъмин менамоянд, шоёни баҳои баланд мебошад.

Ҳамаи ин дастовардҳо, бешубҳа, ба туфайли иродаи қавии сиёсӣ, маҳорату таҷрибаи бузурги давлатии Шумо имконпазир гардидаанд.

Боиси хушнудист, ки робитаҳои анъанавӣ, дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории байни Ӯзбекистону Тоҷикистони ба ҳам бародар, ки решаҳояшон аз қаъри таърих маншаъ мегиранд, имрӯз низ босуръат рушд карда, дар асоси усули шарикии стратегӣ бомаром таҳким меёбанд.

Бо талошҳои муштарак мо тавонистем, ки дар таърихи муносиботи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон фасли навро оғоз намоем ва онҳоро ба сатҳи сифатан нав бардошта, бо мазмуну мундариҷаи мушаххаси амалӣ ғанӣ гардонем.

Мехостам садоқати қавии моро ба таъмиқи минбаъдаи муколамаи созанда ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба аз рӯи тамоми рӯзномаи ҳамдастии ҷонибҳо ба нафъи кишварҳо ва мардумонамон, ҳамчунин, бар манфиатҳои сулҳу рушди устувори ҳамаи минтақаи Осиёи Марказӣ, таъкид намоям.

Аз самими қалб ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи азиз, саломатии бардавом, хушрӯзии оилавӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзумандам».

 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков  дар номаи шодбошӣ навиштааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Аз номи мардуми Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми тоҷикро бо Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.

Муваффақиятҳои назаррасе, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо то имрӯз дар рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ба даст омадаанд, воқеан ҳам таъсирбахш мебошанд.

Боварии амиқ дорам, ки муносибатҳои воқеан дӯстонаву ҳусни ҳамҷаворӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон бо дастгирии шахсии Шумо минбаъд ҳам дар ростои манфиатҳои мардумони ду кишвар тақвият хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, сиҳатии бардавому некрӯзӣ, дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон  комёбиҳо ва ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно менамоям».

Дар табрикоти Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон омадааст:

«Ҷаноби Президент!

Ба муносибати Рӯзи Истиқлолия­ти Тоҷикистон мехостам аз номи худ ва аз номи мардуми Франсия табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти саодатмандиву шукуфоиро ба мардуми тоҷик иброз намоям.

Умед дорам, ки бо мусоидати Шумо муносибатҳои наҷиби сиёсии байни кишварҳои мо  минбаъд низ таъмиқ хоҳанд ёфт.

Аз ин нигоҳ машваратҳои сеюми дуҷонибаи сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, ки 29 январи соли 2019 доир гардиданд,  муваффақомез буданд. Ташрифи котиби давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ Жан – Батист Лемуан ба Тоҷикистон дар таърихи 18 апрели соли равон барои мо имкон фароҳам овард, ки самтҳои ҳамкориҳоямонро тавсеаи бештар бахшем. Изҳори умед менамоям, ки мо  чунин ҷараёни  хубро дастгирӣ хоҳем кард.

Умед бар он мебандам, ки ҷараёни дар муносиботи мо оғозгардида мубодилаи  мушаххаси моро оид ба мавзӯоти мавриди манфиатҳои умумӣ   тақвияти бештар хоҳад бахшид.

Ҷаноби Президент, аз Шумо қабули изҳори эҳтироми фоиқаи ин ҷонибро хоҳишмандам».

Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд дар номааш менигорад:

«Бародари муҳтарам, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон!

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон!

Худованд ҳифзатон кунад!

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Боиси хушнудист, ки Шуморо ба муносибати фарорасии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз номи миллат ва ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва шахсан аз номи худам самимона табрику муборакбод менамоям.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатию саодатмандии бардавом, ба Ҳукумат ва мардуми ба мо бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафту шукуфоии бештар орзумандам».

Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия – Франк-Валтер Штайнмайер навиштааст:

«Ҷаноби Президент!

Ба муносибати Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо табрикоти худро ирсол менамоям.

Олмон аввалин  кишвари узви Иттиҳоди Аврупо буд, ки сафорати худро соли 1993 дар Душанбе ифтитоҳ намуд

Аз он вақт муносибатҳои байни Тоҷикистону Олмон мунтазам инкишоф ёфта истодаанд. Олмон минбаъд низ барои кишвари Шумо дар ҷодаи таҳкими демократия ва давлати ҳуқуқбунёд, инчунин, таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳамчун шарики боэътимод боқӣ хоҳад монд.

Шахсан ба Шумо ва мардуми тоҷик тамоми хушиҳо, сулҳ ва шукуфоиро таманно дорам».

Дар табрикномаи Императори Япония Наруҳито омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Ба муносибати Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудии зиёд табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ирсол дошта, ба мардуми кишвари Шумо хушбахтӣ ва шукуфоӣ орзумандам».

Илҳом Алиев – Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон зикр кардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Аз номи худ ва аз номи мардуми Озарбойҷон Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуматонро бо Иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи истиқлол аз самими қалб табрик менамоям.

Имрӯз Тоҷикистони дӯст соҳибистиқлолии худро таҳким бахшида, ба иқтисодаш рушд дода, некуаҳволии мардумашро боз ҳам беҳтар гардонида,  дилпурона ба сӯи пеш қадамҳои устувор гузошта истодааст. Кишвари Шумо, ҳамзамон, дар истиқрори сулҳу суботи ҷаҳону минтақа, амният ва муколамаи байналмилалӣ саҳми шоён гузошта истодааст.

Бовар дорам, он иқдомоте, ки аз ҷониби мо ҷиҳати тавсеаи миқёси ҳамкориҳоямон ва таҳкими равобити дуҷонибаи кишварҳоямон, ки бар асоси эҳтироми якдигар ва эътимод сурат мегиранд, ҳамеша бар нафъи мардумонамон хидмат хоҳанд кард.

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар чунини рӯзи хотирмон ба Шумо саломатии бардавому дар корҳоятон муваффақият ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон – доктор Ориф Алви омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли майл шуморо ба муносибати ҷашни Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик ва таҳният менамоям.

Байни Покистон ва Тоҷикистон равобити самимӣ ва дӯстона мавҷуданд, ки решаҳои амиқи динӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ доранд. Майли дуҷонибаи мо ҷиҳати таъмини сулҳ ва шукуфоӣ дар минтақа ҷоннок намудани талошҳоро барои ҳамкории минбаъда талаб мекунанд. Итминони комил дорам, ки дар якҷоягӣ мо метавонем муносибатҳои дуҷонибаи мавҷударо байни Покистон ва Тоҷикистон минбаъд мустаҳкам намуда, ба қуллаҳои баланд равона созем.

Ин фурсатро ғанимат дониста, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комил, пирӯзиҳо ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу пешрафтӣ ва шукуфоӣ орзумандам.

Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди изҳори ғояти эҳтиром ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ғанимат медорам».

Аълоҳазрат ал-Султон Абдуллоҳ Риоятуддин ал-Мустафо Биллоҳ Шоҳ ибни ал-Марҳум Султон Ҳоҷӣ Аҳмад Шоҳ ал-Мустаъин Биллоҳ — Шоҳи Малайзия табрикоташро бо мазмуни зайл ирсол намудааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Боиси хушнудист, ки табрикоти самимии худро ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни фараҳбахш 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бирасонам.

Мо мехоҳем итминони худро ба пешрафту рушди муваффақонаи минбаъдаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилона ва дурандешонаи Шумо изҳор намоем.

Мо аз даргоҳи Худованди бузург барои Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу некрӯзӣ ва барои тамоми мардуми Тоҷикистон шукуфоии бардавому сулҳу саодатмандӣ таманно дорем».

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар номаи шодбошӣ менависад:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Ба муносибати Иди миллӣ табрикоти самимии маро қабул намоед.

Дар муддати солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар ҷодаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, таҳкими ризоят ва субот дар ҷомеа ба дастовардҳои ҷиддӣ ноил гашт.

Дар Беларус аз муносиботи мавҷудаи ҳамёрии стратегии байни кишварҳоямон қадрдонӣ мекунанд. Бовар дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак мо анъанаҳои деринаи дӯстии миёни Беларусу Тоҷикистонро ҳифз намуда, боз ҳам афзун хоҳем гардонид.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавому хушбахтӣ, амалӣ гардидани ҳамаи ниятҳоятон ва ба мардуми Тоҷикистони бародар  сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар барқияи шодбошӣ қайд менамояд:

«Бародари азиз, Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон!

Раисҷумҳури Ҷумҳурии Тоҷикис­тон!

Иҷозат диҳед ба муносибати бисту ҳаштумин солрӯзи Истиқлоли Тоҷикистон самимонатарин табрикоти худ ва мардуми Афғонистонро ба Ҷалолатмаоби Шумо ва мардуми бародари он кишвар, иброз намоям.

Мардуми Тоҷикистон баъд аз касби истиқлол дастовардҳои бузург дар ростои ободӣ ва пешрафти кишварашон доштаанд. Мардуми Афғонистон ба унвони дӯстони наздики Тоҷикистон ба робитаҳои нек ва ҳасанаашон, ки ҳамвора ба он кишвар тавсеа ёфтааст, ба дидаи қадр менигаранд.

Ҷалолатмаоб Раисҷумҳур!

Ҳамон гуна, ки моҳи июни ҳамин сол дар Бишкек дар мулоқоти дӯстонаи хеш ёдовар гардидам, Афғонис­тон ва Тоҷикистон фурсатҳои бузург барои густариши ҳамкориҳо ва кори муштарак дар пружаҳои муҳими минтақавӣ доранд.

Афғонистон омода аст, ки ба манзури истифода аз ин фурсатҳо ва таҳкими бештари равобити дӯстона бо Тоҷикистон талошҳои ҳамаҷониба намояд.

Ман зимни хушӣ ва ризоят аз мулоқот бо Ҷалолатмаоби Шумо, сиҳативу муваффақияти Ҷаноби Олӣ ва саодату тараққии бештари мардуми бародари Тоҷикистонро хоҳонам».

Гурбонгули Бердимуҳаммедов — Президенти Туркманистон менависад:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин шахсан аз номи худам ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми мардуми Тоҷикис­тон табрикоти самимиву беҳтарин таманниётамро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли кишваратон ирсол медорам.

Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро муносибатҳои неки дӯстии бисёрсола дар асоси усули баробарӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод ба ҳам мепайванданд. Итминон дорам, ки сатҳи баланди дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни кишварҳои мо, ки то имрӯз ба даст омадааст, дар оянда низ чун заминаи боэътимод барои рушди муколамаи байнидавлатии Туркманистон ва Тоҷикис­тон дар рӯҳияи шарикии созанда ба нафъи мардумони ду кишвар хизмат хоҳад кард.

Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатии бардавому саодатмандӣ ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу некрӯзӣ ва шукуфоӣ таманно дорам».

Рам Натҳ Ковинд — Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Сарвари давлатро чунин шодбош гуфтааст:

«Ҷаноби муҳтарам!

Аз номи Ҳукумат, мардуми Ҳиндустон ва шахсан аз номи худ мехоҳам табрикоти самимиро ба Ҷаноби Олӣ ва ба тамоми мардуми Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти кишваратон иброз намоям.

Дӯстии Ҳиндустон ва Тоҷикистонро робитаҳои қавии таърихӣ ва фарҳангӣ мустаҳкам мекунанд. Равобити дуҷонибаи мо аз соли 2012 то ба сатҳи шарикии стратегӣ бардошта шудааст. Бовар дорам, ки равобити мо дар заминаи фаъолияти муштарак минбаъд низ тавсеа ва таҳким хоҳанд ёфт.

Ман ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, орзуҳои неки худ, тансиҳатии бардавом, саодат ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон пешрафту шукуфоиро таманно мекунам.

Ҷаноби муҳтарам, фурсатро ҷиҳати изҳори ғояти эҳтироми худ ба Шумо ғанимат медонам».

Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла дар номаи шодбошиаш менигорад:

«Ба муносибати солгарди Иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо аз номи мардуми Италия ва шахсан аз номи худам сидқан табрик менамоям.

Кишварҳои мо ба туфайли ҳамкориҳои самаранок, ки Италия ба онҳо аҳамияти калон медиҳад, бо ҳам муттаҳид шудаанд.

Бовар дорам, ки муносибатҳо байни Душанбеву Рим дар асоси дуҷониба ва дар доираи ҳамоишҳои дахлдори минтақавӣ минбаъд ҳам таҳким хоҳанд ёфт.

Дар интизори мулоқоти ояндаамон, ба Шумо, Ҷаноби Президент ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон, таманниёти беҳтарини  худро ирсол менамоям».

Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар матни табрикотӣ навиштааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент!

Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан аз номи худам ва мардуми Туркия Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро аз самими қалб табрик менамоям.

Туркия аз рӯзҳои аввалини истиқлолияти кишвари дӯсти Тоҷикистон ҳамеша дар паҳлуи он қарор гирифта буд ва минбаъд низ қарор хоҳад гирифт.

Бо истифода аз фурсат, ба Ҷаноби Олӣ тансиҳативу хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон беҳбудиву осудаҳолӣ таманно дорам».

Дар табрику таҳнияти Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ омадааст:

«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Фаро расидани бистуҳаштумин солгарди Истиқлоли кишваратонро ба Ҷаноби Олӣ ва миллати дӯсту бародари Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Хушбахтона, тайи бисту ҳафт соли гузашта муносиботи бародаронаи байни ду кишвар дар чорчӯби манфиатҳои муштарак ва пайвандҳои деринаи тамаддуниву фарҳангӣ, раванди рӯ ба рушдеро шоҳид буд ва дар натиҷаи саъю кӯшишҳои муштараки мақомоти олии ду кишвар чашмандози умедбахше кушода шудааст. Умедворам, муносиботи ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо ва дар ҷиҳати таъмини субот ва амнияти минтақа тавсеаву таҳким меёбанд.

Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти он Ҷаноб ва некуаҳволию беҳрӯзии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро орзу дорам».

Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян навиштааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон қабул фармоед.

Бешубҳа, ин санаи хотирмон дар таърихи муосири Тоҷикистон ба дигаргуниҳои куллии ҳаёти кишвар оғоз бахшида, афзалиятҳои ҳамкориҳои байналмилалии онро муайян намуд.

Бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстона ва дастгирии ҳамдигари халқҳои Арманистону Тоҷикистон дар оянда низ ба баланд бардоштани самаранокии равобити байнидавлатиамон чӣ дар сатҳи дуҷониба ва чӣ дар сиғаҳои бисёрҷониба мусоидат хоҳад кард.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии қавию некрӯзӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям».

Президенти Венгрия Янош Адер дар барқияаш навиштааст:

«Ба муносибати Иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Истиқлолият иҷозат фармоед ба Шумо ва мардуми дӯсти тоҷик табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро иброз намоям.

Боиси хушнудист, робитаҳое, ки Тоҷикистону Венгрияро бо ҳам мепайванданд, солҳои охир инкишоф ёфта истодаанд ва бовар дорам, ки ин раванд минбаъд низ ба таври мунтазам идома хоҳад ёфт.

Мехоҳам ба Шумо итминон диҳам, ки ҷониби Венгрия ба таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманди байни кишварҳоямон омода мебошад.

Ҷаноби Президент, ба Шумо дар кори масъулиятнокатон минбаъд низ комёбиҳои бузург ва саломатии қавӣ орзу менамоям».

Сарвари Ҷумҳурии Халқии  Демократии Алҷазоир Абдулқодир бин Солеҳ дар барқияаш менигорад:

«Ҷаноби Олӣ!

Боиси хушнудии ман аст, ки мардуми Тоҷикистони дӯст Иди истиқлолашонро ҷашн мегиранд. Бо истифода аз фурсат, Шуморо, Ҷаноби Олӣ, аз номи худ, Ҳукумат ва мардуми Алҷазоир табрику таҳният гуфта,  ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандӣ, бахту иқбол ва ба мардуми бародари Тоҷикистон пешрафту шукуфоии боз ҳам бештарро таманно менамоям.

Аз фурсати муносиб истифода бурда,  омодагии ҳамаҷонибаи  худро барои тақвият бахшидан ва рушд додани робитаҳои дӯстӣ, ҳамбастагию бародарӣ,  ки кишварҳои моро бо ҳам мепайванданд, таъкид менамоям.

Бо камоли эҳтиром ва қадршиносӣ бори дигар Шуморо, Ҷаноби Олӣ, табрику муборакбод менамоям».

Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чжэ Ин навиштааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлол самимонатарин табрикоти худро иброз менамоям.

Ба туфайли ҳамкориҳои зич дар соҳаҳои гуногун муносибатҳои дӯстонаи Кореяву Тоҷикистон тӯли солиён масири рушди босуботро касб кардаанд. Махсусан, таъкид карданиам, ки ташрифи Сарвазир Ли Нак-Ён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи июли соли ҷорӣ сурат гирифт, барои ба сатҳи боз ҳам баландар бардоштани муносибатҳои дуҷониба асос гузошт. Умедворам, ки кишварҳоямон минбаъд низ ҳамкории зичро таъмиқу таҳким ва ба он хусусияти барои ҷонибҳо судманд ва ба сӯи оянда нигаронидашуда хоҳанд бахшид. Ҳамчунин, бовар дорам, ки дӯстии ду кишвар дар оянда тақвияти бештар хоҳад ёфт.

Ҷаноби Олӣ, лутфан таманниёти беҳтарини ин ҷонибро ҷиҳати саломатии бардавом ва комёбиҳо қабул фармоед, ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, шукуфоии беш аз пешро орзумандам».

Дар барқияи Амири давлати Кувайт Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ омадааст:

«Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Дар аввал эҳтироми самимии худро иброз менамоям.

Боиси хушнудист, ки Шуморо, Ҷаноби Олӣ, бо ҷашни Истиқлолияти давлатии  ҷумҳурии ба мо дӯст Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям ва аз фурсати муносиб истифода бурда, пешрафту шукуфоӣ ва давоми муносибатҳои дустона байни ҳар ду давлат ва мардуми бо ҳам дӯстро таманно мекунам.

Бо камоли эҳтиром ба Шумо, Ҷаноби Олӣ тансиҳативу хушҳолӣ ва ба давлату мардуми дӯсти Тоҷикистон пешрафту шукуфоиро таманно дорам.

Хоҳишмандам, Ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми маро бипазиред».

Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Зееман дар номаи шодбошӣ менигорад:

«Ҷаноби Олӣ!

Иҷозат фармоед ба Шумо самимонатарин табрикоти хешро ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлол иброз намоям.

Бовар дорам, ки робитаҳои дӯс­тонаву зич ва самарабахши миёни Ҷумҳурии Чехия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуда минбаъд низ мутобиқ ба манфиатҳои дуҷонибаамон таҳким хоҳанд ёфт.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комилу комёбиҳои минбаъдаи бузург дар амалияи бунёди кишвари шукуфоятон орзумандам».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Украина Владимир Зеленский омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Аз номи мардуми Украина ва шахсан аз номи худам Шуморо ба муносибати Иди миллии Тоҷикистон — Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик мегӯям.

Итминон дорам, ки дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ асоси муътамади рушди минбаъдаи муносибатҳои байни кишварҳоямон ва таъмиқи ҳамкориҳои Украинаву Тоҷикистонро дар ҳамаи соҳаҳои барои ҷонибҳо судманд ташкил медиҳад.

Бо истифода аз ин фурсат, мехоҳам ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатии комил, дар фаъолияти баланди давлатиатон муваффақиятҳои навин ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон рифоҳу шукуфоӣ орзу намоям».

Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка Майтҳрипала Сирисена дар табрикот менависад:

«Ҷаноби Олӣ!

Боиси сарфарозии ман аст, ки аз номи Ҳукумат ва мардуми Шри Ланка ба унвонии Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти гарму самимии худро бо таманниёти беҳтарин ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол медорам.

Итминони комил дорам, ки муносибатҳои дӯстонаи миёни кишварҳоямон дар оянда низ сол ба сол қавӣ хоҳанд гашт. Сидқан умедворам, ки дӯстии дарозмуҳлати побарҷо ва ҳамдигарфаҳмию ҳамкориямон дар оянда низ баҳри манфиатҳои тарафайн тақвият дода хоҳанд шуд.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, таманниёти беҳтарин ва самимии маро баҳри саломатии бардавом, хушбахтӣ ва некуаҳволии шахсиятон ва рушди идомадор ва ташаккулёбиро баҳри мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта бошед».

Президенти Ҷумҳурии Словакия Зузана Чапутова дар барқияаш навиштааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент!

Аз номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Словакия ва шахсан аз номи худам Шуморо бо Иди миллии кишваратон табрик менамоям.

Бовар дорам, ки ҳамкориҳои байни кишварҳоямон минбаъд низ бар асоси барои ҷонибҳо судманд дар арсаҳои гуногун рушд хоҳанд ёфт.

Ба ин муносибат, ба кишвари Шумо ва ҳамаи шаҳрвандони он, шукуфоӣ, рушди муваффақонаи иҷтимоиву иқтисодӣ, инчунин, дар ҷодаи бунёди ҷомеаи босуботи демократӣ азми қотеъ орзумандам».

Халтмаагийн Батулга — Президенти Муғулистон нигоштааст:

«Ба ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон!

Аз номи мардуми Муғулистон ва шахсан аз номи худам мардуми дӯсти Тоҷикистонро ба муносибати Иди миллии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Аз ҳамкорӣ бо Шумо, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Президент, ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстонаи Муғулис­тону Тоҷикистон ба нафъи мардумону инкишофи минтақаамон шодам.

Бовар дорам, ки муносибатҳои мо минбаъд ҳам соҳаҳои нав ба нави ҳамкориҳоро фаро гирифта, рушду тавсеа хоҳанд ёфт.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Президент, беҳтарин таманниёти худро иброз намуда, ба мардуми дӯсти Тоҷикис­тон шукуфоӣ орзумандам».

Президенти Руминия Клаус Вернер Йоханнис дар барқияаш навиштааст:

«Бо таманнои сулҳу шукуфоӣ мехоҳам ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти худро баён намоям.

Итминон дорам, ки муносибатҳои байни кишварҳоямон минбаъд низ ба манфиати халқҳоямон рушд намуда, ба раванди муколама ва ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон мувофиқат хоҳанд кард.

Хоҳишмандам, муҳтарам Ҷаноби Президент, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».

Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли мамнуният самимонатарин табрикотамро ба муносибати Рӯзи Истиқлол ба мардуми Тоҷикис­тон мефиристам.

Дар ин вазъи мураккаби замони муосир ҳамкории байналмилалӣ нисбат ба ҳар вақти дигар зарур мебошад. Вақте ки мо — мардумон бо нияти нек барои сулҳ, рушди устувор ва ҳуқуқи инсон ба ҳам меоем, аз ин тамоми ҷаҳон бурд менамояд.

Дар ҳоле ки Шумо Рӯзи миллии кишваратонро таҷлил менамоед, ман ба фаъолияти муассири мамлакати Шумо дар таҳкими Созмони Милали Муттаҳид ва пешбурди талошҳои мо ба сӯи ояндаи беҳтар эътимод дорам.

Хоҳишмандам, Ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми маро бипазиред».

Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент!

Табрикоти самимии маро ба муносибати Ҷашни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Рӯзи Истиқлолият қабул фармоед.

Халқи Тоҷикистон бо интихоби таърихии худ роҳи бунёди давлати нав ва мустақилро пеш гирифт. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар муддати кӯтоҳ ба ҳадафҳои асосии стратегӣ – истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ ноил гардида, таҳкими давлатдориро устуворона идома дода, дар самти иҷтимоиву иқтисодӣ рушд кунад.

Кишвари Шумо, ки давраи аввали ташаккули давлатдориро тай намуда, дар роҳи рушди рӯзафзун пеш меравад, дар самтҳои суботи сиёсӣ, рушди иқтисодиёт ва энергетика, беҳтар кардани зиндагии мардум ва боло бардоштани нуфузи байналмилалии давлат муваффақиятҳои калон ба даст оварда, дар кори давлатсозӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Шумо, ҳамчун яке аз асосгузорон дар саргаҳи пайдоиши Созмони ҳамкории Шанхай қарор доред ва пайваста ба рушди он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунед.

Нақши Шумо дар пешбурди нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамгироии кишварҳои аъзои СҲШ далели раднопазир аст. Пешниҳодҳои амиқи андешакоронаи Шумо мундариҷаи фаъолияти бисёрҷонибаи созмонро ғанӣ месозанд ва дар кори таҳкими СҲШ ҳамчун як иттиҳодияи бонуфузи байналмилалӣ саҳми бузург мегузоранд.

Бо истифода аз фурсат, иҷозат фармоед, ба Шумо, ҷаноби Президент, саломатии бардавом, дар фаъолиятатон муваффақиятҳои калон, ба мардуми бародар ва меҳмондӯсти Тоҷикистон бурдборӣ ва шукуфоӣ таманно намоям».

Номаҳои табрикотӣ, ҳамчунин, аз Шоҳи Шветсия – Карл Густаф, Президенти Федеролии Ҷумҳурии Австрия – Александр Ван дер Беллен, Президенти Ҷумҳурии Португалия – Марсело Ребело ди Суза, Президенти Ҷумҳурии Сингапур – хонум Ҳалима Якоб, Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба — Мигел Диас-Канел Бермудес, Валиаҳд — муовини Раиси Шӯрои Вазирон–вазири мудофиаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ – шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Президенти Давлати Фаластин – Маҳмуд Аббос ва Шоҳи Нидерланд – Уилям Александр, Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон –  Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV ва директори Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид – Тсю Донжуй, Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб — Халифа бин Зойид Оли Наҳён, Раиси Шӯрои Вазирони Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҳокими шаҳри Дубай — Шайх Муҳаммад бин Рошид ол-Мактум, Валиаҳди Абу Забӣ Волоҳазрат — Шайх Муҳаммад бин Зойид Олӣ Наҳён ва дигарон расиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти кишвар ба муносибати ин ҷашни фараҳбахш – 28-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

www.president.tj